| Muslimah | Дата: Чумъа, 30.10.2009, 13:27 | Сообщение # 1 |
 Adminka
Группа: Администраторы
Сообщений: 876
Репутация: 17
Статус: Offline
| Истиқбол аз густариши мадориси исломӣ дар ин Англия Islam Online: Ҳизби муҳофизакори Англия дар назар дорад, ки дар сурати ба қудрат расидан, барои баровардани ниёзи мусулмонон ба омӯзиши динӣ шароите фароҳам кунад, то онон битавонанд мадориси исломии бештаре дар ин кишвар бисозанд. Пойгоҳи иттилоърасонии «Islam Online» менависад, ки ин ҳизб қасд дорад ба хонаводаҳои мусулмон, созмонҳои хайрия ва иттиҳодияҳои исломӣ фурсат диҳад, то мадориси исломии ҷадиде бисозанду донишомӯзони мусулмон битавонанд ба ҷойи рафтан ба мадориси давлатӣ дар мадориси исломӣ таҳсил кунанд ва аз омӯзишҳои динӣ ҳам баҳраманд шаванд. Аз ҳудуди 7 ҳазор мадрасаи динӣ дар Британия, танҳо 7 мадрасаи исломӣ барои ақаллиятҳои мусулмон вуҷуд дорад. Бештари мадориси динии ин кишвар мутааллиқ ба калисои Протестанти Англия, калисои католик ва дигар фирқаҳои масеҳӣ аст ва 37 мадрасаи динӣ низ барои яҳудиён вуҷуд дорад.
|
| |
|
|