Сухбат-Форум
 
МУСЛИМИН
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
Страница 1 из 11
Сухбат-Форум » Таърихи (саргузашти) пайғамбарон » СИРАИ ПАЁМБАР САЛЛАЛЛОҲУ АЛАЙҲИ ВА САЛЛАМ » ЗАНҲО АЗ ҲАЁТИ ПАЙҒАМБАР (Саллаллоху алайхи вассалам) (ДАЛЕЛ ОВАРДА, ШАВҲАРАШОНРО МУЛЗАМ МЕКАРДАНД)
ЗАНҲО АЗ ҲАЁТИ ПАЙҒАМБАР (Саллаллоху алайхи вассалам)
MuslimahДата: Сешанбе, 24.03.2009, 14:43 | Сообщение # 1
Adminka
Группа: Администраторы
Сообщений: 876
Репутация: 17
Статус: Offline
Мардум дар муомила бо ҳамсарони хеш ба гуфтору рафтори Пайёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) менигаристанд, ки он Ҳазрат чӣ гуна амал мекунанд. Пайёмбар бо ҳамсарони хеш бо нармӣ муомила мекард ва ҳамзистии некӯ дошт ва ихтиёри худро осон ба ҳамсаронаш медод. Занони пайёмбар дар бисёр корҳо бо он кас баҳсу муҷодала мекарданд ва аз раъяш бозмедоштанд, то ҷое, ки ишон дар масъалаи заношӯӣ бо устодӣ расида буданд ва дигар занон аз онҳо пайравӣ менамуданд. Марде, агар ҳаққи занашро нодида мегирифт, занаш аз ҳаёти пайёмбар ҳуҷҷату далел оварда, шавҳарашро муттаҳам мекард. Дар ин маврид ҳадиси Умар ибни Хаттоб (р) мисоли аҷибест. Вай мегӯяд: "...Вақте ман тасмим гирифтам кореро анҷом диҳам, ҳамсарам ба ман гуфт: - Агар ин тавр мекардӣ, беҳтар буд. Ман ба ӯ гуфтам: - Ин кор ба ту чӣ дахл дорад? Ба коре, ки ман мехоҳам анҷом диҳам, ту чӣ кор дорӣ? Ӯ ба ман гуфт: - Аз тарзи муомилаи ту дар тааҷҷубам. Намехоҳӣ, ки касе бо ту муноқиша ва баҳс кунад. Ҳол он ки духтарат бо Пайёмбари Худо (саллаллоху алайхи вассалам) баҳс мекунад. Ҳатто Расули Худо аз асари муноқиша, гоҳо рӯзи дароз ғазаболуд мешавад".
Ман ридоамро гирифтаму берун шудам ва ба назди Ҳафса (р) рафта, ба ӯ гуфтам: "Ай духтарҷон, рост аст, ки ту бо Расули Худо муноқиша мекунӣ, то ҷое, ки рӯзи дароз ғазаболуд мегардад?" Ҳафса гуфт: "Қасам ба Худо, мо бо ӯ муноқиша мекунем". Ман ба духтарам гуфтам: "Ман туро аз азоби Худо ва ғазаби пайёмбараш бим медиҳам". Аз он ҷо баромада, ба назди модари мӯъминон Умми Салама рафтам, чун ӯ ба ман хеши наздик буд ва дар ин маврид бо ӯ ҳарф задам...Вай ба ман гуфт: "Аз рафтори ту дар тааҷҷубам, эй писари Хаттоб! Дар ҳама корҳо дахолат кардӣ, акнун мехоҳӣ байни пайёмбар ва занонаш ҳам дахолат кунӣ?" Ӯ маро чунон сарзаниш кард, ки хашму ғазаберо, ки доштам, шикаст ва аз наздаш берун шудам.
Бидуни шак, мақоми зан дар ҷомеаи исломӣ боло рафт, ки модарони мӯъминон боиси тағйирот дар он ҷомеаи тоза аз ҷоҳилият берун омада буданд.


 
SolehaДата: Панчшанбе, 20.08.2009, 15:51 | Сообщение # 2
Генерал-майор
Группа: Администраторы
Сообщений: 404
Репутация: 10
Статус: Offline
ЗАНҲОИ ПАЙҒАМБАР
ХАФСА

Хафса духтари амир-ал-мӯъминин Умар ибн Хаттоб аст. Модараш Зайнаб бинт Фазъун. Хафса аввал зани Ханнис ибн Ҳазофа буд, аммо Ханнис бар асари захмҳои Бадр шаҳид гашт. Бино бар шаҳодати Умар ибн Хаттоб Хафса соли аз нав сохтани бинои Каъба ва пеш аз баъсати расул ба панҷ сол (яъне соли 610) таваллуд ёфтааст. Аз Умар разияллоҳу анҳу нақл мекунанд, ки гуфтааст: «Вақте ки Хафса бева монд, Усмон ибн Аффонро вохӯрдам ва духтарамро барои издивоҷ ба ӯ арз намудам. Ӯ гуфт: «Маро фурсат деҳ то андеша кунам». Муддате чанд интизор шудам. Рӯзе дучор омаду гуфт: «Алҳол намехоҳам хонадор шавам». Умар разияллоҳ боз мегӯяд: «Баъд аз ин рӯзе Абу Бакрро дучор омада ба ӯ низ Хафсаро арз кардам. Ӯ чизе ҷавоб надод. Гумон кардам, ки шояд аз Усмон чизе дар бораи ман шунидааст. Рӯзҳо гузаштанд, пас расул хостгорҳо фиристод ва Хафсаро ба никоҳи худ даровард. Рӯзе Абу Бакр маро гуфт: «Шояд аз ман озурдахотир гашта бошӣ, аз он ҷиҳат ки ман он вақт ба ту чизе нагуфта будам?» Гуфтам: «Оре» Гуфт: «Ба ту чизе ҷавоб надодам аз он сабаб, ки расулуллоҳ бо мақсади издивоҷ номи Хафсаро ба забон оварда буд, ман нахостам ин розро ифшо кунам. Агар ӯ Хафсаро ба никоҳи хеш намедаровард, он гоҳ ман ба духтарат хостгор мешудам».
Дар нақли дигар оварда мешавад, ки Умар аввал Хафсаро ба Абу Бакр арз кард, аммо ӯ ҷавобе надод, сипас ба Усмон пешниҳод кард, вале ӯ ҳам ҷавоб нагуфт. Онгоҳ Умар назди расул омад ва гуфт: «Эй расул, Хафсаро ба Усмон арз кардам, аммо ӯ ҷавобе намедиҳад ва аз ман мегурезад».
Расул гуфт: «Ҳаққо ки Оллоҳ завҷае диҳад. Усмонро беҳтар аз духтарат ва духтаратро шавҳаре диҳад беҳтар аз Усмон».
Ва издивоҷ намуд Усмон Умм Кулсум-духтари расулро ва расул хонадор шуд бар Хафса ва он вақт Хафса бистсола буд.
Аммо воқеае ҳаёти хуррамонаи Хафсаро халалдор карда, айшашро талх намуд. Дар «Маолим» оварда, ки расул ҳар рӯз бо навбат ба хонаи яке аз занонаш меомад. Боре, дар рӯзи навбати Хафса расул ба хонаи ӯ омад. Аммо Хафса бо иҷозати ҳазрати расул ба дидани падару модар рафта буд. Расул Морияи канизро талабида ба хонаи Хафса даровард ва ӯро ба хизмати худ сарфароз сохт. Вале Хафса аз хонаи падар зуд бозгашт ва канизро бо пайғамбар дар хонааш дида аз ҳоли эшон мутталеъ шуд. То Мория аз он ҷо набаромад, ба хона дохил нашуд. Дар ҷояш нишаста инони гиряро сар дод ва аз шиддати рашку алам нолон гуфт: - Эй расул, ин чӣ кор аст, ки дар хонаам ва дар кӯрпаам мекунӣ? Чаро коре кардӣ ба ман, ки бар дигар занонат раво надидаӣ?
Бешак, расул дар вазъе монда буд ноқулай ва ноҳинҷор. Бинобар ин гуфт:
- Дам шав, эй Хафса, оё розӣ ҳастӣ, ки аз ин пас Морияро бар худ ҳаром созам?
Гуфт:
- Ҳастам, ё расул.
Гуфт:
- Пас ин сухан назди ту амонат аст, бояд ки ба касе нагӯӣ.
Дар шаҳри «Зот-уш-Шифо» оварда, ки барои нарм кардани дили зан расул ба Хафса хилофати падарашро баъди Абу Бакр ваъда кард.
Ҳарчанд ба касе ифшо накардани розро Хафса қабул карда буд, аммо тоқат наёварда ва чун расул аз хонаи вай берун омад филҳол ин суханро бо Оиша дар миён ниҳод, ки акнун аз Мория халос ёфтем. Расул аз кори Хафса хабар ёфта ба ғазаб омад ва ӯро талоқ дод. Умар вақте аз ин ҳодиса хабар ёфт хок бар сар кашид, ки «Худовандо, чи рӯзи сиёҳу сангине бар сари Умар ва духтараш фиристодӣ?!».
Муддате Хафса дар хонаи падараш бимонд. Сипас, Ҷабраил омаду ба расул фармуд, ки Хафсаро ба хонааш бозорад, зеро Хафса дар биҳишт низ завҷаи ӯст ва вай занест порсову росткор. Расул дарҳол аз паи иҷрои фармоиши ҳақ таоло гашта Хафсаро ба хонааш бозовард.
Байни занони расул баҳри гирифтани мақоми аввал ва сазовор гаштан ба лутфу марҳамат ва муҳаббату таваҷҷӯҳи пайғамбар рақобат ва муносифаи шадид мерафт. Дар «Маолим» зикр шудааст: «Расул ҳалвою асалро дӯст медошт. Одати ӯ баъди хондани намози аср ба назди ҳар кадоме аз занонаш даромада каме сӯҳбат менамуд. Оиша нақл мекунад, ки боре вай ба назди Хафса даромад ва дар хонаи ӯ зиёдтар аз вақти муқараррӣ нишаст. Вақте ки аз сабаби он пурсидам, гуфтанд, ки зане аз хешовандони Хафса ба вай асал тӯҳфа овардааст ва таъхири расул бошад аз ошомидани шарбати асал будааст. Ба худам гуфтам, ки найранге созем ва ӯро фиреб диҳем. Инро ба Сауда гуфтам ва фармудам, ки агар расул ба наздат дарояд ва чун хам бишавад, бигу, ки ту оё мағофир хурдай? Расул албатта гӯяд: Не нахӯрдаам. Бигу: Пас ин бӯйи кареҳ аз куҷост? Расул гӯяд: Хафса маро шарбати асал дод. Сауда чунон кард. Пас, чун назди ман омад, ҳамчунон гуфтам, ки Саударо гуфта будам. Чун назди Сафия даромад, Сафия низ он чиз гуфт. Сипас, вақте ки навбати Хафса омад ва расул наздаш даромад. Хафса ба ӯ гуфт: Оё шарбати асал мехӯрӣ? Расул гуфт: Не, ба он ҳоҷат надорам».
Баъд аз ин пайғамбар фармуд:
«Ҳаром намудам бар худ асалро ва ба Худо савганд, ки ҳаргиз онро нахӯрам».
Ба ин сабаб Оллоҳ таоло ин оятро нозил намуд.
«Эй паёмбар, чаро чизеро, ки Худо ба ту ҳалол кардааст, ба хотири хушнуд сохтани занонат бар худ ҳаром мекунӣ? Ва Худо омурзандаву меҳрубон аст» (сураи «Таҳрим», ояти 1).
Дар шаҳри «Зот-уш-Шифо» зикр шудааст, ки расул дар хонаи Зайнаб бинт Ҷаҳш асал хӯрдааст ва Оишаю Хафса рашк карда ба ӯ гуфтаанд, ки ту мағофир хӯрдаӣ.
Хафса разияллоҳу анҳо дар моҳи шаъбони соли чиҳилу панҷ (665 милод) дар Мадина вафот кардааст ва он вақт шасту се сола буд. Ҷанозаи ӯро Марвон ибн Ҳаким хондааст. Қавле низ ҳаст, ки дар соли 41 вақте Муовия бар хилофат байъат гирифт, вафот кардааст.
[color=blue]

Добавлено (20.08.2009, 15:50)
---------------------------------------------
УММ-АЛ-МАСОКИН ЗАЙНАБ

Зайнаб бинт Ҳазима ал-Қайсия аз бани Ҳилол мебошад. Расул дар моҳи сию якуми ҳиҷрат (625 мелодӣ), ду моҳ пеш аз муҳорибаи Уҳуд бар Зайнаб издивоҷ намудааст.
Нахуст вай зани Туфайл ибн ал-Ҳорис буд, вале баъдтар Туфайл ӯро талоқ дод. Сипас, бародари Туфайл-Убайда бо Зайнаб издивоҷ намуд. Аммо Убайда дар муҳорибаи Бадр шаҳид гашт. Баъд аз ин расул хостгор шуда ба миқдори дувоздаҳ укия тилло маҳрашро дод ва бо ӯ издивоҷ намуд.
Дар ривояти дигаре гуфтаанд, ки Зайнаб нахуст зани Абдулло ибн Ҷаҳш буд, ки рӯзи ҷанги Уҳуд мақтул гашт. Дар «Сират-ул-Ҳалабия» зикр шудааст, ки Зайнаб хоҳари Маймуна разияллоҳу анҳо аз тарафи модараш аст. Ӯ бо расул ҳамагӣ се моҳ (ба қавле ду ва ба қавли дигаре ҳашт моҳ) зиндагӣ карда аз ҷаҳон чашм пӯшид.
Дар «Сират-ул-Ҳалабия» инчунин оварда, ки Зайнаб аз он ҷиҳат «Умм-ал-Масокин унвон гирифтааст, ки вай беваю бечорагонро садақа медод ва пайваста хайру эҳсон бар онҳо зоҳир мекард.
Зайнаб разияллоҳу анҳо дар соли сеюми ҳиҷрӣ (624 милодӣ) дар синни сисолагӣ вафот кардааст.

Добавлено (20.08.2009, 15:51)
---------------------------------------------
УММ САЛМА (ҲИНД)

Номи аслиашро Рамла низ гуфтаанд ва ӯ духтари Аби Умайя ибн ал-Мағира ибн Абдулло ибн Амру ибн Махзум аст. Падараш Умайя аз саховатмандони араб буда Зод-ар-Рокиб унвон дошт, аз он ҷиҳат ки вай дар сафар ҳамроҳонашро аз хӯрок ғанӣ мегардонд.
Ҳинд дар аввал зани Абу Салма ибн Абдуласад буд. Вай бо шавҳараш дар зумраи нахустин гурӯҳи муҳоҷирони Ҳабашистон буданд. Баъди чанде онҳо ба Мадинаи Мунаввара баргаштанд, аммо соли сеюми ҳиҷрӣ Абу Салма вафот карду Умм Салма бева монд. Дар дасти Умм Салма кӯдакони зерин боқӣ монданд: Салма, Умар, Зайнаб, Дурра, ва Умм Қулсум. Вақте ки расул бар ӯ хостгор шуд, Умм Салма гуфт:
- Ман зани рашккунандаам ва кӯдакони хурдсол дорам, синну солам ҳам рафтаасту ба болояш ҳеҷ кас аз хешу ақрабоям ҳозир нест.
Расул гуфт:
- Дар хусуси кӯдаконат парво макун, ки Оллоҳ ва пайғамбари ӯ ғамхорашон бошанд, аз ҷиҳати рашк ғам махӯр, ки Оллоҳ онро аз байн барад, сол гӯӣ, ман аз ту калонсолтарам. Аммо дар хусуси хешу ақрабо, касе аз онҳо набошад, ки мухолифи ин амр гардад.
Соли чоруми ҳиҷрӣ расул бо Умм Салмаи сисола издивоҷ намуд, ки аз беҳтарин занонаш буд. Гуфтаанд, ки шавҳараш бо чунин дуо аз олам чашм пӯшидааст: «Худоё Худовандо, пас аз маргам ба сари аҳлу аёлам беҳтареро сарпараст гардон!».
Дар «Ҳошият-ул-Ашбоҳ»-и ал-Хамудӣ нақли Умм Салма оварда, ки гуфтааст: «Ё расулоллоҳ, агар зан дар ин дунё дуюм ё сеюм ва ё чорум бор шавҳар кунад ва баъди маргаш ба ҷаннат дарояду ҳамаи он шавҳаронаш низ дар ҷаннат бошанд, пас кадоме аз онҳо дар ҷаннат шавҳараш гардад?».
Расул гуфтааст: «Эй Умм Салма, вай худ бояд хушахлоқтарини онҳоро интихоб кунад ва гӯяд: - Эй Худо, ана ин буд беҳтаринаш барои ман, шавҳарам ҳамин шавад».
Ҷашни арӯсии Умм Салма хеле хоксорона гузаштааст. Расул ба ӯ ҳамагӣ даҳ дирам маҳр додааст. Дар «Сират» оварда, ки чун расул издивоҷ намуд ба Ҳинд, ӯро сокин намуд дар манзили Умм-ал-Масокин Зайнаб, ки аллакай аз ҳаёт рафта буд. Худи Умм Салма дар ин бора гуфтааст: «Дар он хона кӯзае дидам, ки дарунаш ҷав дошт. Онро гирифта орд кардам ва дар дег атолае пухтам, ки ин буд таоми расулуллоҳ ва таоми шаби арӯсиям».
Умм-Салма соли 59 дар синни ҳаштоду чаҳор солагӣ вафот кардааст. Аз занони пайғамбар ӯ охирин аз ҳаёт рафта, дар қабристони Мадина мадфун шудааст.



 
SolehaДата: Сешанбе, 08.09.2009, 15:16 | Сообщение # 3
Генерал-майор
Группа: Администраторы
Сообщений: 404
Репутация: 10
Статус: Offline
ЗАЙНАБ

Оиша дар ситоиши Зайнаб мегӯяд: «Надидаам ягон занеро бештар аз Зайнаб саховатманд, дасткушод ва садақакунанда». Ва боз нақл мекунад: «Расул ба занонаш гуфт: «Баъд аз вафотам аз шумоён ба ман пештар оне ки дасташ дарозтар аст, расида меояд. Баъд аз вафоти расул мо ба девор дастҳо дароз мекардем то бидонем, кадомеро даст дарозтар аст. Аммо аз мо аввал Зайнаб вафот кард, ки дасти ӯ ҳаргиз аз дастони моён дарозтар набуд. Баъдтар фаҳмидем, ки расул ба маънии дарозии даст садақадиҳиро дар назар доштааст. Чунки Зайнаб заҳмат мекашид ва маҳсули дасташро барои хайру садақа сарф мекард».
Барза бинт Рофеъ нақл мекунад: «Вақте ки тақсими ато шуд, Умар ибн Хаттоб дувоздаҳ ҳазор дирҳам ба Зайнаб фиристод, чунон ки мухассас шуда буд бар занони расул. Зайнаб гуфт: -- Худованд Умарро омурзад, дигарон аз ман мӯҳтоҷтаранд ба ин ато. Гуфтанд: - Ин ҳамааш саҳми туст, эй Зайнаб. Гуфт: - Субҳоноллоҳ. Ва худ куртае оварда пеши он истод ва гуфт: - Гиред, ин куртаро ба болои он пӯшед. Чунон ки фармуд, кардаанд. Якеро гуфт: - Дастатро дарор як қабза ба оли (авлоди) фалон ва қабзаи дигар ба оли фалон бидеҳ. Ҳамин тариқ ба ҳама тақсим намуд, то бимонд аз он бақияи ночизе, гуфт: - Инро бинед, бо мо низ насибе будааст аз ин мол.
Ва боз гуфт: - Чизе ки бимонд аз они шумоён аст. Куртаро бардоштем ва дар таги он ҳаштоду панҷ дирҳам дидем. Баъд ӯ дасташро бардошту гуфт: - Худоё Худовандо, чунон кун, ки соли дигар атои Умар ба ман нарасад. Ва худи ҳамон сол ҳақ ба ҳақдор супурд».
Зайнаб разияллоҳу анҳо соли бистуми ҳаҷрӣ вафот кард, ки он вақт 53 сола буда. Ӯ аввалин зани вафоткардаи расул баъди маргаш аст.
Вақте ки ӯ бимурд ҷанозаашро Умар ибн Хаттоб хонд ва ба қабраш Усома ибн Зайд ва Муҳаммад ибн Абдулло ибн Ҷаҳш даромаданд. Гуфтаанд, ки Зайнаб нахустин занест, ки ӯро бар тобут ниҳода буданд. Дафн гаштааст дар Мадина.
Оиша гуфтааст: «Оллоҳ раҳмат кунад Зайнабро, ҳаққо ки вай ноил гашт дар ин дунё шарафи бемиқёсро. Худованд издивоҷ кунонд ӯро ба пайғамбараш ва онро баён намуд дар Қуръон…»


 
SolehaДата: Сешанбе, 08.09.2009, 15:18 | Сообщение # 4
Генерал-майор
Группа: Администраторы
Сообщений: 404
Репутация: 10
Статус: Offline
ҶУВАЙРИЯ

Номи аслиаш Барра буда духтари Ҳорис ибн Аби Зарор ал-Мусталиқи хоҷаи бани Мусталиқ аст. Расул соли панҷуми ҳиҷра бар ӯ издивоҷ намуд. Пеш аз расул вай зани Масофеъ ибн Сафвон ал-Мусталиқӣ буд, ки ҳангоми ғазоти мусулмонон алайҳи бани Мусталиқ кушта шуд. Дар ин ғазот мусулмонон ғанимати фаровон ба даст оварданд: ба миқдори зиёд аслиҳаи ҳарбӣ, 2000 сар шутур, 5000 сар гӯсфанд, 200 нафар зан бо кӯдаконашон, ки дар байни онҳо Барра низ буд.
Ба қавли сарчашмаҳо, барои ҳар иштирокчии ғазо пас аз ҷудо кардани хумс (панҷъяк)-ҳиссаи пайғамбар, 10 сарӣ гӯсфанду 4 сарӣ шутур саҳм расид. Занонро низ ба саҳмҳо ҷудо карданд. Барра ҳамчун асир ба саҳми Собит ибн Қайс ва амакбачаи ӯ афтод. Онҳо барои озод шудани Барра ба қадри 9 уқия тилло фидия муқаррар карданд. Дар гузашта, байни қабилаҳои араб чунин тарзи аз тарафи хешовандон харида озод кардани асирон маълум буд.
Барра ҳамчун духтари хоҷаи бани Мусталиқ ба сарвари мусулмонон Муҳаммад (с) бо каломи мададхоҳона муроҷиат кард:
- Эй расул, ман Барра бинти Ҳорис-духтари хоҷаи бани Мусталиқ ҳастам. Дар ин моҷаро аз падар ва шавҳар маҳрум гашта, ба саҳми Собит ибн Қайс ва амакбачаи ӯ афтодам. Инак, омадаам то истионат кунӣ дар озодии ман.
Барра он вақт духтари бистсолаи хеле соҳибҷамолу фаттон буд. Дар шарҳи «Зот-уш-Шифо» аз нақли Оиша (р) овардаанд: «Барра духтари малеҳу зебое буд ва қариб касе набуд, ки ба як дидан ошиқу мафтуни ӯ нашавад».
Расул ба ӯ гуфт:
- Оё аз ин беҳтарро намехоҳӣ?
Гуфт:
- Он чӣ бошад, эй расул?
Гуфт:
- Фидиятро медиҳам ва ба ту хонадор мешавам.
Гуфт:
- Ман розиям!
Расул маблағро бидод ва издивоҷ намуда ӯро Ҷувайрия ном ниҳод. Чун ин хабар ба мардум расид, сарбозони ислом ҳама асирони бани Мусталиқро озод карданд. Зеро шармашон омад, ки хешовандони нави расул асиронашон бошанд. Гуфтаанд, ки ҳеҷ зане бобаракаттар аз ӯ барои қавмаш набуд, чунки ба туфайли ӯ бани Мусталиқ ҳамагӣ озодиро соҳиб шуданд.
Ҷувайрия соли 50 вафот кардааст ва он вақт вай шасту шаш сола буд ва низ гуфтаанд, ки аз ҳафтод гузашта буд. Дар Мадина дафн гаштааст.


 
SolehaДата: Душанбе, 21.09.2009, 12:41 | Сообщение # 5
Генерал-майор
Группа: Администраторы
Сообщений: 404
Репутация: 10
Статус: Offline
ЗАНҲОИ ПАЙҒАМБАР

САФИЯ

Сафия духтари Ҳуйайа ибн Ахтаб-хоҷаи бани Назир аст. Ҳангоми фатҳи Хайбар падару шавҳари Сафия аз тарафи мусулмонон кушта худаш асир афтод. Номи аслияш Зайнаб аст. Вай зани Канона ибн Рабиъ Абу-л-Ҳуқайқ буд. Шавҳараш низ яке аз хоҷагони бани Назир буда табъи шоирӣ дошт.
Дар воҳаи Хайбар қабилаҳои яҳудии бани Қурайза ва бани Назир мезистанд. Дар ин ҷо се истеҳкоми машҳури ан-Наттот, аш-Шиққ ва ал-Катиба мавҷуд буда, ҳар кадоме якчанд қалъачаҳо ва биноҳои мустаҳкам доштанд.
Соли ҳафтуми ҳиҷрӣ (628 милодӣ), вақте расул ба фатҳи Хайбар азм намуд, дар лашкараш 1400 сарбоз дошт. Дар оғоз қалъаҳои ан-Натот ва аш-Шиққ фатҳ гаштанд. Сипас, қалъаҳои ал-Катиба, ал-Камус, ал-Ватиҳ ва ас-Сулолам.
Сафия ҳангоми фатҳи ал-Камус асир афтода буд. Вақте ки асиронро ҷамъ оварданд, Даҳия ибн Халифа ал-Калби разияллоҳу анҳо назди расул омаду гуфт:
- Мехоҳам аз асирон канизе ба ман диҳӣ.
Расул гуфт:
- Бирав ва бигир кадомашро ки писандат ояд.
Ӯ рафт Сафияро ихтиёр намуд. Азбаски Сафия он вақт духтари 17-солаи хеле дилрабое буд, дар байни мусулмонон барои ӯ талошу норизӣ ба амал омад. Гурӯҳе назди расул омада гуфтанд:
- Эй расул, Зайнаб бонуи бани Курайза ва Назир аст. Даҳия сазовори вай нест, сазовори ӯ туӣ!
Расул Даҳияро даъват кард ва гуфт:
- Ӯро бигзору дигареро бигир.
Даҳия рафт. Расул Сафияро истисфо намуда ба саҳми худаш дохил кард ва баъди он ки ба ислом гаравид, издивоҷ намуд ва ҳиҷоб пӯшонд. Гуфтаанд, ки Сафия хеле бонасаб, аз насли Ҳорун (а) - бародари Мӯсо пайғамбар буд.
Дар шаҳри «Зот-уш-Шифо» омад, ки «Рӯзе расул омаду Сафияро дар ҳоли гиря дид ва пурсид:
- Аз чӣ мегирйӣ?
Сафия гуфт:
- Оиша ва Хафса маро таъна мезананду мегӯянд, ки моён аз ту бартарем, чунки мо амакбачагони расул ва занони ӯем.
Расул ба вай гуфт:
- Оё ту ба онҳо нагуфтӣ, ки чӣ тавр шумоён аз ман бартару бонасабтаред, дар ҳоле ки падарам Ҳорун, амакам Мӯсо ва шавҳарам Муҳаммад аст?»
Дар «Масобиҳ» Анис разияллоҳу анҳу зикр намудааст, ки Сафия вақте «духтари яҳудӣ» гуфта таъна задани Хафсаро дар ҳаққаш шунид, ба гиря даромад. Расул назди Сафия омад, ки вай мегирист, гуфт:
- Аз чӣ мегирйӣ?
Сафия гуфт:
- Хафса маро таъна мезанад, ки ту духтари яҳудӣ ҳастӣ.
Расул гуфт:
- Ту духтари расул (Исҳоқ (а)-М. М.) мебошӣ, амакат низ расул (Исмоил (а)-М. М.) аст ва худат завҷаи расул ҳастӣ, пас ӯ бо чӣ мефахрад?
Сипас, рӯй ба Хафса оварда гуфт:
- Аз Худо битарс. Хафса!
Сафия разияллоҳу анҳо зани оқила, фозила ва ҳалимае буд. Аз камоли фазли вай аҳли сират мисол овардаанд, ки канизи вай назди Умар разияллоҳу анҳу омад ва гуфт, ки Сафия рӯзи шанберо дӯст медорад ва ба назди яҳудиён меравад. Умар кас фиристода Сафияро овард ва аз ин ҳол суол кард. Сафия гуфт:
- Шанберо дӯст намедорам аз он вақт, ки Оллоҳ бар ивазаш ба ман ҷумъаро инъом кардааст. Аммо дар сабаби зиёрати яҳудиён бошад, манро бар онҳо раҳм ва шафқат меояд, аз ин ҷиҳат наздашон меравам.
Сипас, Сафия ба каниз гуфт:
- Чӣ туро водор кард, ба ин кор?
Гуфт:
- Шайтон маро васваса кард.
Гуфт:
- Пас бирав туро озодӣ бахшидам.
Ҷобир разияллоҳ нақл намудааст, ки Сафия чун асир афтод, расул ба ихтиёри Сафия вогузошт, ки агар хоҳад озодӣ бахшад то ба қавмаш бозгардад ва ё агар исломро қабул кунад, расул ӯро издивоҷ хоҳад кард. Сафия гуфтааст: «Ихтиёр намудам Оллоҳ ва расули ӯро!»
Дар шаҳри «Зот-уш-Шифо» оварда, ки Сафияро ном Зайнаб буд ва чун аз интихобкардагони расул гашт, он ҳазрати номи ӯро Сафия ниҳод ва «сафӣ» чизест, ки ӯ барои худ аз ғаноим интихоб мекард пеш аз тақсими онҳо ба аҳли ғазо.
Сафия соли панҷоҳ (670 милодӣ) дар замони хилофати Муовия вафот кардааст. Низ дар баъзе маъхазҳо соли панҷоҳу ду ва ё панҷоҳу панҷ зикр шудааст. Ҷои дафни ӯ дар Мадина аст. Гуфтаанд, ки разияллоҳу анҳо ба писари хоҳараш ва ё писари бародараш, ки яҳудӣ буд, сӣ ҳазор дирҳам ва ё сеяки меросро васият кардааст.




Сообщение отредактировал Soleha - Душанбе, 21.09.2009, 12:44
 
SolehaДата: Шанбе, 26.09.2009, 19:03 | Сообщение # 6
Генерал-майор
Группа: Администраторы
Сообщений: 404
Репутация: 10
Статус: Offline
ЗАНҲОИ ПАЙҒАМБАР
МАЙМУНА

Маймуна бинт ал-Ҳорис ибн Ҳазин аз бани Ҳилол аст. Дар «Зот-уш-Шифо» зикр шудааст, ки Абу Убайда гуфтааст: «Вақте ки расулуллоҳ аз юриши Хайбар фориғ гашт, ба мақсади Ҳаҷҷи Сағир дар соли ҳафти ҳиҷра сӯи Макка равон шуд. Он вақт аз Ҳабашистон ба назди ӯ Ҷаъфар разияллоҳ омада буд. Расул ӯро барои хостгории Маймуна фиристод. Издивоҷи Маймуна ба ал-Аббос (амаки расул) низ вобастагӣ дошт, зеро ки Маймуна хоҳарарӯси ӯ буд. Ҷаъфар Маймунаро бо миёнравии ал-Аббос бе душворӣ ба расул фотеҳа намуд.
Гуфтаанд, вақте Маймуна хабари ба расул фотеҳа шуданашро дарёфт дар болои шутур буд ва чунин гуфт: «Ин шутур ва он чи болои он аст аз они Худо ва расули ӯст». Аз ин ваҷҳ ояти зерин нозил гаштааст:
«Ва низ зани мӯъминеро, ки худро ба паёмбар бахшида бошад, ҳар гоҳ паёмбар бихоҳад ӯро ба занӣ гирад» (сураи «Аҳзоб», ояти 50).
Аммо бар ин қавл ихтилоф бисёр аст. Зеро инчунин гуфтаанд, ки он зан, ки худро ба наби бахшидааст Умм Шарик Ғазия бинт Дудон буд ва саҳеҳ он аст, ки расул бар вай издивоҷ намудааст. Дар «Маолим» дар тафсири қавли Оллоҳ роҷеъ ба зане, ки худро ба пайғамбар бахшидааст, аш-Шаъабӣ гуфтааст: «Он зан Умм-ал-Масокин Зайнаб бинти Хазима аст». Қатода гуфтааст: «Вай Маймуна бинт ал-Ҳорис аст».
Заҳҳок ва Муқотил гуфтаанд: «Вай Умм Шарик бинт Ҷобир аз бани Асад аст». Урва ибн Зубайр гуфтааст: «Вай Хула бинт Ҳаким аст».
Издивоҷи Маймуна ба лашкари ислом манфиати бисёр ва шодии беҳад овард, зеро дере нагузашта яке аз қаҳрамонони маъруфи араб, ки минбаъд дар таърихи футуҳоти исломӣ ҳамчун сарлашкар саҳми бузурге гузоштааст, хоҳарзодаи Маймуна-Холид ибн Валид ба тарафи мусулмонон гузашт. Маймуна соли панҷоҳу як (671 милодӣ) вафот кардааст: Дафн гаштааст дар Макка.

Прикрепления: 4313217.gif(12Kb)


 
Сухбат-Форум » Таърихи (саргузашти) пайғамбарон » СИРАИ ПАЁМБАР САЛЛАЛЛОҲУ АЛАЙҲИ ВА САЛЛАМ » ЗАНҲО АЗ ҲАЁТИ ПАЙҒАМБАР (Саллаллоху алайхи вассалам) (ДАЛЕЛ ОВАРДА, ШАВҲАРАШОНРО МУЛЗАМ МЕКАРДАНД)
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2009
Сайт управляется системой uCoz