| Muslimah | Дата: Чоршанбе, 27.05.2009, 15:37 | Сообщение # 1 |
 Adminka
Группа: Администраторы
Сообщений: 876
Репутация: 17
Статус: Offline
| Ҳазрати Усмон ибни Аффон дар замони ҷоҳилият марде покдоман, шариф, бахшанда ва дорои ахлоқи неку писандида буд. Дар миёни мардум ба хирадмандӣ ва бартарии раъй шӯҳрат дошт. Вақте Абӯбакри Сиддиқ (р) ӯро ба ислом даъват намуд, исломро пазируфт ва дар ҳузури Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) мусулмонии худро эълон кард. Аз ин рӯ, ӯ аз аввалин пешқадамони ислом аст. Чун амакаш Ҳакам аз мусулмон шудани ӯ огоҳ гашт, дасту бозӯи ӯро бо таноб баст ва ба вай гуфт: «Оё аз дини падаронат гашта, дини навро қабул кардаӣ? Ба Худо савганд, то аз ин дин даст накашӣ, туро раҳо намекунам». Усмон (р) гуфт: «Ба Худо қасам, аз ислом даст намекашам ва онро раҳо нахоҳам кард». Чун Ҳакам аз ӯ ноумед шуд, вайро ба ҳоли худ гузошт. Ҳазрати Усмон (р) 12 сол халифаи мусулмонон буд ва дар синни 82 солагӣ шаҳид шуд. Аз Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) 5 сол хурд буд.
|
| |
|
|