| Muslimah | Дата: Якшанбе, 05.04.2009, 15:39 | Сообщение # 1 |
 Adminka
Группа: Администраторы
Сообщений: 876
Репутация: 17
Статус: Offline
| Нахустин чизе, ки дар рӯзи қиёмат мавриди бозхост қарор мегирад, намоз аст. Намоз танҳо як ибодати рӯҳӣ набуда, он воситаи назофату покизагӣ ва ороишу зебоӣ низ ба шумор меравад. Худованд барои намоз покизагии либос, бадан ва маконро аз ҳар гуна олудагию палидӣ лозим шумурдааст. Намоз мӯъминро бо нерӯи маънавӣ ва дарунӣ ёрӣ дода, ӯро дар баробари мушкилоти зиндагӣ ва гирифториҳои дунё қувват мебахшад. Чунончӣ , Худованд дар сураи "Бақара", ояти 153 мефармояд: "Эй касоне, ки имон овардаед, бо сабру намоз нерӯ биҷӯед, ки Худованд бо сабркунандагон аст". Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) ҳангоми рӯ ба рӯ омадан ба сахтие ба намоз паноҳ мебурданд. Бандаи мӯъмин дар мавқеи намоз бо тамоми вуҷуди хеш ба Худо рӯй меораду ғаму андӯҳашро бо ӯ дар миён мегузорад ва аз раҳматаш кушоиш металабад. Масҷид ба унвони маҳалли анҷоми панҷ вақт намози боҷамоат дар ислом ва зиндагии мусулмонон мавқеияти аҳамиятноке пайдо кардааст. Кадом анҷуман мисли масҷид метавонад дар ҳар намоз хулосае аз мардуми як маҳалларо ҷамъ орад? Ин ислом аст, ки мардумро ба намози ҷамоат фаро хонда, онро 27 дараҷа аз намози танҳогузор болотар шумурдааст. Ислом пайравони худро ба ҷамоат фаро хондааст, то бо якдигар ошно шаванду бегона набошанд, ба ҳамдигар наздик шуда дур нагарданд. Нисбати ҳам муҳаббат варзанду кина надошта бошанд ва кашмакаш накунанд. Дар бораи бародарӣ ҳамин қадар кофист, ки масҷид аҳолии маҳалро ҳамарӯза панҷ бор гирди ҳам меоварад ва ба ин тартиб чеҳраҳо ба ҳам ошно гашта, мардум дасти якдигарро мефушурданду дилҳо бо ҳам унс мегиранд. Яке аз намунаҳои беҳтарини баробариро низ дар сафҳои намози боҷамоат дида метавонем. Қонуне барои масҷид вуҷуд надорад, ки сафи аввалро ба вазирон, сафи дуюмро ба вакилон, сеюмро ба мудирону масъулон махсус гардонад. Ҳамагон мисли дандонаҳои шона баробаранд.
|
| |
|
|