| Muslimah | Дата: Чумъа, 30.10.2009, 13:35 | Сообщение # 1 |
 Adminka
Группа: Администраторы
Сообщений: 876
Репутация: 17
Статус: Offline
| Дар ҳеҷ яке аз динҳои бузург то ин ҳад (ба андозаи таъкиди қуръон) барои маърифат, Назари донишмандони ғ арбӣ дар мавриди қуръон - Варжбел Гёркю: «Дар ҳеҷ яке аз динҳои бузург то ин ҳад (ба андозаи таъкиди қуръон) барои маърифат, арзиш ва аҳаммият қоил нашудааст. Қуръон чунон аз маорифи илоҳӣ саршор аст,ки башар ҳарчи бештар дар ирфон ва фалсафа пешрафт кунад ба ҳамаи асрори он иҳота пайдо нахоҳад кард». -Сумар: «Қуръон илова бар инки яке аз латифтарин китобҳои адабӣ аст, дорои мукаммалтарин қонунҳои ахлоқӣ , кишварӣ ва иҷтимои аст». - Кароел: (муаррих ва андешаманди Англис): «Агар як бор ба ин китоби муқаддас назар афканем ҳақоиқи барҷаста ва хасоиси асрори вуҷуд, ба гунае дар мазомин ва ҷавҳари он парвариш ёфта,ки азамат ва ҳақиқати қуръон ба хуби аз онҳо намоён мегардад. Ин худ бартарии бузурге аст,ки фақат барои қуръон ихтисос ёфта ва дар ҳеҷ китоби илмӣ, сиёсӣ ва иқтисодии дигар, дида намешавад». -Гута: (файласуф ва шоири бузурги Алмонӣ): «Қуръон асаре аст,ки баъзан ба воситаи ибороти сангинӣ хонанда дар ибтидо рамида мешавад сипас мафтун ҷозиби он мегардад ва билохира ихтиёри шифтаи зебоиҳои мутааддиди он мешавад». -Снайш: «Бе шакк, қуръон ҳамон қонуни комил ва ҳамагоние аст,ки ботил на аз ру ба ру, ва на аз пушти сар ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад дар он роҳ ёбад. Ин китоб шоиста ва боистаи ҳар замон ва макон аст. Агар мусулмонон чунончи сазовор аст то ба он матамассик шаванд ва ба таолим ва аҳкомаш амал кунанд, оқои умуми қавмҳо ва миллатҳо хоҳанд шуд, ҳамчунон,ки дар гузашта буданд». -Рокстун Искатландӣ : «Солони дароз дар ҷустуҷуй ҳақиқат будам то инки ҳақиқатро дар ислом ёфтам, пас қуръони азимро дидам ва ба мутолиаи он шуруъ намудам, тамоми суолҳоямро ин китоб ҷавоб дод. Қуръон ҳайбат ва тарсро дар инсон илҳом мекунад ва дар айниҳол собит мекунад,ки ҳарчи мегуяд ҳақиқат аст». -Алберт Ҷорҷ Вину: «муҳимтарин китоби дунё қуръон аст,чун таъсире,ки ин китоби осмонӣ дар дунё кард, назири онро ҳеҷ китобе надоштааст. Қуръон китоби илмӣ,динӣ, иҷтимои,ахлоқӣ ва таърихӣ аст ва барои ҳамаи муқаррарот ва қавонин ва аҳкоми он бо усули қонунии имрӯз ҳамоҳанг аст». -Гледстун: «Гледстун сиёсатмадори Англис қуръонро ба маҷлиси авом бурда ва гуфт: То ин китоби илоҳӣ бошад, сиёдат ва бартарии англисон дар мамолики исломӣ муҳол аст»
|
| |
|
|