Сухбат-Форум
 
МУСЛИМИН
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
Страница 1 из 11
Сухбат-Форум » Дини мубини Ислом » Ҳидоятёфтагон » ҒАЙРИМУСУЛМОНҲО ИСЛОМ МЕОРАНД
ҒАЙРИМУСУЛМОНҲО ИСЛОМ МЕОРАНД
MuslimahДата: Сешанбе, 24.03.2009, 20:21 | Сообщение # 1
Adminka
Группа: Администраторы
Сообщений: 876
Репутация: 17
Статус: Offline
Ба гуфтаи нашрияи "Коммерсант" ҳоло ислом ягона дини зудинкишофёбанда дар ҷаҳон мебошад. Имрӯз дар дунё қариб 1,5 миллиард нафар пайравони ислом ҳастанд. Махсусан дар минтақаҳои насронинишин - Аврупои Ғарбӣ ва Амрикои Шимолӣ ислом зуд инкишоф меёбад. Масалан, аз соли 1950 то 2000 шумораи мусулмонони Аврупои Ғарбӣ се маротиба ва дар Амрикои Шимолӣ бошад, 14 маротиба зиёд шудааст.
Ба гуфтаи корманди илмии Пажӯҳишгоҳи Африқо Дмитрий Бондаренко шумораи мусулмонон махсусан дар кишвари Нигерия, ки аҳолиаш маъмулан насрониянд, ба таври чашмрас меафзояд. Дар Русия мувофиқи иттилооти гуногун соле аз 2 то 20 ҳазор нафар ғайримусулмон исломро қабул мекунанд. Тибқи маълумоти барӯихатгирии аҳолӣ соле 14000 нафар ғайримусулмонон дар Англия мусулмон мешаванд. Аз рӯи ахбори омори Фаронса соле дар ин кишвар зиёда аз 50 000 нафар пайравони динҳои дигар ба дини ислом медароянд. Мувофиқи маълумоти Иттиҳоди мусулмонони Амрико ҳамасола то 135 000 нафар дар ИМА рӯ ба ислом меоранд. 64 фоизи онҳо аз ҳисоби амрикоиёни сиёҳпӯстанд. Дар маҷмӯъ мусулмонҳои амрикоӣ чӣ аз ҷиҳати сатҳи зиндагӣ ва чӣ аз ҷиҳати маълумотнокӣ нисбат ба амрикоиҳои оддӣ пешсафанд. Зиёда аз 58 фоизи онҳо маълумоти олӣ доранд.


 
Сухбат-Форум » Дини мубини Ислом » Ҳидоятёфтагон » ҒАЙРИМУСУЛМОНҲО ИСЛОМ МЕОРАНД
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2009
Сайт управляется системой uCoz