Сухбат-Форум
 
МУСЛИМИН
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
Страница 1 из 11
Сухбат-Форум » Дини мубини Ислом » Идҳои Ислом » МАЪНИИ ИД ЧИСТ?
МАЪНИИ ИД ЧИСТ?
MuslimahДата: Чумъа, 10.04.2009, 16:10 | Сообщение # 1
Adminka
Группа: Администраторы
Сообщений: 876
Репутация: 17
Статус: Offline
Вақте дини мубини ислом зуҳур кард, ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам пайравони худро гуфтанд, ки аз таҷлили идҳои даврони ҷоҳилона даст кашанд, зеро ислом ба мусулмонон таҷлили ду иди бузург (Иди Фитр ва Иди Қурбон)-ро армуғон овард.
Лафзи "Ид" аз "авд" (баргаштан) гирифта шудааст, зеро ҳар сол бармегардад (такрор мешавад) ва ё бо омадани он суруру шодӣ бармегардад.
Худованд дар он рӯзҳо ба мӯъминон бахшишу икроми зиёд мекунад.
Ҳақ Таъоло дар Қуръони азимушшаън мефармояд: "Фа салли лираббина ванҳар". Яъне, барои офаридгорат намоз бихон ва қурбонӣ кун. (Сураи "Кавсар", ояти 2). Бе ягон шакку шубҳа ҳазрати Муҳаммад ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ёронаш ва касоне, ки баъди онҳо буданд, намозҳои идайнро хондаанд. Аввалин бор Паёмбар ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам) намози идро соли дуюми ҳиҷрӣ хонданд, ки он намози иди Рамазон буд.
Бархе аз уламо гуфтаанд, ки намози идайн фарзи кифоя буда, аз шаъоир (аломат, нишонаҳои бузург)-и ислом аст. Аз ин рӯ тарк намудани намози ид нишондиҳандаи сустию танбалӣ мебошад. Орифе дар ин бора гуфтааст:

Умрат ба сар расид ба сомон намешавӣ,
В-аз кардаҳои хеш пушаймон намешавӣ.
Қуръон каломи ӯст, бихонию бишнавӣ,
Лекин чӣ суд, пайрави Қуръон намешавӣ?

Вақти намози ид баъди пурра тулӯъ кардан (баромадан)-и офтоб аст, то заволи он. Лекин суннат он аст, ки намози ид ҳангоми як найза баланд шудани офтоб хонда шавад. Ҳазрати Муҳаммад ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Амр ибни Ҳазм дар Наҷрон навиштаанд: "Дар намози иди Қурбон шитоб кун ва дар намози иди Фитр таъхир кун". Ибни Қудома ин гуфтаҳои Паёмбари гиромиқадрро чунин шарҳ медиҳад: "Сабаби барвақт хондани намози Қурбон дар он аст, ки вақти қурбонӣ кардан зиёд бимонад. Зеро аксари мардум баъди адои намози ид қурбонӣ мекунанд. Намози Иди Рамазонро барои он каме таъхир мекунанд, ки афроди садақаи фитрро то ҳол надода, онро бипардозанд, то аз савоби бузург бебаҳра намонанд".
Намози ид ду ракаат буда, онро чунин ният мекунанд: "Ният кардам бигзорам ду ракаат намози иди Қурбон бо ҷумлаи такбироташ, ки воҷиби ин вақт аст. Рӯй овардам ба қибла, Қибла ҷиҳати қаъба, Иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода. Холисан лиллоҳи Таъоло, Аллоҳу Акбар".
Баъди адои намози ид ду хутба хонда мешавад. Дар хотима барои ҳамаи мӯъминон дуои хайр мекунанд. Намозгузорон аз Худованд имони комил, тандурустӣ, офият, сулҳу субот ва файзу баракат мехоҳанд.


 
Сухбат-Форум » Дини мубини Ислом » Идҳои Ислом » МАЪНИИ ИД ЧИСТ?
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2009
Сайт управляется системой uCoz