| Muslimah | Дата: Чумъа, 10.04.2009, 21:06 | Сообщение # 1 |
 Adminka
Группа: Администраторы
Сообщений: 876
Репутация: 17
Статус: Offline
| Маъруфи Кархӣ раҳматуллоҳи алайҳ фармудааст: "Бе ягон амал биҳиштро талаб кардан гуноҳ аст. Умеди шафоат доштан бе ягон сабабу алоқа навъе фиреб аст. Умедвор будан ба раҳмати он зоте, ки нофармонии Ӯро мекунанд, ҳамоқату ҷаҳолат аст". Вақте мо хоҳону умедвори раҳмати Худо ҳастем, бояд фармудаҳояшро ба ҷо орем. Парвардигор ба бандагонаш роҳи росту наҷотёбиро баён кардааст: Дидаву дониста ин фармудаҳоро ба ҷо наовардану аз паи орзуҳои нафсонӣ сарсон шудан ғофилист. Шайх Ҳасани Басрӣ (р) мефармоянд: "Эй бандагони Худо! Дур бошед аз он орзуҳои ботил, ки ин водии ахмақон асту мардум дар он афтодаанд: Баъзеҳо даст аз гуноҳ бознадошта, чунин нақша мекашанд, ки айёми пирӣ тавба карда, парҳезкор хоҳанд шуд. Магар онҳо марги чандин ҷавонмардонро, ки бо ҳар сабаб рӯй медиҳад, намебинанд? Чанд гӯӣ, ки "ба пирӣ расаму тавба кунам"? Чӣ кунӣ, гар ба ҷавонӣ ба аҷал дармонӣ? Ҳамнишинони ту бар зери лаҳад хок шуданд, Чашми ибрат бикушо, хоҷа агар инсонӣ. Бояд андеша кард, ки оё фардо фурсати тавба кардану даст аз гуноҳ шустан фаро мерасад? Ҳоло ки фурсат аст, даст аз гуноҳ (дуздӣ, зино, шаробхорӣ, қиморбозӣ, фиреби мардум) бояд шуст. Имом Абӯҳомиди Ғазолӣ раҳматуллоҳи алайҳ навиштааст: "Калиди ҳар саодат чусту чолокӣ, зиракӣ, ҳушёрӣ ва кор гирифтан аз ақл аст. Сарчашмаи ҳар навъ бадбахтӣ ғуруру ғафлат аст. Ҳеҷ неъмату эҳсони Худованд аз имону маърифат болотар нест... Ва ҳеҷ азоби Худованди Мутаъол аз азоби куфру маъсият сахттар нест". Аз торикии ҷаҳолат чашми дил кӯр мешавад. Касоне, ки ғурур афтодаанд, дилҳои онҳо монанди он ҳастанд, ки шахсе дар торикиҳои шадид бошад, ки ҳеҷ чизро набинад. Мазаммати ғурур дар Қуръони Маҷид ва чандин аҳодиси набавӣ баён шудааст. Чунончи, дар як ҳадиси муборак омадааст:"Оқил он шахсест, ки бар нафси худ ғолиб бошад ва барои охират амал кунад. Аҳмақ он шахс аст, ки аз хоҳишоти нафси худ пайравӣ бикунаду бар Худованди Мутаъол умедвор бошад". Агарчи ҳар ҷаҳл ғурур нест, аммо ҳар ғурур ҳатман ҷаҳл аст. Аз ин рӯ ғуруру ғафлатро зери по карда, дар паи зиёдтар анҷом додани аъмоли нек бояд шуд.
|
| |
|
|