Сухбат-Форум
 
МУСЛИМИН
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
Страница 1 из 11
Сухбат-Форум » Асоси-общий форум » Шиносои ва сухбат - Знакомство » МОҲИ МУБОРАКИ РАМАЗОН
МОҲИ МУБОРАКИ РАМАЗОН
SolehaДата: Панчшанбе, 20.08.2009, 16:32 | Сообщение # 1
Генерал-майор
Группа: Администраторы
Сообщений: 404
Репутация: 10
Статус: Offline
Бо номи Худо ва Дуруд бар Паёмбари Сулҳу Сафо, Ҳазрати Мустафо Салаллох алайхи ва Салам.
МОҲИ МУБОРАКИ РАМАЗОН БАР ҲАММАИ МУСУЛМОНОНИ ЧАҲОН
БА ХУСУС МАРДУМИ ТОЧИКИСТОН МУБОРАК БОД!

Добавлено (20.08.2009, 16:32)
---------------------------------------------
Моҳи Рамазон омад аз сӯи Биҳишт,
Омад ба машоми мӯъминон бӯи Биҳишт.
Ҳар кас, ки дар ин моҳ дилозорӣ кард,
Не рӯи Биҳишт бинаду не бӯи Биҳишт
.


 
SolehaДата: Чумъа, 21.08.2009, 18:51 | Сообщение # 2
Генерал-майор
Группа: Администраторы
Сообщений: 404
Репутация: 10
Статус: Offline
Прикрепления: 2567647.jpg(364Kb)


 
SolehaДата: Шанбе, 22.08.2009, 19:25 | Сообщение # 3
Генерал-майор
Группа: Администраторы
Сообщений: 404
Репутация: 10
Статус: Offline
ТАМАННИЁТИ РӮҲОНИЁНИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ
ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонӣ, имомхатиби масҷиди Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоб:

Таманниёти мо дар ин моҳи мубораки Рамазон, ки дар байни ҳамаи моҳҳо, беҳтарини моҳ аст ва ҳатто подошашро низ Парвардигор баён кардааст, ки ба ҷуз зоти ман касе наметавонад бидиҳад ва ӯ худ тақсим мекунад. Аз ҳама болотарин таманниёт ҳамин аст, ки Худованд ҳоли ҳамаи мусулмонҳоро хуб гардонаду ҳама мушкилоте, ки мусулмонҳо доранд, Худованд он мушкилотҳои онҳоро дур гардонад.

Худои меҳрубон дар ҳамин Ҷумҳурии мо ҳам осоиштагиву, якдигарфаҳмиву, қадрдонии якдигару ҳаминҳора Худои меҳрубон насиб гардонад ва Ҷумҳурии мо ва дигар давлатҳои исломиро Худованд ҳамеша нигаҳ дорад.

Прикрепления: 8941683.jpg(15Kb)


 
SolehaДата: Шанбе, 22.08.2009, 19:27 | Сообщение # 4
Генерал-майор
Группа: Администраторы
Сообщений: 404
Репутация: 10
Статус: Offline
Домулло Зубайдулло, раиси Шурои уламои ҲНИТ:

Пеш аз ҳама тамоми мардуми мусалмони кишварро ва дар шахси мардуми мусулмон тамоми мусулмонҳои дунёро, ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи ибодат, моҳи тақво моҳи ҳосилшавии тақво, моҳи шабзиндадориҳо ҳаст, табрику муборакбод мегӯем ва аз Худованди мутаъол орзу менамоем, талаб мекунем, ки ибодати мардуми мусулмони моро қабул кунад, бипазирад ва он ҳадафи аслии рӯза: ҳосилшавии тақво барои якояки мусалмонҳои мо муяссартар бигардонад ва бо баракати тақвову ибодати мардум, худошиносиву худотарсии мардум, сарзамини мора тинҷу ором нигаҳ дорад ва Парвардигор фаровониву ризқу рузии фаровона таъмин кунад

Прикрепления: 9941719.jpg(68Kb)


 
SolehaДата: Шанбе, 22.08.2009, 19:34 | Сообщение # 5
Генерал-майор
Группа: Администраторы
Сообщений: 404
Репутация: 10
Статус: Offline
Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи фатвои Маркази Исломӣ:

Аввалан, тамоми мардуми мусулмони Ҷумҳурии худамонро ба муносибати фарорасии моҳи мубораки Рамазон табрику таҳнияти зиёд мегӯем ва орзуи онро дорем, ки бо қудуми ин моҳи муборак Худованд дар хонадони ҳар як фард ҳар як тоҷикистонӣ файзу баракатро Худованд ато фармояд.Ва ваъдаи Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва саллам аст, ки бо фаро расидани моҳи муборак тамоми дарҳои ҷаннат кушода мешаванд ва дарҳои дӯзах баста мешаванд, тамоми шайтонҳо занҷирбанд карда мешаванд. Худованд ба сабаби фаро расии ин моҳ аз файзу баракат ва чизҳои фоидаовар мардуми мора ато фармояд ва буғзу кинаву душманиву дигар корҳое, ки мардумро бо якдигар зид мекунанд, Худованд онро аз байни мардуми мо бардошта гардонад ва муҳаббатро дар дили мардуми мо пойдору устувор бигардонад.

Прикрепления: 2558799.gif(33Kb)


 
SolehaДата: Сешанбе, 25.08.2009, 16:40 | Сообщение # 6
Генерал-майор
Группа: Администраторы
Сообщений: 404
Репутация: 10
Статус: Offline
Ба номи Худои Ҳақ
Cалому салавот бар
Mуҳаммад Расули Худо
ва Оли пок ва асҳоби некаш.
Ин моҳ моҳи сабр аст ва сабр подошаш Биҳишт, моҳи баробари аст, моҳе ки ризқи муъминон зиёд мешавад. Моҳи Рамазон моҳе аст, ки аввалаш Раҳмат, Васат -миёнаш- Мағфирату бахшиш ва охираш озоди ва начот аз оташи дузах аст. Ин моҳ барои Муъмин ғанимату фоида, барои Мунофиқ зарару зиён аст


 
tojik_bachaДата: Чумъа, 28.08.2009, 15:32 | Сообщение # 7
Подполковник
Группа: Модераторы
Сообщений: 117
Репутация: 10
Статус: Offline
Soleha, Asalomu alaykum va rahmatullohu va barakatuhu..
Jazakallohu khayran kasir baroi sukhanhoi nek...

Ramazoni-Sharif bar shumoniz muborak bod...

 
SolehaДата: Панчшанбе, 03.09.2009, 09:42 | Сообщение # 8
Генерал-майор
Группа: Администраторы
Сообщений: 404
Репутация: 10
Статус: Offline
tojik_bacha, Воалекум ассалом !

Рахмати Худованди яктою мехрубон бар шумо!

Худованди Азза ва Чалла хамаи мо мусулмонхоро дар ин мохи муборак аз савобу самарраи ин мох бархурдор кунаду тоъату ибодатхои моро ба даргохаш кабул кунад!




Сообщение отредактировал Soleha - Панчшанбе, 03.09.2009, 09:47
 
SolehaДата: Чумъа, 04.09.2009, 19:17 | Сообщение # 9
Генерал-майор
Группа: Администраторы
Сообщений: 404
Репутация: 10
Статус: Offline
Яке аз хусусиятҳои моҳи шарифи Рамазон мустаҷоб будани дуоҳост. Тавре Мавлавии Балхӣ мефармояд:
Дуоҳо андар ин моҳ мустаҷоб аст,
Фалакҳоро бидрид оҳи рӯза.
Албатта барои беҳбудии дунёву охират дуо кардан равост. Зеро дар Қуръони азимушшаън таъкид шудааст: «Парвардигори мо, дар дунё ва дар охират барои мо некӯиҳо (хубиҳо) ато кун».
Ҳар вақт аз Худованд талаби маърифат ва омурзиши гуноҳон кардем. Ӯ Таъоло гуноҳони моро омурзида, мартабаамонро баланд менамояд. Алалхусус дар Рамазони муборак ин дуоро бештар бояд хонд: «Насъалукал ҷанната ва наъузу бика минан нор» (Мо аз Ту ҷаннатро талаб мекунем ва аз оташи дӯзаҳ паноҳ меҷӯем.)
Ҳазрати Муҳаммад (салаллох алайхи ва салам) фармудаанд: «Дуои шахси рӯзадор ҳаргиз рад карда намешавад».
Прикрепления: 3201557.gif(36Kb)




Сообщение отредактировал Soleha - Чумъа, 04.09.2009, 19:18
 
Сухбат-Форум » Асоси-общий форум » Шиносои ва сухбат - Знакомство » МОҲИ МУБОРАКИ РАМАЗОН
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2009
Сайт управляется системой uCoz