| Muslimah | Дата: Чумъа, 30.10.2009, 13:32 | Сообщение # 1 |
 Adminka
Группа: Администраторы
Сообщений: 876
Репутация: 17
Статус: Offline
| Худованд бар яке аз бандагонаш миннат ниҳода, молу сармояи зиёде барояш насиб карда буд. Аз баракати моли ӯ тамоми фақ ирони маҳаллааш баҳраманд буданд. Аз ин мол барои кӯмаки мустамандон ҳеҷ кӯтоҳие намекард. Вале ба хости Худованд ба бемории қ алб дучор шуд. Ин беморӣ ӯро нотавон ва заиф карда буд ва рӯз ба рӯз ҳолаш бадтар мешуд. Дӯстонаш тавсия доданд, ки ба яке аз шаҳрҳои дур як бемористони дармони қ алб аст, ба онҷо як муроҷиат кунад. Вақ те ба бемористон рафт ва баъди ташхис пизишкон ӯро ба амали ҷароҳии фаврӣ тавсия доданд. Мушкил он буд, ки натиҷаи амали ҷарроҳӣ замонат надорад, вале карданаш хуб аст. Вақ те ин сухани табибонро шунид аз онҳо хост, то замони ҷарроҳиро каме ба таъхир андозанд, то рафта бо хешону наздиконаш худоҳофизӣ кунад, зеро дубора онҳоро шояд набинад. Гузашта аз ин баъзе корҳои зарурашро низ анҷом диҳад. Табибон низ розӣ шуданд, ба шарте ки ҳарчӣ зудтар баргардад, чунки дер кардан дар ҷарроҳӣ барои саломатияш зарар дорад. Ба хона баргашта муддате бо хонаводааш монд ва ба касоне, ки фақ иру нотавон буданд, садақ оти зиёде дод ва барои сафараш омодагӣ медид. Рӯзе бо яке аз дӯстонаш дар роҳ мерафт, дар он асно ба назди як дукони гӯштфурӯшӣ гузар карданд ва диданд, ки пиразане аз назди дукони қ ассоб резаҳои гӯшту усухонҳоро аз замин ҷамъоварӣ мекунад. Дилаш ба ҳоли он пиразани бечора сӯхт ва аз ӯ пурсид: "модар инҳоро барои чӣ ҷамъ мекунӣ"? Пиразан гуфт: "ба хотири фақ ирӣ ва тангдастӣ. Ман се фарзанд дорам ва онҳо ҳама духтар ва қ одир бар кор кардан нестанд. Бидуни сарпарасте дар сахтӣ зиндагӣ мекунем ва аз ин тангдастии мо касе ба ҷуз Худованд дарак надорад. Ман ин усухонпораҳоро ҷамъ мекунам, ки худро аз гуруснагӣ наҷот диҳем, чунки муддатҳои дароз мешавад, ки мо маззаи гӯштро начашидаем. Вақ те мард ин суханони пиразанро шунид, ӯро ба назди қ ассобе бурд ва гуфт: "ба ин зан ҳар қ адар гӯшт, ки хоҳад, бидеҳ". Пиразан бошад гуфт: "писарам, як килограмм кифоят мекунад". Мард гуфт: "на, ду килограмм барояш бидеҳ". Инчунин ба қ асаоб гуфт, ки ҳар ҳафтае бар ин пиразан ду килограмм гӯшт бидиҳад ва пули яксолаашро нақ дан барои қ ассоб пардохт кард. Вақ те ин суханро пиразан шунид, било фосила дастонашро ба сӯйи меҳрубонтарини меҳрубонон баланд карду зора ва тазаррӯъ карда, барои ин марди бемор аз таҳти дил ва содиқ она дуо мекард. Пиразан ҳанӯз дастонашро поин наёварда буд, ки мард дар дилаш як навъ беҳбудӣ ва саломатиро эҳсос кард. Ба хона баргашт. Яке аз духтаронаш ба истиқ болаш баромад. Вақ те падарро дид гуфт: "алҳамдулиллоҳ, падар хеле рангу рӯйи шумо солим менамояд ва осори саломатиро дар чеҳраат мушоҳида мекунам". Падар достонро ба духтараш нақл кард. Духтараш низ хеле хушҳол шуд. Мард ба бемористон рафт ва пеш аз ҷарроҳӣ аз муоинаи табибон гузашт. Табибон ҳайратзада шуда, гуфтанд: "ин муҳол аст… Ғайри мумкин аст… Беморият комилан бартараф шуда аст". Озмоишоти қ аблӣ шикофи бузурге дар қ албат нишон медод, ҳоло чизе намоён нест. Чӣ касе туро муолиҷа кард? Ту чи доруе истифода кардӣ? Чӣ гуна ба ин зудӣ шифо ёфтӣ? Ин марди Худо, дар ҳоле ки бо чашмони гирён ба сӯйи осмон менигарист, ҷавоб дод: "маро меруҳрубонтарин ва раҳмкунандатарин зот шифо дод". Дар ҳақ иқ ат Худованд бар ҳама чиз тавоност. Ин мард аз зиндагӣ дида, ба марг наздиктар буд. Омада буд, ки ба хонаводааш хайру хуш кунад ва ин пиразанро диду дилаш ба ӯ сӯхт…Чӣ рост аст сухани касе, ки мегӯяд "бар поинтар аз худ раҳм кун, то он ки болотар аз ту ҳаст, бар ту раҳм кунад". Худованд низ мефармояд, ки раҳмати Худованд бар некӯкорон наздик аст. Пас накӯкор бошед, то дуои шумо пазируфта гардад. Боз Паёмбари Ислом(саллаллоху алайхи вассалам) мефармояд: Ҳар кӣ хоҳад, ки дуояш қ абул шавад ва гирифториҳояш бартараф гардад, бояд ғубори ғамро аз чеҳраи бенавоён бизудояд.
|
| |
|
|