| Muslimah | Дата: Якшанбе, 01.11.2009, 15:18 | Сообщение # 1 |
 Adminka
Группа: Администраторы
Сообщений: 876
Репутация: 17
Статус: Offline
| Мазҳаби адолатпарвар Имоми Аъзам ҳуқуқшиноси варзида буд ва бе розигии духтар, маҷбурӣ ба шавҳар додани ӯро ғайри қобили қабул мешуморид. Имоми бузург Абӯҳанифа ибни Нӯъмон ибни Собит, ки имсол 1310 - солагии ӯро ҷашн гирифтем, нотакроре буд. Мо, ҳуқуқшиносони оянда, ва ӯ ҳуқуқшиноси варзида ҳам будааст. Намояндагони ҷинси занро, махсусан як рафтори хеле одилонаву пешқадамонаи имом ба худ ҷалб кард: Имом Абӯҳанифа ҳурмати занро махсус таъкид намуда, бе розигии духтар, маҷбурӣ ба шавҳар додани ӯро ғайри қобили қабул мешуморид. Ӯ ба зан- модар чун ба як паршикаставу оҷиз нанигариста, балки ӯро мисли як олиҳа ва шахси бузурге барои оилаву ҷамъият медонист. Поймол намудани ҳуқуқҳои ҷинси латифро гуноҳи азим шуморида, нисбат ба онҳо эҳтироми махсус доштанро талқин менамуд. Мо, донишҷӯён медонем, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) шахсияти нотакрор ва фарзанди арҷманди халқи тоҷик яке аз барҷастатарин намунаи олии инсони комил ва ормонӣ дар таърих ва фарҳанги тамаддуни исломии Шарқ ва ҷаҳон ба шумор меравад. Ӯ намунаи баланди инсондӯстиро дар зиндагӣ ва таълимоти худ нишон дод, аввалин шахсест, ки гуфтугӯи фарҳангҳо ва тамаддунҳоро дар дохили уммати исломӣ матраҳ сохтааст. Маҳз асли таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ нисбат ба гуногуншаклии фарҳангҳо ва тамаддунҳо халқҳои зиёдеро дар чорчӯбаи ислом нигоҳ дошта, қаламрави нуфузи онро васеъ намуд. Таълимоти ин марди бузург барои осон намудани тоату ибодат ва худдорӣ намудан аз рафторҳои ноҷоизу куфр хеле муфид аст. Эътибори мактаби фиқҳии Имоми Аъзам аз он ҷиҳат низ боло рафта буд, ки ӯ боҷуръатона табақаҳои заифу фақирро тарафдорӣ менамудааст. Абӯҳанифа аҳли сарватро барои додани закот, аз ҷумла аз воситаҳои зару зеварҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ воҷиб меҳисобид». Агар дастовардҳои мулоҳизакоронаи классикӣ ва инсонпарваронаи мактаби ҳуқуқии ҳанафиро ба ҳисоб гирем, он барои рушду такомули давлатдории тоҷикон аҳамияти хеле муҳим дорад. Маҳз ба воситаи барасмиятдарорӣ, идомаи анъанаҳо ва дастгирии суннатии таълимоти мактаби ин донишманди бузург, шарҳу тавзеҳи воқеъӣ, арзиши ақидаҳои илмӣ – ҳуқуқии Абӯҳанифаро имконпазир мегардонад .Симпозиуми байналмилалие, ки 5 – 6- уми октябри соли равон, бо иштироки намояндагони зиёда аз 50 давлати ҷаҳон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бори дигар бузургиву шаҳомати имоми азизро собит сохт. Барҳақ, таълимоти Имом Абӯҳанифа басо инсондӯстона аст ва мо, донишҷӯён бояд ба омӯхтани амиқи он бипардозем.
|
| |
|
|