Сухбат-Форум
 
МУСЛИМИН
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
Страница 1 из 11
Сухбат-Форум » ФИҚҲ » Руза » Барои рӯзадор ду шодмонии бузург аст
Барои рӯзадор ду шодмонии бузург аст
SolehaДата: Панчшанбе, 20.08.2009, 16:26 | Сообщение # 1
Генерал-майор
Группа: Администраторы
Сообщений: 404
Репутация: 10
Статус: Offline
Моҳи шарифи Рамазон пур аз фазилат буда, хусусиятҳои зиёд дорад. Дар арафаи фарорасии ин моҳи пурбаракат бо воъизи шинохта, имом – хатиби масҷиди ба номи ҳазрати Муҳаммад (с) Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода сӯҳбате доштем.
-Ҳоҷӣ-домулло, Рамазонро моҳи умматони Муҳаммад(с) мегӯянд. Мехостем каме дар бораи фазилатҳои ин моҳи муборак маълумот диҳед.

-Дил аз нурат мунаввар кун, Худоё,
Забонам шукрпарвар кун, Худоё.
Зи бӯи ғунчаи гулзори маънӣ,
Димоғамро муаттар кун, Худоё.

Моҳи мубораки Рамазон дорои хусусиятҳои бузургест. Худованди бузург дар сураи «Бақара» фармудааст: «Рамазон моҳест, ки фиристода шуд дар он Қуръон, ҳидояткунанда аст мардумро бо далелҳои равшан ва ҷудокунанда аст ҳақро аз ботил».
Ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармояд: «Ҳар кас фараҳманд гардад бо омадани моҳи шарифи Рамазон Худованд ҷасади ӯро дар оташи дӯзах намесӯзонад.
Дар ҳадиси дигар омадааст: «Ҳар чӣ гоҳе, ки шаби аввали Рамазон меояд, Аллоҳ таъоло мегӯяд: «Кист он ки дӯст медорад маро ва ман дӯст медорам ӯро? Ва кист он ки ҳар чи талаб кунад аз ман ҳоҷати ӯро раво гардонам ва кист он ки мағфират талабад аз ман мағфират кунам ӯро? » Пас Худованд амр мекунад Кироминкотибинро (фариштагонеро, ки гуноҳу савоби бандагонро менависанд), ки дар номаи аъмоли мӯъмин некиҳояшро нависанд. Ва бадиҳои ӯро тарк кунанд. Худованд аз номаи аъмоли бандаи рӯзадор гуноҳони гузаштаашро маҳв мегардонад.
Дар ҳадис зикр шудааст: «Ҳар гоҳе ки моҳи шарифи Рамазон фаро расад, Аршу Курсӣ ва фариштагон нидо кунанд, ки «башорат боз умматони Муҳаммад (с)-ро, ки аз назди Аллоҳ Таъоло ба атоҳои фаровон ноил гаштанд. Офтобу моҳтобу ситорагон дар осмон, мурғон дар ҳаво, моҳиён дар баҳрҳо ва тамоми соҳибони ҷон аз Парвардигор омурзиши гуноҳони Муҳаммад (с)-ро мекунанд. Худованд ба фариштагон мефармояд, ки савоби намозу тасбеҳи худро дар моҳи Рамазон ба уммати Муҳаммад (с) бахшед.
-Дар ин моҳи муборак ғайр аз рӯза боз кадом амалҳо савоби зиёд доранд?
-Ҳазрати Умар разияллоҳу анҳу нақл мекунанд, ки Расули Акрам(с) фармуданд: «Шахсе аз уммати ман агар дар моҳи Рамазон хоб раваду аз ин паҳлӯ ба паҳлӯи дигар ҳаракат кунад, фариштае гӯяд, ки «Раҳмати Худо, баракати Худо бар ту бод. Бархез, ки вақти намоз аст. Агар барои нияти намоз бархезад, фирош (ҷойгаҳ) гӯяд, ки «эй бор Худоё, ба ин банда аз фироши ҷаннат ато кун!» Ҷома гӯяд: «Худоё, ба ин банда аз либоси биҳишт ато намо!» Пойафзол гӯяд: « Худоё, собит гардон қадами ӯро бар Сирот». Чун аз барои таҳорат офтобаро гирад, офтобаву об гӯянд: «Худоё, ин рӯзадорро аз оби Кавсар сероб гардонида, ӯро аз хатою гуноҳ пок намо!» Чун ба намоз шурӯъ кунад, хонаву масҷид гӯянд: «Худоё васеъ гардон қабри ӯро, мағфират кун гуноҳи ӯро ба назари мағфират ба ӯ бингар». Худованд гӯяд: «Эй бандаи ман, акнун намоз хондӣ, дуо кун, ки иҷобат кунам ва талаби мағфират намо, ки омурзиш кунам (бахшам)».
Мувофиқи ҳадис касе дар Рамазон як амали нафл анҷом диҳад, баробари он аст, ки дар ғайри Рамазон фарзеро анҷом додааст. Касе дар Рамазон амали фарзеро анҷом диҳад, гӯё дар ғайри Рамазон 70 фарзро адо кардааст.
-Рӯзадор бояд аз кадом амалҳо дурӣ ҷӯяд?
-Шахси рӯзадор бояд аз суханҳои нолоиқ дашному ҳақорат, ғайбату дурӯғ, тӯҳмату қасами ноҳақ худро нигоҳ дорад. Агар касе рӯзадорро дашном диҳад, ӯ дар ҷавоб гӯяд, ки «ман рӯзадорам ва аз Худованд метарсам, ки бо ту ҷангу ҷидол ва мунозира намоям». Алалхусус озор додани дили касе гуноҳи зиёд дорад.

Моҳи Рамазон омад аз сӯи Биҳишт,
Омад ба машоми мӯъминон бӯи Биҳишт.
Ҳар кас, ки дар ин моҳ дилозорӣ кард,
Не рӯи Биҳишт бинаду не бӯи Биҳишт.

Барои рӯзадор ду шодмонии бузург аст. Яке аз онҳо вақти кушодани рӯза ва шодмонии дигар мушоҳидаи дидори Худои Таъолост, ки дар охират насибаву рӯзӣ хоҳад шуд.
Бандаи мӯъмин дар моҳи Рамазон рӯҳи худро пок мегардонад. Яъне, ба хотири ризои Худованд худро аз хоҳишҳои нафсонӣ (хӯрдан, нӯшидан, алоқаи ҷинсӣ кардан, носу сигор кашидан, дашном додан) нигоҳ медорад. Рӯза дар инсон некӣ кардану инсондӯст буданро парвариш медиҳад.
Худованд ҳамаи моро аз фазилатҳои ин моҳи шариф баҳравар намуда, диёри моро пурфайзу бобаракат гардонад.


 
SolehaДата: Панчшанбе, 03.09.2009, 19:48 | Сообщение # 2
Генерал-майор
Группа: Администраторы
Сообщений: 404
Репутация: 10
Статус: Offline
РАМАЗОН ФУРСАТИ ХУБЕСТ БАРОИ СОХТАНИ РӮҲ

Рамазон моҳест, ки саропо раҳмату мағфират аст, моҳе, ки сангдилтарин инсон бузургии онро ламс ва эҳсос мекунад, моҳест, ки раҳмату баракоти Илоҳӣ монанди борони баҳорон фурӯд меояд, моҳест, ки тамоми ҳаракоту саканоти хуби инсонӣ дар даргоҳи Илоҳӣ арзиши чанд баробарро мегиранд. Болотар аз ҳама Рамазон моҳест, ки Худованд онро тавсиф намуда бузургтарин мӯъҷизаи худ Қуръони Каримро фурӯ фиристод. Ин моҳи муборакро ба тамоми мусалмонони ҷаҳон, хусусан мардуми шарифи Тоҷикистони азизамон табрик мегӯем.
Моҳи мубораки Рамазон фурсати хубест барои сохтани рӯҳу ҷисми инсон, бинобар ин дар ин моҳ метавон саҳифаҳои аъмоли хуби худро ба некӣ кардан ба мардум ва садақоту тоату ибодат чанд баробар афзуд. Ҳар амале фурсате дорад, ки инсон дар он мавқеъ ба чизҳое дастрас пайдо мекунад, ки дар дигар фурсатҳо он чиз ё ба даст намеояд ё ин ки андаке ба даст меояд. Рамазон низ нисбат ба дигар моҳҳо чунин аст, яъне ваъдаи Худованд аст, ки подоши аъмоли хуби инсонро дар ин моҳ чанд баробар мекунад.
Сипос Худоеро сазост, ки моро барои сипосгузории худ роҳнамоӣ намуд ва аз сипосгузорон қарор дод, то барои эҳсон ва некӯияш аз шукргузорон бошем ва моро бар он сипосгузорӣ подоши некукорон диҳад ва сипос Худоеро, ки сазост, ки дини худро ба мо ато намуд ва моро ҷузви миллати хеш (Ислом) ихтисос дод ва дар роҳҳои эҳсон ва некияш раҳнамун кард, то ба василаи неъматаш дар он роҳҳо рафта, ба сӯи ризо ва хушнудияш даст ёбем, сипосе, ки онро аз мо бипазирад ва ба василаи он аз мо хушнуд гардад.
Сипос Худоеро, ки Рамазонро барои мо моҳи тазкия (покшавӣ) қарор дод.
Рамазон моҳест, ки Қуръон дар он фурӯ фиристода шуд, дар ҳоле, ки барои мардум роҳнамое аз гумроҳӣ ва нишонаҳои ошкори раҳбарӣ ва ҷудокунандаи миёни ҳақ ва ботил аст.
Пас бартарии онро бар моҳҳои дигар ба сабаби ҳурматҳо ва гиромидоштанҳои бисёр ва фазоил ва бартариҳои ошкор, ки барои он қарор дод, ҳувайдо гардонид ва дар он моҳ аз ҷиҳати бузургдошт, хӯрданиҳо ва ошомиданиҳоро дар рӯзҳои он манъ кард ва барои он вақти муайяне қарор дод, ки Худои бузургу тавоно ҷоиз ва раво намедонад, ки пеш андохта шавад ва намепазирад, ки аз он вақт ба таъхир афтад. Сипас ибодат ва бандагӣ дар шабҳои Рамазонро ба ҳазор моҳ бартарӣ дод ва онро Шаби Қадр номид, Шабе, ки Худои таъоло аҷалҳо, рӯзиҳо ва ҳар амре, ки ҳодис мешавад, муқаддар мефармояд. Дар он шаб бисёре аз фариштагон ва рӯҳ, ки махлуқе аст бузургтар аз фаришта ба фармони парвардигорашон бар ҳар, ки аз бандагонаш бихоҳад бо қазо ва қадаре, ки маҳкам ва устувор карда, ки тағйир ва табдиле дар он нест.
Вақте Паёмбар (с.) дар хутбаи шаъбония фазоили моҳи Рамазон ва рӯзаро баршумурд, амирулмӯъминин Алӣ (к.в.) пурсид: «Беҳтарин аъмол дар ин моҳ чист?» Дар посух Паёмбар (с.) фармуд: «Алвараъу ъан маҳоримиллоҳ». Яъне, парҳез ва иҷтиноб аз маъосӣ ва гуноҳон аст. Бинобар ин рӯза омили боздоранда аз гуноҳ, омили саркӯбкунандаи нафси исёнгар аст, ки рӯзадор бо анҷоми ин дастури Илоҳӣ ба наҳви аҳсан, ки аз шароити камоли рӯза аст, рӯҳ тақво ва парҳезгориро дар хеш зинда мекунад. Зеро ки бо рӯза дар моҳи мубораки Рамазон, ислоҳи нафс ва тарбияти он ва тақво пеша кардан ба маротиб осонтар аст, зеро гуруснагӣ ва ташнагӣ ва дигар маҳрумиятҳои рӯза, шӯълаҳои саркаши ғароизи ҳайвонӣ ва ҳавоҳои нафсониро хомӯш месозад.
Мавлавӣ фармудааст:

Ҳаст рӯзаи тоҳир, имсоки таъом
Рӯзаи маънӣ, таваҷҷӯҳ дон тамом.
Ин даҳон бастӣ, даҳоне, боз шуд
Ки хӯранда, донаҳои роз шуд.
Ҷӯъ мар хосони ҳақро додаанд
То шаванд аз ҷӯъ шерон зӯрманд.

[b]


 
Сухбат-Форум » ФИҚҲ » Руза » Барои рӯзадор ду шодмонии бузург аст
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2009
Сайт управляется системой uCoz