МО БА ИМОМИ АЪЗАМ ИФТИХОР МЕКУНЕМ - 30 Октября 2008 - ..*..МУСЛИМИН..*..
 
МУСЛИМИН
Феҳристи интихоб
Мини-чат
 
200
Бозпурси
Оцените мой сайт
Всего ответов: 108
Наш Баннер-Баннери мо

muslimin


ОМОР

Ҳамаги Онлайн: 2
МеҲмонҲо: 1
Иштирокчиён: 1
Izzatullo
Форма входа
E-mail:
Пароль:
Главная » 2008 » Октябрь » 30 » МО БА ИМОМИ АЪЗАМ ИФТИХОР МЕКУНЕМ
16:47
МО БА ИМОМИ АЪЗАМ ИФТИХОР МЕКУНЕМ

Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳи вассалам ) дар як ҳадиси муборакашон фармудаанд: «Агар илм дар Сурайё мебуд, ҳароина фарзандони Форс ба он мерасиданд: Ин ҳадис башорате буд саллаллоҳи вассалам дар бораи ба дунё омадани фарзандони барӯманди форсу тоҷик, амсоли Имоми Аъзам (р), Имом Ғазолӣ, Имом Бухорӣ, Шайх Абуллайси Самарқандӣ, Имом Мотуридӣ, Табарӣ, Ибни Сино ва даҳҳо ҳазор муфассиру уламои мӯътабар, ки дини ислом аз онҳо зебу фар ёфт.
Зимни таҷлили ҳабдаҳумин солгарди истиқлолияти кишварамон Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 2009-ро Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон намуд. Президенти кишвар хидматҳои ин муҷтаҳиди бузургро хотиррасон карда, аз ҷумла чунин гуфт: Мо ифтихори хоса дорем, ки бунёдгузори бузургтарин ва бонуфузтарин мазҳаб дар дини мубини ислом фарзанди арҷманди халқи тоҷик Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит маъруф ба Имоми Аъзам мебошад». Нӯъмон ибни Собит соли 80 ҳиҷрии (699 мелодӣ) таваллуд шудааст дар Кӯфаи Ироқ таваллуд шудаст.
Маънои Абӯҳанифа «падари гурӯҳи мусулмонони ба дини Ҳақ пойдору устувор мебошад». Бобои Имоми Аъзам (р) аз тоҷикони Кобул буда, ба Кӯфа ҳиҷрат кардаанд. Падари ишон тоҷир (дӯкондор) буд.Абӯҳанифа ҳанӯз дар хурдсолӣ Қуръонро ҳифз кард. Дар (6-солагиаш падараш ӯро ҳамроҳи худ ба зиёрати хонаи Каъба бурд. Зимни ин сафари муборак Имоми Аъзам бо яке аз саҳобагони Паёмбар саллаллоу алайҳи вассала Абдуллоҳ ибни Ҳодис вохӯрд. Имоми Аъзам аз саҳобагони Расули Худо (с) чаҳор нафарро дидааст, ки машҳуртарини онҳо ходими Расулуллоҳ (р) Анас ибни Молик (р) мебошанд.
Имом Абӯҳанифа дар 22 –солагиаш шогиди яке аз уламои машҳури ҳамон давр – Ҳаммод ибни Сулаймон Алашъорӣ гардид. Ӯ дар ҳалқаи ин олими варзида 18 сол илм омӯхт.
Мегӯянд, вақте Имом Абӯҳанифа дар хонааш менишаст, ҳеҷ гоҳ пояшро ҷониби хонаи устодаш дароз намекард. Ҳамеша дар ҳаққи устод ва хонаводаи ӯ дуои хайр менамуд.
Баъди вафоти Ҳаммод ибни Сулаймон шогирдони ӯ якдилона Абӯҳанифаро устоди худ интихоб намуданд. Дар китоби «Алҷавоҳир»-ул мудия» омадааст, ки Асад ибнал Фурат гуфтааст: «Шогирдони Абуҳанифа, ки гуфтаҳояшро менавистанд 40 нафар буданд. Ба даҳ нафар машҳуртарини онҳо Абу Юсуфи Қозӣ, Зуфар, Довуд ат Той, Асад ибни Амри Балхӣ , Юсуф ибни Холид ас Самтӣ, Яҳё ибни Закариё, Шайх Аҳмад аз Маннӣ Ал Хоразмӣ, Абдуллоҳ ибни Муборак, Ҳасан ибни Зиёд ва Абдулкарими Ҷурҷонӣ дохил мешаванд. Абуюсуф чунин нақл мекунанд:
-Ман назди Абӯҳанифа илми ҳадия меомӯхтам, вале пул надоштам. Бо маслиҳати падарам чанд муддат аз таҳсил монда, барои пеш бурдани рӯзғор кӯшиш кардам. Боре Имом Абӯҳанифа маро дида пурсид: «Чӣ туро аз омадан ба назди мо боздошт?» Ман гуфтам «Касби маош (Ташвиши зиндагӣ)». Имом ҳамёне иборат аз 100 дирҳамро ба ман дода гуфт: «Ин пулро сарфи зиндагӣ намо. Вақте пулат тамом шуд ба ман – хабар деҳ. Лекин дарсгириро тарк накун! Баъди чанд муддат боз ба ман 100 дирҳам бидод. Ҳар дафъа вақте ки пулам тамом мешуд, ӯ 100 дирҳам медод. Гӯё касе хабар мерасонда бошад, ки пулҳои ман тамом шудаанд. Ин амали ӯ то ба даст овардани илми зарурӣ идома ёфт.
Худо Абӯҳанифаро биёмурзад!»
Мазҳабе, ки Имом Абӯҳанифа дар Кӯфа таъсис дод, тавассути Ироқ, Эрон, Афғонистон ба Осиёи Марказӣ, Ҳиндустону Покистони имрӯза, Туркия ва Мисру Андалусия (Испанияи мусулмонӣ) паҳн шуд. Имрӯз пайравони ин мазҳаб ҳамчунин дар Чин, Сурия, Албания, Босния, Урдун, Лубнон, Русия, Бангладеш ва Япония хеле зиёданд.
Абу Ҳайён Аз Зиёдӣ мегӯяд: «Нақл мекунанд, ки вақте Абӯҳанифа наздик омадани маргашро ҳис кард, саҷдае намуд ва дар ин ҳол ҷон ба ҳақ супурд». Мегӯянд, ки дар ҷанозаи Имоми Аъзам (р) панҷоҳ ҳазор нафар ширкат намуданд.
Рӯҳашон дар садри ҷаннат шод бод,
Қасри дин аз илмашон обод бод!

ИМОМИ АЪЗАМ МУРАББИИ ИНСОНПАРВАР

Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит соли 80 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба соли 699 милодӣ, дар замони Абумалик ибни Марвонии Уммавӣ дар шаҳри Куфта таваллуд шудааст. Ба қавли Иноятуллоҳи Иблоғ Имоми Аъзам аслан форсизабон, аз қавми тоҷикон будааст ва гузаштагони ӯ аз Афғонистон, вилояти Парвон мебошанд, ки он дар қисмати шимоли Кобул қарор дорад. Абӯҳанифа дар беҳтарин аср, яъне асри зиндагии Расули акрам (с) умр ба сар бурда, дар назди олимони бузурги замон нашъунамо ёфта, бо баъзе аз саҳобагон, аз қабили Анас ибни Молик, Абдуллоҳ ибни Авс ва Сал ибни Саъд вохӯрдааст. қисмати зиёди олимон бар он шаҳодат медиҳанд, ки Имоми Аъзам аз ҷумлаи тобеъин мебошад.

Бинобар таҳқиқоти муфтии Ҷумҳурии Мисри Араб доктор Алӣ Ҷумъа 15 саҳобаи пайғамбарро дидааст.

Имом дар соли 150 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 762 милодӣ бар асари шиканҷае, ки аз тарафи Мансури Аббосӣ ба вай расид, вафот кардааст.

Яке аз машҳуртарин устодони Имоми Аъзам ҳазрати ҳамод ибни Сулаймон (р) аст, ки ӯ дар назди эшон муддати 18 сол ба таҳсили фиқҳу ҳадис машғул гардидааст. ҳамчунин дар назди Иброҳими Нахаъӣ ва Имом Шаъбӣ илми фиқҳ омӯхтааст. Имом Осим ба Абӯҳанифа илми қироати қуръонро омӯзонидааст.

Маҳз гузаштан аз мактабҳои илмию маърифатии абармардони олами ислом ба Абӯҳанифа имконият дод, ки чун шахсияти илмӣ ташаккул ёбад ва хулқу хислати накӯву таълифоти муҳими зиндагиомӯз ва раҳнамои инсоният дар ислом боиси сарфарозиҳо гардад ва ба ҳайси имому раҳнамо пазируфта шавад.

Тӯли зиёде аз ҳазор сол таълифоти Имоми Аъзам, яъне рисолаҳои каломии ӯ "Фиқҳи акбар", "Алолим ва мутааллим", "Алвасият" дар ҳаллу баррасии масоили динию иҷтимоӣ хизмати арзандае кардаанд.

Имоми Аъзам аввалин шахсияти барҷастаи дини ислом аст, ки шариатро бо талқин ҳифз намудааст ва бо кӯшишу ғайрати ӯ суннати Пайғамбар, Расули акрам (салот ва дуруди Худо бар вайбод!) ва тамоми ҳуҷҷати олами ислом интишор ёфтааст. Аз ин ҷост, ӯ ба ҳайси яке аз аркони уламо ва имомони чаҳоргона соҳиби мазоҳиби барҳақ пазируфта шудааст, ки донишмандони баъдина бар илм, зӯҳд ва тақвои ӯ иттифоқ доранд. Худованд ӯро муваффақ гардонидааст, то нисфи мусулмонон ба тақрири ӯ амал намоянд ва гӯш ба суханаш бидиҳанд.

Имом Молик, ки дувумин имоми чаҳоргона аст, мефармояд: "Ба номи Худо қасам, ин мард, Абӯҳанифа, агар бихоҳад, ки туро қонеъ кунад, ки ин сутуни чӯбин аз тиллост, бо далелҳо туро қонеъ хоҳад кард ".

Имом Шофеӣ аз сеюмин имоми чаҳоргона таъкид кардааст, ки касеро фақеҳтар аз Абӯҳанифа надидаам. Як гуруҳ олимони ислом фармудаанд: "Барои ҳар як мусулмони аҳли қибла воҷиб аст, ки дар ҳаққи Имоми Аъзам дуо кунад, зеро ӯ фиқҳи исломиро бар мо оварда расонид".

Фузайл ибни Иёз чунин гуфтааст: "Имом Абӯҳанифа марди дар фиқҳ маъруф буд. Моли зиёде дошт ва бар нафаре, ки ба назди ӯ меомад, хайр мекард. Барои таълим додани илм дар шабу рӯз сабур буд. Сухан кам меронду хомӯшии зиёдро риоя мекард, то ин ки масъаларо дар ҳалол ва ҳаром ҷавоб диҳад".

Имом Зуфар аз Абӯҳанифа ҳикоят карда, мефармояд: "Бо Абӯҳанифа зиёда аз 20 сол ҳамнишин будам. Нафареро бошафқаттар аз ӯ надидаам. Ҷони худро барои ризои Худованд харҷ мекард. ҳамаи рӯзҳои худро барои таълими илм, масъала ва таълими масъала ва ҷавоби саволҳои пурсидашуда сарф менамуд. ҳар гаҳе аз маҷлиси илм бармехост, ба зиёрати беморон ё ба ҷанозахонӣ, ё барои тасалло додани дили камбағалон, ё ба зиёрати бародарон, ё кӯмаки онҳо мерафт. Шабро барои ибодат ё қуръонхонӣ хилват мекард ва ин роҳи пешгирифтаи Имоми Аъзам то рӯзи вафоташ буд".

Дар назди Имоми Аъзам илм ва тарбияи шогирдон мартабаи хеле баланд дошт. ?амин аст, ки ӯ мефармояд: "Агар даҳ сол бидуни касбу қувват мондӣ, аз илм рӯ магардон". "Ба шогирдонат чунон мушфиқона рафтор кун, ки гӯё ҳар як аз эшонро фарзанди худат медонӣ, зеро ин амр рағбату робитаи онҳоро ба илм бештар хоҳад кард".

Имоми Аъзам ба ҳайси як мураббии инсонпарвар пайравони худро аз ҳамагуна аҳлоқи ношоиста парҳез мефармуд ва ба манфиати дину инсоният хидмат карданро ба онҳо талқин менамуд. Масалан, мефармояд: "Аз бухл бипаҳрез, ки инсонро расво мекунад" ва "Аз хандаи зиёд бипаҳрез, ки дилро мемиронад".

ҳамин тариқ, Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар тӯли зиндагии худ дар тарғибу ташвиқи дини мубини ислом, аҳкоми қуръонӣ ва таҳкими суннати Расули акрам корҳои зиёдеро ба сомон расонид ва дар ин замина барои бунёди аввалин мазҳаб, ки то имрӯз зиёда аз ними олами ислом пайрави он аст, саҳми арзишманде гузоштааст. Зиёда аз ҳазор афкори ӯ ба ҳайси ғояҳои пешқадам дар ҳалли масоили фиқҳӣ хидмат карда, аҳли башарро ба роҳи рост, ба одобу ахлоқи ҳамидаи исломӣ, ба омӯзиши илму маърифати исломӣ ба хотири беҳтаргардии имону эътиқоди исломӣ ва зиндагии поку беолоиш ҳидоят кардаанд.

Дар ин замина бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар эълон гардидани соли 2009, ҳамчун Соли бузургдошти Имоми Аъзам иқдоми некест дар роҳи худшиносии миллии мардуми тоҷик. Зеро маҳз тавассути чунин ибтикорот мардуми мо ба асолати хеш рӯ меоранд, худро беҳтару хубтар мешиносанд ва ба фарҳанги маънавиёти худ бештар ошно гардида, аз ҳар гуна равияҳои номатлуби мазҳабию динии ҷаҳони муосир, ки аксаран дорои ғаразҳо ва манфиати сиёсианд, худро дар канор мегузоранд ва барои пешрафту инкишофи Ватану сарзамини аҷдодии худ ва нигаҳбонии он аз ҳар гунна падидаҳои номатлуби ҷаҳонишавӣ камар мебанданд.

Просмотров: 370 | Добавил: Soleha | Рейтинг: 5.0/5
Всего комментариев: 7
0  
7 amrokhon   (10.06.2009 08:11)
Ман Амрохон аз шахри Душанбе . Аз шиносои бо ин сайти исломи зеле шодам зеро имруз мардуми руи замин ташнаи илми хаканд.Шуморо Худо хифз кунад як бародари муъмини шумо.

0  
6 amrokhon   (10.06.2009 08:08)
Ман Точов Амрохон аз шиносои бо ин сайти исломи хеле хушнудам зеро имруз замонест ки кулли мардуми руи замин ташнаи илми хак хастанд шуморо Худованд хифз кунад.Як бародари шумо аз шахри Душанбе.

0  
5 Гуманоидный_Тайфун   (04.05.2009 12:00)
Сайт разноцветный,но инфо очень мало.Желаю вам дальнейшего успеха!
С уважением Максудов Навруз (ICQ:499032621)

0  
4 Катя   (22.03.2009 01:37)
Писать можно бесконечно, поэтому просто поблагодарю. Спасибо!

0  
3 Горбачёв   (21.03.2009 01:24)
Дизайн просто супер

0  
2 Барков   (16.03.2009 20:08)
Огромное спасибо, очень благодарен!

0  
1 Tankov   (09.03.2009 06:44)
Класно! ждемс продолжения!

Имя *:
Email:
Код *:
Ҷустуҷу
Тақвим
«  Октябрь 2008  »
ДшСшЧрПнҷмШнЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Бойгони
Дустони сомона
  • «ФИРДАВСИ»

  • <ЗАНГИ ТАФРЕХ

    muslimin

    Нисаун



    Bismilloh

    hisor.do.am

    banner

    banner

    banner

  • Copyright MyCorp © 2009
    Сайт управляется системой uCoz