Сухбат-Форум
 
МУСЛИМИН
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
Страница 1 из 11
Сухбат-Форум » Дини мубини Ислом » Ахлоқи ҳамида » Аз ки бигрезам?
Аз ки бигрезам?
MuslimahДата: Чумъа, 30.10.2009, 13:42 | Сообщение # 1
Adminka
Группа: Администраторы
Сообщений: 876
Репутация: 17
Статус: Offline
Худованд инсонҳоро бо сиришти гуногун офарида аст, дастае аз мардум фитрати моргуна дошта, синаи дўст ва пушти душманро нигариста, ҳамаро неш мезананд.

Гурўҳе аз мардум ошнои фоидаи худ буда, бо ҳар касе фоидаи худро мушоҳида кунад, дунболарави он мешавад ва фоидаҷўӣ мекунад.

Ин гуна фурсатталабон ва манфиатҷўён, дороии дунёро барои дўстии худ меъёр қарор дода, ҷуз дирҳаму динор чизи дигареро намешиносанд.

Таба қае аз мардум фитрати солим ва тинати дуруст дошта, дастуроти динӣ ва ризои Парвардигорро меъёри дўстии худ қарор додаанд, ҳамин ҷамоати солеҳон ва дастаи мутта қиён буда, ҳамин таба қа аз мардум шоистаи дўстӣ мебошанд.

Нишасту бархост ва дўстӣ бо мардумони нексират ва покниҳод яке аз неъматҳои Худованд(ҷ) мебошад, ки онро ба бандагони покнафси худ арзонӣ мекунад.

Чунки инсон фитрати иҷтимоӣ дошта, наметавонад зиндагии худро ба танҳои ва гўшанишинӣ сипарӣ намояд. Рафту омад, нишасту бархост ва рафо қат дар ниҳоди эшон наҳўфта мебошад, пас бояд бо ҷамоаи солеҳон дўстӣ дошта бошад.

Нукоти зерин фазилати дўстии нексиратон ва покнафсонро мерасонад:

1. Дар рўзи то қатфарсо ва пурҳаёҳуй қиёмат, онҳое, ки дўстиашон рўйи меҳвари моддапарастӣ , гуноҳ, ҳарзасароӣ … мечархад, аз риштаи дўстии худ пушаймон шуда, рафо қаташон сабаби ҳалокаташон мегардад, магар солеҳону покнафсон дар ҳамин рўз аз риштаи дўстии худ насиб бурда, шодмон мебошанд. Аллоҳ(ҷ) мефармояд: "Дўстон дар рўзи қиёмат душмани ҳамдигар мешаванд, ба ҷуз парҳезгорон(ки барояшон гуфта мешавад) эй бандагони ман, на бар шумо тарс аст ва на ғамгин мешавед.

2. Дўсти ин дастаи мардум сабаби наҷот мешавад: Пайғамбари Ислом (саллаллоху алайхи вассалам) мефармояд: Аллоҳ(ҷ) дар рўзи растохез мефармояд: Куҷо ҳастанд онҳое, ки танҳо ба хотири хушнудии Аллоҳ(ҷ) бо ҳам дўстӣ мекунанд. Савганд ба шаънам, ки имрўз онҳоро зери сояи раҳматам ҷой медиҳам, ҳол онки ҷуз сояи раҳматам ҳеҷ сояе вуҷуд надорад.

3. Расулаллоҳ(саллаллоху алайхи вассалам) дар ҳадисе мефармояд:

Дар рўзи вопасин, як мўъмине (ки дузах бар ў воҷиб гардидааст) бар мўъмине мегузарад ва ўро мегўяд: Эй фалонӣ, оё фаромўш кардӣ рўзеро, ки кузаи обро ба хотири вузў кардан бароят додам ( ман дўстат ҳастам ва он мўъминро низ дўстии он шахс ба ёд меояд) ва барояш шафоат мекунад ва Худованд аз дузах наҷоташ медиҳад.

4. Дар тафсири "Маориф-ул- Қуръон на қл гардидааст:

«Ибни Касир дар тафсири оёти фав қ қавли Али(р)-ро зикр кард аст, ки фишурдаи онро меоварем: ду мўъмин ва ду кофир бо ҳам дўст буданд . Аз ду дўсти мўъмин якеро марг дар оғўш гирифт ва муждаи биҳшт барояш дода шуд. Ў ба фикри дўсташ афтид ва гуфт: Парвардигоро, фалон дўсти ман, маро ба корҳои нек маъмур гардонида, аз корҳои бад бозам медошт ва мегуфт, ки рўзе назди офаридгори худ ҳозир хоҳем шуд.

Парвардигоро, ўро гумроҳ макун ва ба дидани манзараҳои биҳишт шодмонаш соз.

Баъд аз марг дўсти дуюм авроҳашон бо ҳам якҷо мешаванд , Худованди мутаол (ҷ) барояшон мегўяд: Шумо ҳарду яке дигарро тавсиф кунед, Онҳо ҳамдигарро ба сифатҳои некў меситонанд.

Ҳангоме ки яке аз он ду кофир бимирад, бо дидани ҷаҳаннам пажмурда хотир мешавад ва ба фикри дўсташ афтода, мегўяд: Парвардигоро, фалон дўстам маро аз роҳи рост мунҳариф сохта, ба корҳои ношоиста маъмурам месохт ва аз корҳои писандида бозам медошт. Парвардигоро, баъд аз ман ҳам ўро дар гумроҳӣ ва каҷрафторӣ нигоҳ дор ва бо манзараҳои дузах афсурдахотираш соз.

Ва қте он кофири дуюм мемирад, арвоҳашон бо ҳам якҷо мешавад, барояшон гуфта мешавад: яке дигарро тавсиф кунед, ҳар яке аз онҳо дигарашро мегўяд: бадтарин ёр ва бадтарин ҳамдам буд!


 
Сухбат-Форум » Дини мубини Ислом » Ахлоқи ҳамида » Аз ки бигрезам?
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2009
Сайт управляется системой uCoz