Худованди Мутаъол аз замони офариниши инсон дар ин ҷаҳони зудгузар бандагонашро зери озмоиши хеш қарор додааст. Ӯ Таъоло инчунин роҳи ғолиб баромадан дар имтиҳон ва сазои касонеро, ки аз имтиҳон намегузаранд, нишон додааст. Яке аз бузургтарин озмоиши Худованд дар ҳаққи бандагонаш закот аст. Закот дар луғат ба маънии нумӯ, покӣ, хулоса ва гулчини чизе омадааст. Ҳар қисмате аз молро, ки ба дастури шаръ дар роҳи Худо дода шавад, закот мегӯянд. Имом Роғиби Исфаҳонӣ фармудааст: «Ҳар чизи нумӯкунандаро закот гуфта намешавад, балки он зиёдатиеро гуфта мешавад, ки аз ҷониби Парвардигор ба шакли баракат дода шуда бошад. Низ ҳар покиро закот гуфта намешавад, балки он беолоишии дохилӣ ва маънавиро мегӯянд, ки аз ҷониби Офаридгор насиби касе шуда бошад. Чунончи, агар инсон бадану ҷомаи худро пок кунад, онро закот намегӯянд. Дар истилоҳи Қуръон ва суннат закот андозаи муайяни мол аст, ки бояд дар роҳи Худо ба фақирону мӯҳтоҷон ба таври фаризаи молия дода шавад. Закот аз ҷумлаи панҷ рукни бунёдии ислом (бинои мусулмонӣ) аст. Дар Қуръони Маҷид «закот» дар аксар маврид бо намоз якҷо омадааст: «Барпо доред намозро ва бидиҳед закотро!» Намоз ибодати баданӣ ва закот ибодати молӣ аст. Адо кардани он ба ҳар мусулмони доро ҳатмист. Мутаассифона, имрӯз бархе аз афроди доро бо сабаби ғафлат ва бехабарию ноогоҳӣ закот намедиҳанд. Амволе, ки дар онҳо закот воҷиб аст, се навъ мешаванд: 1. «Нуқуд». (Яъне тилло, нуқра ва пул. Нисоби нуқра 200 дирҳам, яъне 612 грам аст. Нисоби тилло бошад 20 мисқол (87 грам) мешавад. Аз инҳо бо нархи рӯз ҳисоб карда 2,5 фоизашро закот бояд дод. Мувофиқи қарори Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисоби закот ба миқдори 10 000 сомонӣ муайян гардидааст. Аз 10 000 сомонӣ 250 сомонӣ закот додан лозим меояд. 2. «Амволи тиҷорат». Касе бо мақсади тиҷорат мол (тахта, семент, маводи сохтмон, либос, пойафзол, хӯрокворӣ) дошта бошад, соле як бор аз он закот медиҳад. Моли тиҷоратӣ ҳангоми адои закот бо нархи рӯз ҳисоб карда мешавад. 3, «Савоим». Яъне, аз бузу гӯсфанд, гов ва шутур, ки аксари моҳҳои сол дар саҳро мечаранд. Ҳар як чорво нисоби худро дорад. Нисоби гӯсфанд 40 сар аст. Агар касе аз 40 то 120 сар гӯсфанд дошта бошаду аз миён як сол гузарад, бояд як гӯсфанд закот бидиҳад. Ҳангоми аз 121 то 200 сар расидан ду гӯсфанд закот додан лозим. Ҳини аз 200 то ба 400 сар расидани гӯсфанд 3 гӯсфанд додан лозим меяд. Дар 400 сар гӯсфанд чор гӯсфандро закот бояд дод. Минбаъд аз ҳар сад сар гӯсфанд як гӯсфандӣ додан лозим меояд. Дар камтар аз 30 гов закоте нест. Агар миқдори гов ба сӣ расаду як сол гузарад, як гови яксоларо пурра кардаву ба ду қадамниҳодаро закот бояд дод. Чун шумораи гов ба 40 сар расад, як гови дусоларо пурра кардаву ба се қадамниҳодаро закот медиҳанд. Касе 5 шутур дошта бошад як гӯсфанд, 10 шутур дошта бошад ду гӯсфанд, се шутур дошта бошад се гӯсфанд закот медиҳад. Маҳсулоти кишоварзӣ ва меваҷот нисобе надоранд. Пас ҳар он чи аз замин рӯёнда мешавад, дар он закот аст, чи кам бошад чи зиёд. Ғайр аз ҳезум, кай (қамиш) ва алаф. Дар маҳсулоти заминҳои обию лалмӣ, ки ба оби барфу борон обёрӣ мешаванд, бе ягон шарт нисоби ушр (даҳяк) воҷиб мегардад. Аз замини кишт, ҷангал ва кӯҳҳо замоне, ки асал ба даст меояд, аз даҳ ҳисса як ҳиссаро закот бояд дод. Тавре хонандагон огоҳанд, ҳар ибодати моҳи Рамазон нисбати дигар моҳҳо фазилати бештар дорад. Аз ин рӯ дар Рамазони муборак пардохтани закот беҳтар аст. Закотро ба афроди фақир, мискин, қарздор, толибилм бояд дод. Дар китоби «Ибодат дар ислом» (саҳ 268) омадааст: - Инсоният ин нест, ки баъзе аз мардум чунон сер бошанд, ки дилашон (аз серӣ) дард бигирад ва дар канори онҳо касе он қадар маҳрум бошад, ки аз дарди гуруснагӣ бинолад. Барои мӯъмин раво нест, ки дар чорчӯби манфиатҳои шахсии худ бехабар аз вазифаҳояш дар баробари бечорагону заифон зиндагӣ намояд. (Нисбати дигарон бепарво зистан) нуқс (камбудӣ)-и имон аст ва боиси хашми Худо дар дунёву охират мегардад». Муборакбодии рамазонӣ Рӯзи якуми сентябр моҳи шарифи рамазон оғоз мегардад ва дар давоми 30 рӯз мусулмонони кишвар бо анҷом додани як рукни асосии дини мубини Ислом паёпай рӯзадор хоҳанд буд. Аҳли эҷоди якояки мусулмонони кишварро бо фарорасии моҳи хушнудии парвардгор муборакбод мегӯянд ва таманнои онро доранд, ки моҳи рӯзадорӣ чун ҳамеша файзбору пурбаракат бошад ва ояндаи ҳаёти мардум бо файзу баракати он идома ёбад. Рамазон ва солшумории ҳиҷрӣ Рамазон аз ҷумлаи моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарист. Дар тақвими ҳиҷрии қамарӣ, ки дар байни мардуми мусулмони тоҷик бо номи тақвими мусулмонӣ маълуму машҳур аст, рамазон пас аз моҳи шаъбон ва пеш аз моҳи шаввол меояд. Солшумории ҳиҷрии қамарӣ аз замони ҳиҷрати паёмбари Ислом Муҳаммад (с) аз Макка ба Ясриб (Мадинаи имрӯзӣ) дар соли 622-и мелодӣ оғоз шуда, имсол санаи 1429-и ҳиҷрии қамарӣ мебошад. Калимаи "ҳиҷрӣ" мансуб ба ҳиҷрати паёмбари Ислом ва "қамарӣ" мансуб ба қамар, яъне моҳтоб аст. Дар маҷмӯъ, ин солшуморӣ аз соли ҳиҷрат шурӯъ гашта, моҳҳои он мутобиқи гашти моҳтоб ҳисоб карда мешаванд. Дар ин солшуморӣ 6 моҳ 30-рӯзӣ ва 6 моҳи дигар 29-рӯзӣ мебошанд ва ҳамагӣ 354 рӯзро ташкил медиҳанд. Ба моҳи охирони солҳои 2, 5, 7, 10, 13, 15, 18, 21, 24, 26 ва 29-и давраи 30 сол як рӯз афзуда мешавад ва ҳамин тавр 32 соли гоҳшумории мелодӣ (ки аз рӯйи гашти офтоб ҳисоб карда мешавад) баробар ба 33 соли тақвими ҳиҷрии қамарӣ мешавад. Суоле ки бештар дар ин бора матраҳ мешавад он аст, ки чаро рамазон ҳар сол қафо меояд. Хонандаи закӣ алакай дарк намуд, ки соли қамарӣ 354 шабу рӯз дорад ва солшумории офтобии маъмул дар кишвари мо иборат аз 364 ё 365 шабу рӯз аст. Ба ҳамин хотир аст, ки рамазон ҳар сол 10 ё 11 рӯз қафо меояд. Шояд дар ин солшуморӣ ҳикмате дигар ҳам бошад, ки рамазон ҳар сол дар рӯзҳои дароз ё кӯтоҳи сол не, балки ҳарсола тағйир меёбад. Феълан мӯйсафедону кампирҳои муборакқадамеро ёфтан имкон дорад, ки фарзи рӯзадориро дар ҳама фаслҳои сол адо кардаанд. Хушо ба ҳоли онон, ки хушбахтанду растагор! Бигзарем сари маънои рамазону рӯзадорӣ. Рамазон калимаи арабӣ буда, бо шаклҳои рамазонот, рамозин, армизо ва армиза ҷамъбандӣ мешавад. Рамазон аз масдари арабии "рамаз" сохта шудааст, ки ба маънои шиддати гармо ва тобиши офтоб бар регистон омадааст. Он моҳи нуҳум дар соли қамарист ва теъдоди рӯзҳояш 30-тост. Рамазон моҳи рӯзадории мусулмонҳост ва 30 шабу рӯзи он бо зикри Худову тиловату қироати Қуръони карим гиромӣ дошта мешавад. Гуфтем, ки маънои рамазон шиддати гармо ва тобиши офтоб бар рег аст. Интихоби чунин вожа аз диққати назар ва салосати забонии хоссе бархӯрдор аст. Зеро сухан аз гудохта шудан аст ва шояд ба таъбире дигаргун шудан дар зери офтоби гарму сӯзони нафс ва зарбаҳои беамони он аст. Рамазон моҳи таҳаммули сахтиҳову ташнагии нафс мебошад. Ташнагие аз офтоби сӯзон ё гармои шадиди рӯзҳои дарози тобистон ва ташнагие аз нафси саркаш, ки паёпай мегудозад ва сӯзиши он ҷуброннопазир аст. Дар қиёси ин ду сӯзиш дақиқан робитаи акс барқарор мебошад. Ба ин маъно ки нафси саркаш бо чашидани об ташнатар мегардад ва ҳаргиз ба нӯшидани як ҷуръа кифоят намекунаду пайваста одамиро дар талоши хастагинопазир чиҳати розӣ кардани тамоюлоти худ вомедорад. Дар бастагӣ ба ҳамин Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо лутфи калом чунин ташбеҳе волоро зикр карда мегӯяд: Оби кам ҷӯ, ташнагӣ овар ба даст, То биҷӯшад обат аз болову паст. То "сақоҳум раббуҳум" ояд ҷавоб, Ташна бош, "Аллоҳу аълам биссавоб". З-ин талаб банда ба кӯйи ҳақ расид, Дард Марямро ба хурмобун кашид. Аз дигар ҷониб ташнагие, ки аз таъсири офтоб мешавад, серипазиру қонеъшаванда аст. [size=12][color=blue]Рӯза ва рӯзадорӣ Рӯза доштан маъмулан ба маънои худдорӣ кардан аз хӯрдану нӯшидану ҳамбистарист. Рӯзаро дар забони арабӣ савм мегӯянд ва ин вожа барои бештари мусулмонҳои таҳсилдида ошност. Калимаи арабии "савм" мутлақо ба маънои худдорӣ кардан аст. Рӯзадорӣ дар Ислом Дар шариати исломӣ рӯзадорӣ худдорӣ аз хӯрдану нӯшидану ҳамбистарӣ аз дамидани субҳ то ғуруби офтоб бо ният аст. Ё он худдории махсус аз шахси хос дар вақти муайян мебошад. Мутобиқи иттилои кутуби муътабари исломӣ, Офаридгор рӯзаи рамазонро дар моҳи шаъбони соли дуввуми ҳиҷрӣ бар мардону занони мусулмон фарз гардонид. [/color][/size] Рӯзаи моҳи рамазон ва амр бар адои он дар Қуръон[/size <span style="color:green">Дар ояти 183-уми сураи "Бақара" омадааст: "Ай касоне, ки имон оварданд, лозим карда шуд бар шумо рӯза доштан, чунончи лозим карда шуд бар касоне, ки пеш аз шумо буданд. То бошад ки парҳезгорӣ кунед." Яъне, ай касоне, ки вуҷуди Худо ва паёмбари ӯ будани Муҳаммадро аз сидқи дил бовар дореду тибқи фармудаи ӯ кор мекунед, монанди қавмҳои пештара рӯзадорӣ бар шумо фарз шуд. Шояд шумо аз парвардгоратон битарсед ва бо тоату парастиши ӯ аз маъсияту нофармонӣ дурӣ кунед. Аз ояти мазкур бардошт мешавад, ки рӯзадорӣ таърихе дароз дорад ва танҳо хосси гурӯҳе аз мардум нест, балки дар тӯли таърихи башарият бо фитрати башар омезиш ёфтааст. Ояти 187-уми сураи "Бақара" аҳкоми рӯзадориро баён мекунад. Дар он омадааст: "Ҳалол карда шуд барои шумо дар шаби рӯза мухолитат кардан бо занони худ. Онҳо ба манзалаи пӯшишанд шуморо ва шумо онҳоро ба ҷойи пӯшишед. Худо донист, ки шумо дар ҳаққи хештан хиёнат мекардед, пас ба меҳрубонӣ бозгашт бар шумо ва даргузашт аз шумо. Пас алҳол мухолитат кунед бо занон ва талаб кунед ончиро ки Худо барои шумо муқаддар кардааст, яъне авлод. Ва бихӯреду бинӯшед то онки рӯшан шавад барои шумо риштаи сафед аз риштаи сиёҳ (мурод аз риштаи сафед фаҷр аст). Пас аз он тамом кунед рӯзаро то шаб. Ва мисос накунед занонро дар ҳоле, ки муътакиф бошед дар масҷидҳо. Инҳо манҳиёти Худо аст. Пас наздик нашавед ба онҳо. Ҳамчунин баён мекунад Худо оятҳои худро барои мардумон, то парҳезгорӣ кунанд." Аз маънои ин оят бармеояд, ки Худованд дар шабҳои моҳи рамазон ҳамбистар шудану муҷомаатро раво донистааст. Дар баробари ин ба таъкид расонда, ки зану марди мусулмон пӯшиш ва ҳифзи ҳамдигаранд. Худованд вақти рӯзадориро аз дамидани субҳ то ҳийни шом муайян карда, мегӯяд, ки шояд бо иҷрои ин амр мардум парҳезгор шаванд. </span> [size=12]Рӯза ва рамазон дар аҳодиси паёмбар [/color] [color=green]Дар бораи Рамазону рӯзадорӣ дар ҳадисҳои паёмбари гиромии ислом (с) бисёр омадааст. Ҳеч китобе оид ба ҳадис вуҷуд надорад, ки бахше аз он дар боби рӯзаи моҳи рамазон набошад. Ҳадиси машҳуре, ки дар бештари китобҳои ҳадис ворид шудааст, ба минволи зайл аст: "Аз Абӯҳурайра (р) омадааст, ки расули Худо (с) гуфт: Рӯза сипарест намешиканаду вайрон намешавад, агарчанде марде бо он биҷангаду хораш кунад, пас бояд ду бор бигӯяд: ман рӯзадорам. Қасам ба номи ҳамоне ки ҷони ман дар дасти ӯст, бӯйи даҳони рӯзадор назди Худойи таоло аз бӯйи мушк хуштар аст. Таому шаробу шаҳваташро барои ман тарк мекунад. Рӯза барои ман аст ва барои ҳар некӣ даҳ баробари он подоши онро худам медиҳам". Саҳл (р) аз паёмбар (с) мегӯяд, ки гуфтааст: Дар биҳишт даре ҳаст, ки онро райён мегӯянд.Бо он дар дар қиёмат танҳо рӯзадорон медароянд. Он ҳангом гуфта мешавад: Рӯзадорон куҷо ҳастанд? Онон ки дар Дунё рӯзаро адо мекарданд, бармехезанд ва ба ҷуз онҳо кассе дигар аз он дар дохил намешавад. Вақте ки вориди биҳишт мешаванд, дар пӯшида мегардаду дигар касе бо он роҳ намеёбад. |