Сухбат-Форум
 
МУСЛИМИН
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
Страница 1 из 11
Сухбат-Форум » Дини мубини Ислом » Огоҳ бошед » КАМХОБӢ СУННАТ АСТ (КАСЕ ХОБРО ЗИЁД КУНАД, ЗИНДАГИИ КАМ МЕКУНАД)
КАМХОБӢ СУННАТ АСТ
SolehaДата: Сешанбе, 25.08.2009, 12:00 | Сообщение # 1
Генерал-майор
Группа: Администраторы
Сообщений: 404
Репутация: 10
Статус: Offline
Хоб яке аз унсурҳои ҳаётии инсон аст, ки дар зиндагии ӯ нақши муҳимеро иҷро мекунад. Хоб на танҳо барои инсон, балки барои ҳар махлуқе, ки дар ҳаёт нафас мегираду зиндагӣ ба сар мебарад ҳатмӣ ва зарурист, ки бидуни он зиндагии осоиштаву рангорангро тасаввур кардан ҳеҷ имкон надорад. Пас шукри оне бояд кард, ки ин неъмат ва раҳмати пурбаҳои хешро барои оламиён иноят фармудаву барои он вақти муносиберо ҳам муайян кардааст, ки мефармояд: Ва гардондем хоби шуморо роҳате, ки мондагиву хастагии шуморо дур месозад. Ва гардондем шабро чун либос, яъне торику зулмат, ки барои хоб рафтан муносиб бошад.

Табиист, ки инсон ҳар вақте иродаи хоб рафтан кунад, ҳатман ҷоеро интихоб менамояд, ки шуру ғавғо набошад ва чароғе фурӯзон набошад. Ҳамин аст, ки хоб ва вақти интихобшудаи он аз ҷониби Худованд лутфест бар бандагон.

Ингуна неъматҳо дар ҳаёт, хусусан дар ҳаёти инсонӣ бештар ба назар мерасанд, ки гуногунрангӣ ва зебоии ҳаёти моро фаро гирифтаанд. Аммо ҳар як неъмат ва ҳар як раҳмате, ки моро дар зиндагӣ насиб мегардад, ба худ вақт ва миқдори муайянеро доро мебошад, ки аз миқдор ва вақти таъиншуда зиёд истифода ва истеъмоли он сабаби ворид гардидани ранҷу машаққат дар қисматҳои гуногуни организми инсон ва ҳаёти ӯ эҳтимол дорад.

Масалан, хӯрдан ҳам яке аз неъматҳои бузургест, ки дар ҳаёти инсонӣ ҷойгоҳи махсусеро касб кардааст. Аммо аз ҳад зиёд истифодаи он бар инсон боз чанд мушкилотеро пеш меорад, ки бар бадан ва сиҳатии ӯ халалдор гашта, инсонро ба танбалӣ, кундзеҳнӣ, тезхобӣ ва ғ.. бурда мерасонад.

Хоб ҳам чун дигар неъматҳои зарурии ҳаёти инсон дар худ вақт ва миқдори муайяни истифодабариро доро мебошад, ки мувофиқ бо оёти раббонӣ ва рафтору гуфтори паёмбар (с) ва инчунин бо таҳқиқу омӯзиши муҳаққиқони дини ислом шарҳу эзоҳи худро пайдо намуда, мавриди истифодаи мардуми мусалмон қарор гирифтааст.

Мувофиқи илми биологӣ миқдори миёнаи хобравии инсонҳо ба соатҳои муайян ҷудо шудааст, ки он барои кӯдакони наврас то синни 14-15-сола ҳашт соат ва барои колонсолон дар як шабонарӯз ҳафт соат муносиб мебошад.

Яъне маълум мегардад, ки аз ҳад зиёд истифодаи хоб бар инсон зарар дошта, бояд миқдори ҷудошударо риоя намояд, зеро дар натиҷаи аз ҳад зиёд истифодаи он инсон танбал ва заиф мегардад.

Ва дуруст аст, ки вақте модари ҳазрати Сулаймон ӯро насиҳат мекунад, мефармояд, ки: Писарам хоби зиёд накун, зеро ки аз ҳадду андоза изофатар хоб кардан, бандаро дар қиёмат муфлис мекунад ва дар ҷумлаи васфи муфлисон бармехезад.

Ё худ Худованд дар каломи муназзаҳи худ хитоб бар паёмбараш мефармояд, ки: Эй дарпечидаи либос шабро пурра бар хоб мадеҳ, нисфи шаб ё камтари аз онро, яъне се яки онро барои ибодат ва тиловати Қуръон во гузор ва ҳангоми тиловати каломи пок шитоб накун, балки онро бо тартил ва тафаккур тиловат намо.

Ҳамин буд, ки паёмбар (с) бештар се яки охири шабро дар ибодат ва тиловати каломи пок мегузаронданд. Бояд гуфт, ки ин шабе, ки дар аввал чун шароити мусоид барои хоб рафтан шарҳу тавзеҳ ёфта буд, аммо дар шарҳи ин оят барои касони тавоно, ки шабро зинда медоранд ва Холиқи якторо парастиш мекунанд, вақти бедории онҳо ва миқдори хоби онҳо таъин карда шуд.

Умуман хоб рафтан бояд ба худ вақти муайян ва муносиб дошта бошад, зеро дар вақтҳои ғайри муносиб метавонад бар инсон зарарҳоеро ҳам барасонад. Барои мисол Шайхурраис дар баёни зарарҳои хоб чунин мегӯяд, ки: Хоб кардан дар вақти субҳ бадани инсонро заиф ва суст мекунад, ки бо ин сабаб рӯзи худро дар як ҳолати афгорӣ сипари менамояд.

Ё ин ки аз тарафи рӯз бисёр хоб рафтан амроз ва касалиҳое, ки дар бадани инсон хобидаанд, бедор месозад, ранг ва чеҳраро пажмурда мекунад ва аммо аз тарафи рӯз хоби қайлуларо, ки расулуллоҳ (с) ба адои он бармехостанд ҳеҷ монеъае нест, дар он фавоиди зиёд ҳам ҳаст, чун қувват гирифтани димоғ ва зиёд гаштани ақлу ҳуш ва аз байн рафтани мондагӣ ва хастагӣ.

Ҳамаи шабро бедор будан ва ё ҳамаи онро хоб рафтан ҳам қобили қабул нест, зеро бедории ҳамаи шаб ба қавли Абуалии Сино дар инсон бадҳазмӣ, сустии ақлу ҳуш, пайдо шудани хушкӣ дар бадани инсон ва дар баъзе вақтҳо кор ба ҷое мерасад, ки шахс девона мешавад.

Ба ҳамин сабаб буд, ки паёмбар (с) ҳазрати Усмон(р)-ро аз шабгирӣ ва бедории ҳама шаб манъ намуда фармуда буд, ки нафси ту низ бар ту ҳақ дорад, яъне шабро ба қисматҳо ҷудо карда, вақтеро барои истироҳат ва оромиш интихоб намо ва ҳама шаб хоб кардан низ хуб нест ва қабл аз субҳ шудан бедор шудан лозим аст, зеро ҳама шабро ба хоб гузоштан шайтон дар гӯшҳои инсон идрор мекунад.

Пас ҳар як неъмате, ки насиби мо мегардад, бояд онро бо чашми хирад ва бо ақлу заковате истифода бурд. Аз ҷумла хоб, ки чун неъмат ва раҳмате барои истироҳати бадан ва оромиши ҷисму ҷони мо мебошад, тарзе бояд истифода бурд, ки боиси ташвишу нооромӣ ва нороҳатии мо нагардад. Мақоли хубест дар мардуми араб, ки мегӯянд: Ман нома касиран оша қалилан. Яъне касе хобро зиёд кунад, зиндагии кам мекунад.


 
Сухбат-Форум » Дини мубини Ислом » Огоҳ бошед » КАМХОБӢ СУННАТ АСТ (КАСЕ ХОБРО ЗИЁД КУНАД, ЗИНДАГИИ КАМ МЕКУНАД)
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2009
Сайт управляется системой uCoz