Тарзи хондани намоз - Сухбат-Форум
Чумъа, 25.04.2014, 12:41
Приветствую Вас мехмон | RSS

Муслимин

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
Страница 1 из 11
Сухбат-Форум » ФИҚҲ » Намоз » Тарзи хондани намоз
Тарзи хондани намоз
MuslimahДата: Душанбе, 23.03.2009, 21:19 | Сообщение # 1
Adminka
Группа: Администраторы
Сообщений: 935
Награды: 0
Репутация: 17
Статус: Offline
дар хусуси намози бомдод маълумот медиҳем. Намози бомдод аз ду ракаат суннат ва ду ракаат фарз иборат аст. Яке аз фарзҳои намоз шинохтани вақт ба шумор меравад. Вақти намози бомдод аз дамидани субҳи содиқ то баромадани офтоб аст. Вақте тулӯи офтоб намоён шуд, хондани намоз раво нест. Пас аз он ки офтоб пурра тулӯъ кард (тақрибан 30 дақиқа) намози бомдодро қазоӣ ният карда хондан мумкин аст. То намози пешин суннату фарзи бомдодро қазоӣ хонда мешавад. Намози қазоӣ ҳеҷ вақт ҷои намози вақтиро намегирад. Аз ин рӯ, кӯшиш намоед, ки намозро дар вақташ хонед.
Саҳаргоҳон баъди таҳорат кардан бо либоси тоза рӯи ҷойнамоз истода чунин ният намоед: "Ният кардам бигзорам ду ракаат суннати намози бомдод. Рӯй овардам ба қибла. Қибла ҷиҳати Каъба. Холис анлилоҳи Таъоло. Аллоҳу Акбар". Сипас нарангушти дастонро ба нармии гӯшҳо расонида, дасти ростро болои дасти чап гирифтан лозим. (Занҳо дастҳоро баробари китфҳояшон бардошта, сипас болои қафаси сина мегузоранд).
Баъд аз он дасти ростро бар чап,
Биниҳӣ зери ноф баҳри адаб,
Мар занонро ба ҷумлаи ақвол,
Даст бар сина беҳ бувад ҳама ҳол.

Сонӣ ин "Сано"-ро мехонанд: "Субҳонакаллоҳума ва би ҳамдика, ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрук". Баъд "Аъузу биллоҳи минаш шайтонир Раҷим, Бисмиллоҳир, аҳмонир Раҳим " гуфта, сураи "Фотиҳа" ("Алҳамд)-ро хондан лозим. "Бисмиллоҳ" гуфта, боз як сураи дигар. Масалан. "Кофирун" ("Қулё")-ро хондан мумкин. Баъд намозгузор "Аллоҳу акбар" (такбир) гуфта, даст ба зону мениҳаду (рукӯъ) се бор "Субҳона рабби ал азим" мегӯяд. Сипас "Самиъаллоҳу ли ман ҳамида"-гуфта қоматро рост мекунад. Боз такбир гуфта, ба саҷда меравад ва ду саҷда менамояд. Дар ҳар саҷда се борӣ "Субҳона рабби ал аъло" мегӯяд. Баъд рост истода, дасти ростро бар чап ниҳода "Бисмиллоҳ" гӯён сураи "Фотиҳа" мехонаду боз "Бисмиллоҳ" гуфта сураи дигареро зам мекунад. Ҳамин тавр, рукӯъ ва саҷда карда, сари ду зону нишаста (қаъда карда), ташаҳҳуд ("Аттаҳаёт"), салавот ва дуо ("Аллоҳуммағфирли") мехонад. Сипас "ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ" -гуфта ба ҷониби росту чап салом медиҳад.
Хуб мешуд, ки суннати намози бомдод аз фарз каме пештар хонда шавад. Масалан, соати панҷу бист суннат хонда, соати панҷу чил фарзро бихонед. Дар ин фосила сухани беҳуда нагуфта, ба хондани дуову дуруд, зикри номҳои Худованд машғул шудан савоби зиёд дорад.
Пеш аз намози фарз "қомат" ("такбир") гуфта мешавад. Баъд ният кардан лозим. Агар намози фарзи бомдодро бо ҷамоат гузоред, баъди "Қибла ҷиҳати Каъба" -гуфтан "Иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода" гуфтан лозим меояд . Дар ин ҳолат "Сано"-ро хонда, қироати имомро гӯш кардан лозим. Ҳангоми қаъда кардан ташаҳҳуду салавот ва дуоро ҳар кас худаш мехонад.


 
Avatar 23.03.2009 в 21:19 Muslimah написал: дар хусуси намози бомдод маълумот медиҳем. Намози бомдод аз ду ракаат суннат ва ду ракаат фарз иборат аст. Яке аз фарзҳои намоз шинохтани вақт ба шумор меравад. Вақти намози бомдод аз дамидани субҳи содиқ то баромадани офтоб аст. Вақте тулӯи офтоб намоён шуд, хондани намоз раво нест. Пас аз он ки офтоб пурра тулӯъ кард (тақрибан 30 дақиқа) намози бомдодро қазоӣ ният карда хондан мумкин аст. То намози пешин суннату фарзи бомдодро қазоӣ хонда мешавад. Намози қазоӣ ҳеҷ вақт ҷои намози вақтиро намегирад. Аз ин рӯ, кӯшиш намоед, ки намозро дар вақташ хонед.
Саҳаргоҳон баъди таҳорат кардан бо либоси тоза рӯи ҷойнамоз истода чунин ният намоед: "Ният кардам бигзорам ду ракаат суннати намози бомдод. Рӯй овардам ба қибла. Қибла ҷиҳати Каъба. Холис анлилоҳи Таъоло. Аллоҳу Акбар". Сипас нарангушти дастонро ба нармии гӯшҳо расонида, дасти ростро болои дасти чап гирифтан лозим. (Занҳо дастҳоро баробари китфҳояшон бардошта, сипас болои қафаси сина мегузоранд).
Баъд аз он дасти ростро бар чап,
Биниҳӣ зери ноф баҳри адаб,
Мар занонро ба ҷумлаи ақвол,
Даст бар сина беҳ бувад ҳама ҳол.

Сонӣ ин "Сано"-ро мехонанд: "Субҳонакаллоҳума ва би ҳамдика, ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрук". Баъд "Аъузу биллоҳи минаш шайтонир Раҷим, Бисмиллоҳир, аҳмонир Раҳим " гуфта, сураи "Фотиҳа" ("Алҳамд)-ро хондан лозим. "Бисмиллоҳ" гуфта, боз як сураи дигар. Масалан. "Кофирун" ("Қулё")-ро хондан мумкин. Баъд намозгузор "Аллоҳу акбар" (такбир) гуфта, даст ба зону мениҳаду (рукӯъ) се бор "Субҳона рабби ал азим" мегӯяд. Сипас "Самиъаллоҳу ли ман ҳамида"-гуфта қоматро рост мекунад. Боз такбир гуфта, ба саҷда меравад ва ду саҷда менамояд. Дар ҳар саҷда се борӣ "Субҳона рабби ал аъло" мегӯяд. Баъд рост истода, дасти ростро бар чап ниҳода "Бисмиллоҳ" гӯён сураи "Фотиҳа" мехонаду боз "Бисмиллоҳ" гуфта сураи дигареро зам мекунад. Ҳамин тавр, рукӯъ ва саҷда карда, сари ду зону нишаста (қаъда карда), ташаҳҳуд ("Аттаҳаёт"), салавот ва дуо ("Аллоҳуммағфирли") мехонад. Сипас "ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ" -гуфта ба ҷониби росту чап салом медиҳад.
Хуб мешуд, ки суннати намози бомдод аз фарз каме пештар хонда шавад. Масалан, соати панҷу бист суннат хонда, соати панҷу чил фарзро бихонед. Дар ин фосила сухани беҳуда нагуфта, ба хондани дуову дуруд, зикри номҳои Худованд машғул шудан савоби зиёд дорад.
Пеш аз намози фарз "қомат" ("такбир") гуфта мешавад. Баъд ният кардан лозим. Агар намози фарзи бомдодро бо ҷамоат гузоред, баъди "Қибла ҷиҳати Каъба" -гуфтан "Иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода" гуфтан лозим меояд . Дар ин ҳолат "Сано"-ро хонда, қироати имомро гӯш кардан лозим. Ҳангоми қаъда кардан ташаҳҳуду салавот ва дуоро ҳар кас худаш мехонад.

Сухбат-Форум » ФИҚҲ » Намоз » Тарзи хондани намоз
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2014
Создать сайт бесплатно