Сухбат-Форум
 
МУСЛИМИН
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
Страница 1 из 11
Модератор форума: Taiba 
Сухбат-Форум » ҲАДИСИ ШАРИФ » Хадисхо-Хадисы » ҲАДИСҲО ДАР МАВЗЎЪИ ТАВҲИД (яктопарастӣ)
ҲАДИСҲО ДАР МАВЗЎЪИ ТАВҲИД (яктопарастӣ)
MuslimahДата: Чумъа, 12.06.2009, 15:35 | Сообщение # 1
Adminka
Группа: Администраторы
Сообщений: 876
Репутация: 17
Статус: Offline
«Саҳеҳу-л-Бухорӣ»


БОБИ 1. Даъвати Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) уммати худро ба сӯи тавҳид (яктопарастӣ)

2220. Аз Оиша (разияллоҳу анҳо) , ҳамсари Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шахсеро дар яке аз сароё Сароё ҷамъи сария аст ва сария иборат аз гурӯҳест, ки ба ҷиҳод мераванд) ба ҳайси амир муқаррар намуданд. Ин шахс дар намоз қироатро ба «Қулҳуваллоҳу аҳад» хатм мекард (яъне: дар ҳар ракаат баъд аз ин ки сураи Фотиҳа сураи дигареро қироат мекард, дар охир «Қулҳуваллоҳ»-ро мехонд). Ҳангоме, ки баргаштанд, аз ин мавзӯъ ба Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, фармуданд: «Аз вай бипурсед, ки сабаби ин кораш чӣ будааст?» Сабабро аз вай пурсиданд, гуфт: Чун дар ин сура сифати Раҳмон аст, аз ин сабаб хушам меояд, ки онро қироат намоям. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Барояш хабар диҳед, ки Худованд ҳам ӯро дӯст медорад.» (Ва мурод аз муҳаббати Худо нисбат ба бандагон раҳмат кардан бар онҳо ва савоб додан барои эшон аст).

БОБИ 2. Ин қавли Худованд, ки «Худованд ҳамон ризқдиҳандаи боқувват ва матин аст» (Зориёт: 58)

2221. Аз Абӯмӯсои Ашъарӣ (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Ҳеҷ касе собиртар дар муқобили азияте, ки мебинад, аз Худованди муттаол нест. (Куффор) ба вай нисбати фарзанд доштанро медиҳанд. Ва ӯ барои онҳо тандурустӣ мебахшад ва ризқ медиҳад.»


 
MuslimahДата: Чумъа, 12.06.2009, 15:39 | Сообщение # 2
Adminka
Группа: Администраторы
Сообщений: 876
Репутация: 17
Статус: Offline
БОБИ 3. Ин қавли Худованд, ки: «Ва ӯ азизу ҳаким аст ва...» (Иброҳим: 4)

2222. Аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Паноҳ меҷӯем ба иззати ту ва ту он Зоте ҳастӣ, ки худое ҷуз ту нест ва он Зоте ҳастӣ, ки нахоҳӣ мурд ва ҷинну инс ҳамагӣ мемиранд.»

БОБИ 4. Ин қавли Худованд, ки: «Ва шуморо аз хеш барҳазар медорад ва...»
(Оли Имрон: 28)

2223. Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуданд: Чун Худованд ҷаҳониёнро халқ намуд, дар китобе, ки барои худ навишт ва бар Арш дар назди худ ниҳод, чунин навишт, ки «раҳмати ман бар ғазаби ман ғолиб аст).»

2224. Ва аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Худованди муттаол мефармояд: Ман бо бандаам тавре ҳастам, ки ба ман гумон мебарад. Агар маро ёд кунад, бо ӯ ҳастам (яъне: ӯро мавриди раҳмати худ қарор медиҳам). Агар маро дар назди худ ёд кунад, ӯро дар назди худ ёд мекунам, агар маро дар назди мардум ёд кунад, ӯро дар назди мардуми беҳтар ёд мекунам (мурод аз мардум беҳтар малоика мебошад). Агар як ваҷаб ба ман наздик шавад, як заръ ба ӯ наздик мешавам (мурод аз заръ фосилаи байни ангушти миёна то нӯки оринҷ аст). Агар як заръ ба ман наздик шавад, як боъ ба ӯ наздик мешавам (мурод аз боъ фосилаи сари ангуштҳои васати ду даст аст, дар вақте, ки комил ва ба таври уфуқӣ аз ҳам боз шаванд). Агар ӯ ба тарафам қадам бардорад, ман ба тарафаш давида меравам (мурод аз давидан суръат дар савоб додан ва раҳмат кардан аст).»



 
MuslimahДата: Чумъа, 12.06.2009, 15:48 | Сообщение # 3
Adminka
Группа: Администраторы
Сообщений: 876
Репутация: 17
Статус: Offline
БОБИ 5. Ин қавли Худованди муттаол, ки: «Мехоҳанд каломи Худоро табдил намоянд...» (Фатҳ: 15)

2225. Ва аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Худованди муттаол (барои малоика) мегӯяд: Агар бандаам иродаи кори бадеро намуда, онро то вақте, ки амалӣ намесозад, бар ӯ нанависед. Агар онро амалӣ сохт, гуноҳи ҳамон кори бадро барояш бинависед ва агар онро барои ман тарк карда буд, онро барояш як ҳасана бинависед ва агар иродаи кори некеро намуд, агарчи онро амалӣ накард, онро барояш як ҳасана бинвисед ва агар ба он кори нек амал кард, онро даҳчанд то ҳафтоду чанд барояш бинависед.»

2226. Ва аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидам, ки фармуданд: Бандае муртакиби гуноҳе гардид ва гуфт: Парвардигоро! Муртакиби гуноҳе шудаам, онро бароям бибахш. Парвардигораш гуфт: Оё бандаам медонист, ки Парвардигоре дорад, ки гуноҳи вайро барояш мебахшад ва ё ӯро мавриди сазо қарор медиҳад? (Гуноҳи бандаамро) барояш бахшидам. Муддате аз гуноҳ худдорӣ намуд, вале дубора муртакиби гуноҳ гардид ва боз гуфт: Парвардигоро! Муртакиби гуноҳи дигаре гардидаам, гуноҳамро бароям биёмурз. Худованд мегӯяд: Оё бандаам медонист, ки Парвардигоре дорад, ки гуноҳашро барояш мебахшад ва ё ӯро мавриди муохаза қарор медиҳад? (Гуноҳи бандаамро) барояш бахшидам. Муддате (аз гуноҳ) худдорӣ намуд ва боз муртакиби гуноҳ гардид ва гуфт: Парвардигоро! Муртакиби гуноҳи дигаре гардидаам. Онро бароям биёмурз. (Худованди муттаол) мегӯяд: Оё бандаам медонист, ки барояш Парвардигоре аст, ки гуноҳашро меомурзад ва ё ӯро мавриди муохаза қарор медиҳад, бори саввум гуноҳи бандаамро бахшидам, пас ҳар чӣ, ки мехоҳад, бикунад?»

БОБИ 6. Сухан гуфтани Раббулъоламин дар рӯзи қиёмат бо паёмбарон ва ғайра...

2227.Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидам, ки фармуданд: «Рӯзи қиёмат шафоат ба ман супурда мешавад ва ман мегӯям: Парвардигоро! Касе, ки дар дилаш як заррае аз имон вуҷуд дошта бошад, ӯро ба биҳишт бибар. Ва чунин ашхосе ба биҳишт бурда мешаванд. Боз мегӯям: Худоё! Касе, ки дар қалбаш камтарин чизе аз имон вуҷуд дорад, ӯро ҳам ба биҳишт бибар.» Анас (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: Гӯё ҳамин ҳозир ба тарафи ангуштони Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нигоҳ мекунам (шояд Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамон камтарини чизеро ба ангуштони худ тамсил мекарданд).

2228. Ва аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: (Ҳадиси шафоат ба ривояти Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) қаблан гузашт ва дар ин ривоят дар охири он ҳадис омадааст, ки). Назди Исо (алайҳи-с-салом) меоянд ва ӯ мегӯяд: Ман аҳли шафоат нестам, назди Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) биравед. Онҳо назди ман меоянд, ман мегӯям, ки ман аҳли он ҳастам ва аз Парвардигорам иҷоза мегирам. Ва бароям иҷоза дода мешавад ва (Худованди муттаол) барои ман ҳамду саноеро илҳом мекунад, ки бо он ҳамду санояшро бигӯям ва акнун ба хотирам нест. Ва ба он ҳамду сано ҳамдашро мегӯям ва барояш ба саҷда меафтам, гуфта мешавад: Эй Муҳаммад! Саратро боло кун! Бигӯ, суханат шунида мешавад. Бихоҳ, бароят дода мешавад, шафоат кун, шафоатат қабул мегардад. Ва ман мегӯям: Парвардигоро! Уммати ман, уммати ман. Гуфта мешавад: Бирав ва касеро, ки дар қалбаш заррае аз имон вуҷуд доштааст, аз (дӯзах) берун ор. Ман меравам ва чунин мекунам.
Боз бармегардам ва ба ҳамон ҳамду сано ҳамди Худованди муттаолро мегӯям ва барояш ба саҷда меафтам, боз гуфта мешавад: Эй Муҳаммад, саратро боло кун! Бигӯ, суханат шунида мешавад, бихоҳ, бароят дода мешавад, шафоат кун, шафоатат қабул мегардад. Ва ман мегӯям: Парвардигоро, уммати ман, уммати ман. Гуфта мешавад: Бирав ва касеро, ки дар қалбаш заррае аз имон вуҷуд доштааст, аз дӯзах берун ор. Ман меравам ва чунин мекунам.
Боз бармегардам ва ба ҳамон ҳамду сано ҳамди Худованди муттаолро мегӯям ва барояш ба саҷда меафтам, боз гуфта мешавад: Эй Муҳаммад! Саратро боло кун, бигӯ, суханат шунида мешавад, бихоҳ, бароят дода мешавад, шафоат кун, шафоатат қабул мегардад. Ва ман мегӯям: Парвардигоро! Уммати ман, уммати ман. Гуфта мешавад: Бирав ва касеро, ки дар қалбаш камтарин андозае аз имон вуҷуд дорад, аз дӯзах берун ор. Ман меравам ва чунин мекунам.»

2229. Ва дар ривояти дигар аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Боз бори чаҳорум меоям ва бо ҳамон ҳамду сано ҳамди Худованди муттаолро мегӯям ва барояш ба саҷда меафтам. Боз гуфта мешавад: Эй Муҳаммад! Саратро боло кун! Бигӯ, суханат шунида мешавад. Бихоҳ, бароят дода мешавад. Шафоат кун, шафоатат қабул мегардад. Ва ман мегӯям: Парвардигоро! Бароям иҷоза бидеҳ, то ҳар касеро, ки «ло илоҳа иллаллоҳ» гуфтааст, (аз дӯзах хориҷ намоям). Мегӯяд: Ба иззату ҷалол ва кибирёу азаматам савганд, ҳар касе, ки (ло илоҳа иллаллоҳ) гуфта бошад, ӯро аз дӯзах наҷот медиҳам.»

БОБИ 7. Мизони аъмол ва ақвол дар рӯзи қиёмат

2230. Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Ду калимае аст, ки маҳбуб дар назди Раҳмон, сабук бар забон ва сангин дар мизон аст: «Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи, субҳоналлоҳи-л-ъазим).»
Аллоҳумма раббанно тақаббал мино иннака анта-с-самиъулъалиму вағфирлано варҳамно иннака анталғафу-р-раҳим ва охиру даъвоно анилҳамду лиллоҳи раббилъоламин. Омин


 
Сухбат-Форум » ҲАДИСИ ШАРИФ » Хадисхо-Хадисы » ҲАДИСҲО ДАР МАВЗЎЪИ ТАВҲИД (яктопарастӣ)
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2009
Сайт управляется системой uCoz