| Muslimah | Дата: Чумъа, 24.04.2009, 14:50 | Сообщение # 1 |
 Adminka
Группа: Администраторы
Сообщений: 876
Репутация: 17
Статус: Offline
| Шахсе ба худ назр кард, ки субҳ, нахустин касеро, ки мебинад, ба ӯ садақа хоҳад дод. Чун субҳ шуд , бо зане рӯ ба рӯ шуду ба ӯ маблағе ато кард. Мардум гуфтанд, ки он зан фоҳиша аст. Баъдан ба марде рӯ ба рӯ шуда ба ӯ садақа дод. Чанд нафар гуфтанд, ки ин мард бадтарин шахс мебошад. Рӯзи сеюм низ он шахси хайрхоҳ бо аввалин касе, ки рӯ ба рӯ омад, садақа дод. Маълум шуд, ки ин шахс садақа гирифта бисёр сарватманд будааст. Садақадиҳанда хеле озурдахотир шуд. Дар хоб дид, ки Худованди Мутаъол ҳар се садақаашро қабул кардааст. Он зани фоҳиша ба сабаби нодорӣ ба амали зишти танфурӯшӣ даст зада буд. Вақте садақаро гирифт, ин кори бадро тарк намуд. Шахси дуюм дузд буду бо сабаби тангдастӣ дуздӣ мекард. Аз баракати садақаи он марди хайрхоҳ аз дуздӣ тавба намуд. Шахси сеюм сарватманд буду ҳеҷ гоҳ садақа намекард. Ӯ аз садақа додани он марди сахӣ ибрат гирифта эҳсонкориро пеша намуд. («Фазоили садақот») Аз ин ҳадиси шарифе, ки Товус (р) нақл кардааст, маълум мешавад, ки Худованд амали некӯкоронро зоеъ намегардонад. Вазифаи инсон ин аст, ки нияти худашро холис гардонад. Ҳамчунин аз ин ҳадис бузургии шахси садақадиҳанда низ зоҳир мешавад. Бо вуҷуди кӯшиши худ вақте ки садақааш дар ҷои номуносиб масраф шуд, ба сабаби он ноумед нашуда, садақа доданро тарк накард. Балки барои бори дуюму сеюм ҳам кӯшиш кард, ки садақаи худро дар ҷои саҳеҳ масраф намояд. Ба ҷиҳати нияти нек ва ихлоси ӯ ҳар се садақааш қабул шуда, хабари хуши қабулияти онҳо дар хоб барояш зоҳир шуд. Дар ҳадисе омадааст, ки бо садақа додан беморони худро илоҷ кунед, зеро садақа аз обрӯрезӣ ҷилавгирӣ намуда, некиҳову умрро зиёд мекунад». Ҳамчунин дар ҳадиси дигаре омадааст, ки садақа кардан 70 балоро дур мекунад. Камтарин дараҷаи басо бемории ҷузом ва барас (песию махав) мебошад. Расули Худо (саллаллоху алайхи васаалам) фармудаанд: «Ғамҳои худро бо садақа дафъ кунед, ки бо додани садақа Худованди Мутаъол зарарҳои шуморо дур карда, дар муқобили душманон шуморо нусрат медиҳад». «Вақте як мусулмон мусулмонеро либосе диҳад, то замоне, ки як тикка аз он либос бар баданаш бошад, пӯшонанда дар ҳифозати Худованди Мутаъол қарор мегирад» - омадааст дар ҳадиси дигаре Ибни Абилҷаъд (р) мефармояд: «Садақа дарвозаи 70 бадиро мебандад». Дар ҳадисе омадааст: Аввали субҳ садақа намоед, зеро бало аз садақа пеш намеравад». Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи васаалам) иршод фармудаанд: «Садақа ғазаби Худовандро дур мекунад ва аз марги зиллатбор (ба хорӣ мурдан) наҷот медиҳад».
|
| |
|
|