Сухбат-Форум
 
МУСЛИМИН
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
Страница 1 из 11
Сухбат-Форум » Дини мубини Ислом » Таърихи Ислом » Номаи Ҳасани Басрӣ ба Умар ибни Абдулазиз
Номаи Ҳасани Басрӣ ба Умар ибни Абдулазиз
MuslimahДата: Чумъа, 30.10.2009, 13:19 | Сообщение # 1
Adminka
Группа: Администраторы
Сообщений: 876
Репутация: 17
Статус: Offline
Ҳангоме ки Умар ибни Абдулазиз ба тахти хилофат нишаст, Ҳасани Басрӣ дар канори халифа истода, бо ваъзу иршод аз ӯ муроқабат мекард ва ойини амалкарди як имоми одилро барои ӯ тарсим ва ошно менамуд.
Номаи Ҳасани Басрӣ ба Умар ибни Абдулазиз Ҳангоме ки Умар ибни Абдулазиз ба тахти хилофат нишаст, Ҳасани Басрӣ дар канори халифа истода, бо ваъзу иршод аз ӯ муроқабат мекард ва ойини амалкарди як имоми одилро барои ӯ тарсим ва ошно менамуд. Ин гуна амал аз ҷониби Ҳасани Басрӣ нақши мусбӣ дода, рафтори матлубу писандидаро ба ҷо оварда, тасмими солеҳ, ки қасду ангезаи ёрии Исломро доранд ба намоиш мегузошт. Ин матлаб баёнгари такомул ва боландагии шахсияти Ҳасани Басрӣ аст. ӯ дар умури ҷиҳод ва омӯзишу тарбият ширкат дошта, пешоҳанги мадрасаи ислоҳи иҷтимоӣ дар зиндагии мардум буд. Ба беморон, алалхусус ба беморони дил дармону чораҷӯйӣ ва таваҷҷӯҳи хоссае сарф мекард. ӯ дар баробари шӯришу ҷунбишҳои сиёсӣ ва ҳокимону султонҳои ситамгари замони хеш мавқеи хосси сиёсии хешро дошт. Мавқеъгирӣ ва маниши сиёсии ин бузургвор пешгириҳои гарме дошта, алалхусус ин маниши сиёсӣ умдатан дар наздикӣ бо Умар ибни Абдулазиз ва талош дар ростои истеҳкоми хилофат, пуштибонӣ аз ӯ, нишон додани аломатҳо ва савияҳои ислоҳгарӣ, таҷдид бар асоси манҳаҷи хулафои рошидин буд, намудорӣ мешуд. Дар номае, ки ӯ ба Умар ибни Абдулазиз навишта буд, чунин омадаст: «Эй Амири мӯъминон, Худованд имоми одилро мояи ислоҳу ростгардонии ҳар каҷию инҳироф, ба роҳ овардани ҳар ситампеша, солеҳ гардонидани ҳар фасодофарин, муҷиби тавонмандии ҳар нотавон, додхоҳи ҳар ситамдида ва ёвари ҳар дармонда қарор додаст. Эй Амири мӯъминон, имоми одил, монанди чӯпони уштурон аст, ки беҳтарин чарогоҳҳоро барояшон фароҳам оварда, аз марғзорҳои ҳалоковар дур месозад ва аз осеби дарандагон ҳимояту ҳифозат мекунад ва аз озори гармову сармо нигоҳ медорад. Эй амири мӯъминон, пешвои додгар, чун падари дилсӯзест, ки барои тарбияи кӯдаконаш мекӯшад ва дар бузургӣ омӯзишашон медиҳаду дар тӯли зиндагии худ барои онон рӯзӣ касб мекунад ва баъд аз марги худ барояшон захира мекунад. Эй Амири мӯъминон, пешвои одил, монанди модар дилсӯзу некойин ва нармхӯст, ки ба сахтӣ ва талхӣ кӯдакро дар раҳми хеш ҳамл мекунад ва ба душворӣ ва вазнинӣ ба дунё меоварад. Дар кудакӣ ба тарбияташ мепардозад ва бо бехобии ӯ бехоб ва бо оромиши ӯ ором мешавад, гоҳ шираш медиҳаду гоҳ аз шир боз мегирад, аз саломатӣ ва офияташ шодмон ва аз нолонӣ ва дардмандияш ғамнок мешавад. Эй Амири мӯъминон, имоми одил, ҳамчун васӣ ва сарпарасти ятимон ва ӯҳдадору мутакаффили бенавоён аст, дар кӯдакӣ тарбият ва дар бузургӣ харҷашонро медиҳад. Эй Амири мӯъминон, имоми одил, монанди қалб дар байни аъзои бадани Одам аст, ки бо салоҳу саломатии ӯ ҷумлаи аъзову андом ба салоҳ меоянд ва чун табоҳ шавад тамоми аъзои бадан табоҳ мегарданд. Эй Амири мӯъминон, пешвои одил байни Худо ва бандагони Худост, сухани Худовандро мешунавад ва ба самъи мардум мерасонад, Худоро мебинад ва ба мардум нишон медиҳад, Худоро итоат мекунад ва мардумро ба итоаташ роҳнамоӣ мекунад. Эй Амири мӯъминон, дар умуре, ки Худо туро соҳибихтиёр кардааст, монанди он бандае мабош, ки мавлояш ба ӯ эътимод карда, молу хонаводаашро ба ӯ супурда аст, аммо ӯ амволи мавлояшро аз даст дода, хонаводаашро аз худ рондааст, хонаводааш бенаво ва молаш пароканда шудаанд. Эй Амири мӯъминон, огоҳ бош, ки Худованди мутаол ҳудуди худро воҷиб кардааст, то аз зиштиҳо ва палидиҳо пешгирӣ шавад, ҳоло агар пешвои мардум худ дар доми палидӣ афтад чӣ хоҳад шуд? Худованди мутаол қисосро мояи зиндагии мардум қарор дода аст, ҳоло агар он ки худ қисоси мардумро бигираду даст дар хуни онҳо фуру барад, чи мусибате хоҳад шуд? Эй Амири мӯъминон, ба ёди марг ва пас аз он бош, ки дунболарав ва пайраве дар он лаҳза нахоҳӣ дошт ва ёвароне нахоҳӣ дид. Пас худро барои марг ва ларзаи азиму хавфнок омода кун ва барои чунин рӯзе тӯша бардор. Эй Амири мӯъминон, огоҳ бош, ки ту манзиле ғайр аз манзили феълӣ хоҳи дошт, ки иқоматат дар онҷо тӯлонӣ хоҳад буд ва дӯстонро видоъ (хайрухуш) хоҳӣ гуфт ва туро дар гӯри тангу торик танҳо раҳо хоҳанд кард. Пас барои чунин рӯзе омода бош ва дӯсте пайдо кун, то дар рӯзе, ки одамӣ аз бародар, модару падар, ҳамсар ва фарзандонаш мегурезад ва бо дидани онон по ба фирор мегузорад, ҳамроҳ ва ҳамдамат бошад. Эй Амири мӯъминон, ба ёди рӯзе бош, ки одамиён аз даруни қабрҳо сар бар меоваранд ва он чи дар синаҳост ошкор шуда, розҳои пӯшида ошкор мешавад, номаи аъмоли ҳаркас, ҳар кӯчаку бузургеро дар назар гирифта, ҳеҷ якеро раҳо накардааст. Акнун, эй Амири мӯъминон, дар ҳоле ки ҳанӯз муҳлат дорӣ ва аҷал туро дар бар нагирифта, орзуҳоят ба интиҳо нарасидааст, иқдом кун. Эй Амири мӯъминон байни бандагони Худо мутобиқи дастур ва барномаи ҷоҳилон доварӣ макун. Бо онон ба равиши ситамгарон рафтор макун. Мустакбиронро бар мустазъафин бартарӣ мадеҳ, зеро онҳо ҳеҷ аҳду паймонеро дар робита бо мӯъминон риоят намекунанд, дар ғайри ин сурат ҳам гуноҳони худ ва ҳам гуноҳони дигарон ва ҳам борҳои сангини худ ва ҳам борҳои сангини дигаронро ба дӯш хоҳӣ кашид. Айшу нӯши дунё, ки ба қиммати аз даст рафтани хушиҳои ухравии ту муяссарат мешаванд, фиребат надиҳад. Ба тавонмандии имрӯзат нигоҳ макун, балки ба нотавонии фардоят бингар, ки дар занҷири марг гирифтор омадаӣ ва пешорӯйи Худованд дар маҷмааи малоика ва паёмбарон истодаӣ, дар ҳоле ки ҳамаи чеҳраҳои дар баробари Худованди зиндаву побарҷо афтода фурӯтан мешаванд. Эй Амири мӯъминон, ин номаро ман барои ту аз рӯйи дилсӯзиям нисбати ту навиштаам, то дар ҳаққи ту ҳеҷ кӯтоҳие накарда бошам. Эй Амири мӯъминон салому раҳмат в баракоти Худо ҳамроҳи ту бод». Хоҳони онам, ки аз гуфтаҳои боло ва номаи Ҳасани Басрӣ ба Амирилмӯъминин Умар ибни Абдулазиз панду ибрате гирифта бошем…


 
Сухбат-Форум » Дини мубини Ислом » Таърихи Ислом » Номаи Ҳасани Басрӣ ба Умар ибни Абдулазиз
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2009
Сайт управляется системой uCoz