Сухбат-Форум
 
МУСЛИМИН
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
Страница 1 из 11
Сухбат-Форум » ФИҚҲ » Закот » ЗАКОТ БОИСИ ЗИЁДАТ МЕШАВАД
ЗАКОТ БОИСИ ЗИЁДАТ МЕШАВАД
MuslimahДата: Чумъа, 10.04.2009, 15:10 | Сообщение # 1
Adminka
Группа: Администраторы
Сообщений: 876
Репутация: 17
Статус: Offline
Худованди Таборак ва Таъоло дар чанд ҷои Қуръони Маҷид намозро бо закот якҷоя зикр намудааст: "Ва ақимус салота ва отуз закота" "Намозро барпой доред ва закот бидиҳед!).
Закот дар луғат ба маънои покӣ ва зиёдат аст. Дар "Баҳрур Роиқ" омадааст: "Ба хотири он закот номида шуд, ки ба воситаи он амвол нумӯ ва зиёдат меёбад". Закот яке аз аркони бузурги ислом аст. Закот ба афроде фарз аст, ки мусулмон, оқил, болиғ, озод ва соҳиби нисоби комил буда, аз соҳиби нисоб (марра, ҳадди муайяни доштани молу сарват) як сол бигзарад.

ЗАКОТИ ТИЛЛО ВА НУҚРА
Агар касе соҳиби 200 дирҳам нуқра шуд ва як сол аз он бигзашт, закот ба ӯ фарз гардида, дуюним фоизашро закот месупорад. Закоти 200 дирҳам нуқра панҷ дирҳам мешавад. Аз рӯи ҳисоби имрӯза баъзе уламо муайян кардаанд, ки бо доштани 595 грамм нуқра ва ё арзиши он баъди гузаштани як сол закот додан лозим меояд. Нисоби тилло 20 мисқол аст. Яъне, касе, ки 85 грамм тилло ва ё арзиши онро дошта бошад, баъди гузаштани як сол закоти онро (2,5%) бояд бипардозад. Агар аз тилло ва нуқра зеваролот (гӯшвор, ангуштарин, гарданбанд...) дошта бошад, ё зарфи тиллогин харида бошад, аз онҳо низ бояд закот бидиҳад.

ЗАКОТИ МОЛҲОИ ТИҶОРАТӢ
Аз молҳои тиҷоратӣ низ закот додан фарз аст. Дар сурате, ки арзиши мол ба ҳадди нисоби тиллою нуқра бирасад ва як сол сипарӣ шавад, закот бояд дод.
Нисоби моли тиҷоратӣ тавре ба тиллою нуқра нархгузорӣ мегардад, ки бо нисоби яке аз онҳо расида бошаду манфиаташ ба фақиру мискинон бирасад.
Шогирдони Имоми Аъзам (р) - Абуюсуф (р) ва Имом Муҳаммад (р) гуфтаанд: "Агар моли тиҷоратӣ ба воситаи тилло харидорӣ гардид, нисобаш ба тилло андоза (чен) карда мешавад ва агар тавассути нуқра харида шавад, нисобаш ба нуқра муайян мегардад. Агар ба чизи дигаре харидорӣ гардид, дар он сурат нисобаш бо пули дар он кишвар муравваҷ (сомонӣ, евро, доллар, рубли русӣ) нархгузорӣ мешавад.

Закоти чорво
Додани закот аз "соима" низ фарз аст. "Соима" чорвоеро меноманд, ки дар саҳро (дашт) мечаранд, монанди шутур, гов, бузу гӯсфанд. Аз "соима" закот ба он шарт воҷиб мегардад, ки бештари айёми солро (зиёда аз 6 моҳ) дар берун бичаранд. Агар соҳиби мол нисфи сол ва зиёда аз онро ба чорво алаф дод, дар он сурат закот воҷиб намегардад.
Дар камтар аз 5 шутур закот вуҷуд надорад. Агар теъдоди онҳо ба 5 шутуре, ки дар саҳро мечаранд, бирасаду як сол гузарад, бояд як гӯсфанд закот диҳад. То нӯҳ шутур танҳо 1 гӯсфанд додан кофист. Ҳар гоҳ шумораи шутурҳо ба 10 адад бирасад, закоташон ду гӯсфанд мешавад. Вақте ба 20 адад бирасад, (то 24 шутур) чор гӯсфанд бояд дод. Чун теъдоди шутур ба 25 расид (то 35 шутур), он гоҳ як шутури яксолаи модаро закот додан лозим меояд.
Касе камтар аз сӣ гов дошта бошад, аз онҳо закот намедиҳад. Вақте шумораи говҳои дар саҳро мечаридагӣ ба 30 адад расиду аз байн як сол гузашт, як гӯсолаи яксоларо закот додан воҷиб мешавад. То 39 гов закот ҳамин аст. Чун шумораи онҳо ба 40 адад бирасад, як гови дусоларо закот медиҳад. Дар 60 гов ду гӯсолаи яксоларо закот бояд дод.
Дар камтар аз 40 бузу гӯсфанд закот вуҷуд надорад. Ҳар гоҳ шумораашон ба 40 гӯсфанде, ки дар саҳро мечаранд, расиду як сол гузашт, закоташ як гӯсфанд аст. Дар 121 сар бузу гӯсфанд 2 гӯсфанд закот медиҳанд. Чун шумораи бузу гӯсфандон ба 201 адад расид, се гӯсфанд ва аз 400 сар гӯсфанд закот додан лозим меояд.
Закотро ба кӣ бояд дод? Худои Мутаъол дар китоби муқаддасаш Қуръони Маҷид масорифи закотро шарҳ дода мефармояд: "Садоқат (закот) ба фақирон, масокин, омилини садақаву закот, ба гурӯҳе, ки дилҳояшон ба ислом ҷалб карда мешаванд (муаллафатул қулуб), эҷодаш гарданҳо дар (адои қарз), товондиҳандагон, дар роҳи Худо ва ба мусофирон сарф мешавад". (Сураи "Тавба", ояти 60).
Дар ин оят 8 гурӯҳ зикр гардидаанд: 1) Фақирон, 2) Мискинон, 3) Омилини закот (закотҷамъоварандагон), 4) "Муаллафатулқулуб", 5) Ғулом, 6) Қарздорон, 7) Дар роҳи Худо, 8)Мусофир.
Фақир касест, ки моли ночизе доштаю ба нисоб нарасидааст: Мискин касест, ки ҳеҷ чизе надошта бошад. Мусофир (ибни сабил) касест, ки дар аснои сафараш чизе надошта бошад, агарчи дар ватанаш ӯ ғанӣ (бой) аст:
Худованд дар сураи "Бақара" ояти 130 мефармояд: "Эй Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам), садақа ва закоти амволи ишонро бигир, то ба ин восита онҳоро аз чирки бухл (хасисӣ) ва гуноҳон пок созӣ". Закот додан дар дини сарватмандон нисбати фақиру мӯҳтоҷон як навъ дилсӯзию хайрхоҳиро ба миён меорад. Дар навбати худ мӯҳтоҷон сарватмандонро дуои нек мекунанд ва ин бародариро миёни мусулмонон таҳким бахшида, боиси афзоиши файзу баракат мешавад.


 
Сухбат-Форум » ФИҚҲ » Закот » ЗАКОТ БОИСИ ЗИЁДАТ МЕШАВАД
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2009
Сайт управляется системой uCoz