| Muslimah | Дата: Чумъа, 13.03.2009, 14:17 | Сообщение # 1 |
 Adminka
Группа: Администраторы
Сообщений: 905
Репутация: 17
Статус: Offline
| Рӯзе ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) дар миёни саҳобагон нишаста сӯҳбат доштанд. Ногоҳ Зайд ибни Саъна, ки аз донишмандони яҳуд буд, дохили масҷид шуда, сафҳои саҳобагонро убур карда, ба назди Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) омад. Сипас густохона домани либоси мубораки он ҳазратро гирифта ба ин тарафу он тараф кашиду фарёд баровард: -Қарзи маро адо кун , эй Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам)! Шумо қабилаи Бани Ҳошим дар адо кардани қарз ваъдаи дуруст надоред (яъне, ваъдахилофед). Ӯ ин суханонро дар ҳоле гуфт, ки замони ваъдаи пардохти пул пурра нашуда, то мӯҳлати ваъдашуда чанд рӯзи дигар боқӣ монда буд. Ҳазрати Умар ибни Хаттоб, ки он ҷо ҳозир буд, хашмнок шуда, шамшерро аз ғилоф кашид ва аз Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) иҷозати қатли онро хост. Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) ба Умар (р) гуфтанд: -Мо туро ба ин даъват накардаем, ки ҳар кас гуноҳе кард, ба қувваи қаҳр мутавассил шавӣ (яъне, қаҳру ғазабро ба кор барӣ). Ту мебоист ба ин кас (яҳудӣ) ба хубӣ фаҳмонӣ, ки қарзашро муаддабона талаб намояд. Яҳудӣ, ки ин ҳама мулоиматӣ ва ҷавонмардии Расулуллоҳро мушоҳида мекард, чунин гуфт: -Эй Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) қасам ба Худо, ки туро ба ҳақ фиристода аст. Ман наёмадам, ки аз ту қарзи худро талаб кунам, балки барои имтиҳон кардани ахлоқи ту омадаам ва ман медонам, ки ваъдаи мо ҳанӯз пурра нашудааст. Лекин ман тамоми авсофи писандида ва ахлоқи ҳасанаи туро дар “Таврот” хондаам. Ҳамаи онҳоро дар ахлоқу зиндагии ту дида будам, фақат як сифат носанҷида монда буд. Ман боре таҷриба накарда будам, ки дар ҳолати ғазаб худро идора карда метавонӣ ё не? Ҳоло бароям равшан шуд, ки дар вақти шиддати ҷаҳли ҷоҳилон ҳилм (мулоиматӣ) ва ҷавонмардият афзуда мешавад. Мехоҳам ба ман калима арза кунӣ то мусулмон шавам. Ҳамин тавр яҳудӣ мафтуни ахлоқи ҳамидаи Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) гашта, ба сафи мусулмонон пайваст.
|
| |
|
|