Сухбат-Форум
 
МУСЛИМИН
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
Страница 1 из 212»
Модератор форума: Taiba 
Сухбат-Форум » Китобхона-библиотека-كتابخانه-المكتبه » Китобхои Исломи бо забони точики » АҚИДАИ ҲАР МУСАЛМОН (54 САВОЛ ВА ҶАВОБ)
АҚИДАИ ҲАР МУСАЛМОН
TaibaДата: Чумъа, 10.10.2008, 15:56 | Сообщение # 1
Полковник
Группа: Администраторы
Сообщений: 180
Репутация: 10
Статус: Offline



АҚИДАИ
ҲАР МУСАЛМОН
54
САВОЛ ВА ҶАВОБ

МУАЛЛИФ
МУҲАММАД ИБНИ ҶАМИЛИ ЗАЙНУ

 
TaibaДата: Чумъа, 10.10.2008, 16:02 | Сообщение # 2
Полковник
Группа: Администраторы
Сообщений: 180
Репутация: 10
Статус: Offline


МУҚАДДИМАИ ТАРҶУМОН
بسم الله الرحمن الرحيم
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Ҳамду сано ба Парвардигори олам ва дуруду салом ба паёмбари акрам ва ба олу асҳоби эшон.
Аммо баъд: Ин китобе, ки хонандаи азиз дар даст дорад, китоби "Ақидаи ҳар мусалмон" навиштаи Муҳаммад ибни Ҷамили Зайну аст. Муаллиф дар ин китоб тавҳид ва ақсоми он ва ширк ва хатарҳои он ва дигар масъалаҳои ақидавиро баён намуданд. Ва дар он ба саволҳо ҷавоб доданд ва дар қафои ҳар ҷавоб як далеле аз Қуръон ва як далеле аз ҳадис зикр намуданд, то хонанда ба он боварии комил ҳосил кунад.
Аз Худованд хоҳонам, ки ин китобро мавриди истифода қарор диҳад ва онро холис бар ваҷҳи худ бигардонад.

 
SolehaДата: Чумъа, 10.10.2008, 16:07 | Сообщение # 3
Генерал-майор
Группа: Администраторы
Сообщений: 404
Репутация: 10
Статус: Offline
Taiba, Ассалому алайкум бародари исломи.Хуш омадед ба ин даргох.Ба шумо барори кор орзу дорам.

 
TaibaДата: Чумъа, 10.10.2008, 16:25 | Сообщение # 4
Полковник
Группа: Администраторы
Сообщений: 180
Репутация: 10
Статус: Offline


بسم الله الرحمن الرحيم


Саволи-1. Барои чӣ Худованд моро офаридааст?
Ҷавоби-1. Худованд моро офаридааст, то Ўро ибодат намоем ва ба Ў касе ё чизеро шарик насозем.
Худованд мефармояд:
{وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ}
[سورة الذاريات:56]
"Ҷинҳою инсонҳоро фақат барои ибодати худ офаридам". (Сураи Зориёт:56)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"حَقُّ اللَّهِ عَلَى الْعِبَادِ أَنْ يَعْبُدُوهُ وَلَا يُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا"
(متفق عليه)
"Ҳаққи Худованд бар бандагон ин аст, ки Ўро ибодат кунанд ва ба Ў касе ё чизеро шарик қарор надиҳанд". (Бухорӣ ва Муслим)
Саволи-2. Чигуна Худовандро ибодат намоем?
Ҷавоби-2. Худовандро холисона, ба он тарзе, ки Ў ва паёмбараш саллаллоҳу алайҳи ва саллам амр кардаанд, ибодат намоем.
Худованд мефармояд:
{وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ}
[سورة البيّنة:5]
"Ва амр карда нашуданд, магар ин ки Худоро холисона, дар дини ислом ибодат кунанд". (Сураи Баййина:5)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
" مَنْ عَمِلَ عَمَلًا لَيْسَ عَلَيْهِ أَمْرُنَا فَهُوَ رَدٌّ"
( رواه مسلم)
"Касе амалеро иҷро кунад, ки он амал мувофиқи амри мо нест, пас он амал номақбул аст". (Муслим)
Саволи-3. Оё Худовандро аз рўи тарсу умед ибодат кунем?
Ҷавоби-3. Оре, бояд Ўро аз дўзахаш тарсида ва ба ҷаннаташ умедвор шуда ибодат кунем.
Худованд мефармояд:
{وَادْعُوهُ خَوْفاً وَطَمَعاً}
[سورة الأعراف:56]
"Худоро бо тарсу умед ибодат кунед". (Сураи Аъроф:56)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"أَسْأَلُ اللَّهَ الْجَنَّةَ وَأَعُوذُ بِهِ مِنَ النَّارِ"
(رواه أبو داود )
"Аз Худованд биҳиштро мепурсам ва ба Ў аз азоби дўзах паноҳ меҷўям". (Абў Довуд)
Саволи-4. Эҳсон дар ибодат чист?
Ҷавоби-4. Худовандро чунон ибодат кун, ҳамчуноне, ки Ўро мебинӣ. Агар ту Ўро набинӣ Ў туро мебинад.
Худованд мефармояд:
{إِنَّ اللّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيباً}
[سورة النّساء:1]
"Ҳароина Худованд муроқиби амалҳои шумост". (Сураи Нисо:1)
Худованд мефармояд:
{الَّذِي يَرَاكَ حِينَ تَقُومُ}
[سورة الشعراء:218]
"Он зоте, ки туро мебинад, вақте ки (барои намоз) бармехезӣ".
(Сураи Шуъаро:218)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"الإحسان أَنْ تَعْبُدَ اللَّهَ كَأَنَّكَ تَرَاهُ فَإِنْ لَمْ تَكُنْ تَرَاهُ فَإِنَّهُ يَرَاكَ"
(رواه مسلم)
"Эҳсон ин аст, ки Худоро чунон ибодат намоӣ гуё ки Ўро мебинӣ. Агар ту Ўро набинӣ, Ў туро мебинад". (Муслим)
Саволи-5. Барои чӣ Худованд паёмбаронро фиристодааст?
Ҷавоби-5. Худованд паёмбаронро фиристонд, то мардумро ба ибодати Ў даъват намоянд ва онҳоро аз ширк боздоранд.
Худованд мефармояд:
{وَلَقَدْ بَعَثْنَا فِي كُلِّ أُمَّةٍ رَّسُولاً أَنِ اعْبُدُواْ اللّهَ وَاجْتَنِبُواْ الطَّاغُوتَ}
[سورة النحل:36]
"Ва ҳароина дар ҳар уммат паёмбаре фиристодем, то Худоро ибодат кунед ва аз тоғут дурӣ ҷўед". (Сураи Наҳл:36)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"الْأَنْبِيَاءُ إِخْوَةٌ ... وَدِينُهُمْ وَاحِدٌ"
(متّفق عليه)
"Паёмбарон бародаранд ва дини онҳо як аст". Яъне: Дини ҳамаи онҳо тавҳид ва ягонапарастӣ аст. (Бухорӣ ва Муслим)
 
MuslimahДата: Чумъа, 10.10.2008, 21:26 | Сообщение # 5
Adminka
Группа: Администраторы
Сообщений: 876
Репутация: 17
Статус: Offline


 
TaibaДата: Шанбе, 08.11.2008, 10:51 | Сообщение # 6
Полковник
Группа: Администраторы
Сообщений: 180
Репутация: 10
Статус: Offline

Саволи-6. Тавҳиди улуҳият чист?
Ҷавоби-6. Тавҳиди улуҳият ягона донистани Худованд дар ибодат аст. Мисли дуо ва назр ва ҳукм.
Худованд мефармояд:
{فَاعْلَمْ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ}.
[سورة محمّد:19]
"Пас яқин бидон, ки ҳеч маъбуде ҷуз Худованд нест". (Сураи Муҳаммад:19)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"فَلْيَكُنْ أَوَّلَ مَا تَدْعُوهُمْ إِلَيْهِ شهادة أَن لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ "
(متّفق عليه)
"Пас аввалин чизе, ки мардумро ба сўи он даъват мекунӣ, шаҳодати (ло илоҳа иллаллоҳ), яъне (ҳеч маъбуде ҷуз Аллоҳ таъоло нест) аст". (Бухорӣ ва Муслим)
Саволи-7. Маънои (ло илоҳа иллаллоҳ) чист?
Ҷавоби-7. Ғайр аз Аллоҳ таъоло дигар маъбуди барҳақ нест.
Худованд мефармояд:
{ذَلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ هُوَ الْحَقُّ وَأَنَّ مَا يَدْعُونَ مِن دُونِهِ الْبَاطِلُ}.
[سورة لقمان:30]
"Ин корҳо ба ин сабаб аст, ки Худованд зотест собиту барҳақ ва ончи ба ғайри Худованд мепарастанд, ботилу беасл аст". (Сураи Луқмон:30)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"مَنْ قَالَ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَكَفَرَ بِمَا يُعْبَدُ مِنْ دُونِ اللَّهِ حَرُمَ مَالُهُ وَدَمُهُ"
(رواه مسلم)
"Касе (ло илоҳа иллаллоҳ) яъне (ҳеч маъбуде ҷуз Аллоҳ таъоло нест) бигўяд ва ба худоёне, ки ғайр аз Ў парастида мешаванд, куфр варзад, молу хуни ў бар мусалмонон ҳаром мегардад". (Муслим)
Саволи-8. Тавҳиди асмо (номҳо) ва сифот (сифатҳо)-и Худованд чист?
Ҷавоби-8. Собит намудани ному сифатҳое, ки Худованд ба он худро васф намудааст ё ин ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам Худовандро ба он ному сифатҳо васф кардаанд.
Худованд мефармояд:
{لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ وَهُوَ السَّمِيعُ البَصِيرُ}.
[سورة الشُورى:11]
"Ҳеч чиз монанди Худованд нест ва Ў шунавову бино аст". (Сураи Шуро:11)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"يَنْزِلُ رَبُّنَا تَبَارَكَ وَتَعَالَى كُلَّ لَيْلَةٍ إِلَى السَّمَاءِ الدُّنْيَا"
(متّفق عَلَيْه)
"Худованди таборак ва таъоло ҳар шаб ба осмони дунё мефарояд". (Бухорӣ ва Муслим)
Фаромадани Худованд ба азамату бузургии Ў лоиқ аст. Фаромадани Ў мисли фаромадани бандагон нест. Мо кайфийяту чигунагии онро намедонем.
Саволи-9.Фоидаи тавҳид ва ягонапарастӣ барои мусалмон чист?
Ҷавоби-9. Дар дунё ба роҳи рост, ҳидоят ёфтан ва дар охират аз азоб эмин мондан аст.
Худованд мефармояд:
{الَّذِينَ آمَنُواْ وَلَمْ يَلْبِسُواْ إِيمَانَهُم بِظُلْمٍ أُوْلَـئِكَ لَهُمُ الأَمْنُ وَهُم مُّهْتَدُونَ}.
[سورة الأنعام:82]
"Касоне, ки имон оварданд ва имони худро ба ширк наёмехтанд, эминӣ барои онҳост ва онҳо ҳидоятёфтагонанд". (Сураи Анъом:82)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"حَقّ العِبادِ عَلى اللهِ أنْ لايُعَذِّبَ مَن لايُشْرِكُ بِهِ شيئاً"
(متّفق عليه)
"Ҳаққи бандагон бар Худованд ин аст, ки касе ба Ў шарик наорад, ўро дар дўзах азоб надиҳад". (Бухорӣ ва Муслим)
Саволи-10. Худованд куҷост?
Ҷавоби-10. Худованд дар осмон, дар болои арш аст.
Худованд мефармояд:
{الرَّحْمَنُ عَلَى الْعَرْشِ اسْتَوَى }.
[سورة طه:5]
"Худованди меҳрубон бар болои арш қарор дорад". (Сураи Тоҳо:5)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"إنّ اللهَ كَتَبَ كِتاباً إنّ رحمَتِي سبقت غَضَبي فَهُوَ مكتوُبٌ عِنْدَهُ فوق الْعَرش"
(رواه البخاري)
"Худованд навишт: Раҳматам аз ғазабам боло шуд. Ва он навишташуда дар назди Ў, болои арш буд." (Бухорӣ)

 
TaibaДата: Чумъа, 13.02.2009, 02:05 | Сообщение # 7
Полковник
Группа: Администраторы
Сообщений: 180
Репутация: 10
Статус: Offline

Саволи-11. Оё Худованд бо зоти худ бо мост ё бо илму доноияш бо мост?
Ҷавоби-11. Худованд ба илми худ бо мост, моро мешунавад ва мебинад.
Худованд мефармояд:
{قَالَ لَا تَخَافَا إِنَّنِي مَعَكُمَا أَسْمَعُ وَأَرَى}
[سورة طه:46]
"Худованд гуфт: Натарсед. Ман бо шумо ҳастам. Мешунаваму мебинам". (Сураи Тоҳо:46)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"إنّكُمْ تدْعُون سَمِيعاً قَرِيباً وهو مَعَكُمْ"
(رواه مسلم)
"Ҳароина шумо шунавандаи наздикро дуо мекунед ва Ў бо ҳамроҳи шумост". (Муслим)
Саволи-12. Бузургтарин гуноҳ чист?
Ҷавоби-12. Бузургтарин гуноҳ ширки акбар аст.
Худованд мефармояд:
{إِنَّ اللّهَ لاَ يَغْفِرُ أَن يُشْرَكَ بِهِ وَيَغْفِرُ مَا دُونَ ذَلِكَ لِمَن يَشَاءُ}
[سورة النساء:48]
"Худованд ширкро намебахшад ва ғайр аз ширк гуноҳони дигарро барои касе бихоҳад, мебахшад". (Сураи Нисо:48)
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро пурсиданд:
أيّ الذَنْب أعْظم؟
Бузургтарин гуноҳ кадом аст?
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҷавоб гуфтанд:
"أنْ تَدْعُوَ للهِ نِدّاً وهو خَلَقَكَ"
(رواه مسلم)
"Ин ки касе ё чизеро барои Худованд шарик созӣ, дар ҳоле ки Ў туро офаридааст". (Муслим)
Саволи-13. Ширки акбар чист?
Ҷавоби-13. Иҷро намудани ибодат барои ғайри Худо, мисли қурбонӣ кардан барои ғайри Худо, дуо ва ёрӣ талабидан аз ғайри Худо ва ғайра.
Худованд мефармояд:
{قُلْ إِنَّمَا أَدْعُو رَبِّي وَلَا أُشْرِكُ بِهِ أَحَداً}
[سورة الجن:20]
"(Эй паёмбар) бигў: "Танҳо Парвардигорамро мепарастам ва ҳеч касро ба Ў шарик намесозам". (Сураи Чин:20)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"أكْبَرُ الْكَبائر الإشْراك بِاللهِ"
(رواه البخاري)
"Бузургтарини гуноҳон, ширк овардан ба Аллоҳ таъоло аст". (Бухорӣ)
Саволи-14. Зарари ширки акбар чист?
Ҷавоби-14. Инсон ба сабаби иҷро намудани ширки акбар, дар дўзах абадӣ боқӣ мемонад.
Худованд мефармояд:
{إِنَّهُ مَن يُشْرِكْ بِاللّهِ فَقَدْ حَرَّمَ اللّهُ عَلَيهِ الْجَنَّةَ وَمَأْوَاهُ النَّارُ}
[سورة المائدة:72]
"Касе, ки ба Худованд шарик қарор диҳад, Худованд биҳиштро бар ў ҳаром мегардонад ва ҷои ў дўзах аст". (Сураи Моида:72)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"مَنْ ماتَ يُشْرِكُ بِاللهِ شَيْئاً دَخَلَ النارَ"
(رواه مسلم)
"Ҳар, ки бимирад дар ҳоле, ки ба Худованд касе ё чизеро шарик қарор диҳад, ба дўзах дохил хоҳад шуд". (Муслим)
Саврли-15. Оё амали солеҳ бо вуҷуди ширк фоидае дорад?
Ҷавоби-15. Амали солеҳ бо вуҷуди ширк ҳеч фоидае надорад.
Худованд мефармояд:
{وَلَوْ أَشْرَكُواْ لَحَبِطَ عَنْهُم مَّا كَانُواْ يَعْمَلُونَ}
[سورة الأنعام:88]
"Ва агар ба Худо ширк оваранд, албатта амалҳои онҳо нобуд шуда, аз байн меравад". (Сураи Анъом:88)
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: Худованд мефармояд:
"مَنْ عَمِلَ عَمَلاً أشرَكَ مَعي فِيهِ غَيْري تَرَكْتُهُ وَ شركَه"
(حديث قدسي، رواه مسلم)
"Касе амалеро иҷро кунад ва дар он амал ба ман касеро шарик қарор диҳад. Ман ўро ва он амали мушринонаи ўро тарк мекунам". (Ҳадиси Қудсӣ, Муслим)

 
TaibaДата: Панчшанбе, 19.02.2009, 23:43 | Сообщение # 8
Полковник
Группа: Администраторы
Сообщений: 180
Репутация: 10
Статус: Offline

Саволи-16. Оё ширк дар байни мусалмонон вуҷуд дорад?
Ҷавоби-16. Оре, афсус, ки хеле бисёр аст.
Худованд мефармояд:
{وَمَا يُؤْمِنُ أَكْثَرُهُمْ بِاللّهِ إِلاَّ وَهُم مُّشْرِكُونَ}
[سورة يوسف:106]
"Ва аксарияти онҳо ба Аллоҳ таъоло имон намеоранд, магар ин, ки мушриканд". (Сураи Юсуф:106)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"لا تَقُومُ السّاعَة حَتّى تَلْحَق َقَبائلُ مِنْ أمّتِي بِالمُشْرِكِين وَ حَتّى تعْبُد الأوْثان"
(رواه الترمذي)
"Киёмат қоим намешавад, то ин ки тоифае аз уммати ман ба мушрикон пайваст шаванд ва бутпарастӣ бикунанд". (Тирмизӣ)
Саволи-17. Ҳукми дуо хостан аз авлиё ва дўстони Худо чист?
Ҷавоби-17. Ғайр аз Худованд аз каси дагар дуо хостан, ширк аст ва иҷрокунандаи ин амал ба дўзах дохил мешавад.
Худованд мефармояд:
{فَلَا تَدْعُ مَعَ اللَّهِ إِلَهاً آخَرَ فَتَكُونَ مِنَ الْمُعَذَّبِينَ}
[سورة الشعراء:213]
"Пас бо ҳамроҳи Худованд худои дигареро дуо макун, вагарна аз ҷумлаи азобкашандагон мегардӣ".
(Сураи Шуъаро:213)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"مَنْ ماتَ وهو يَدْعُو مِن دُونِ اللهِ نِدّاً دَخَلَ النّار"
(رواه البخاري)
"Ҳар, ки бимирад дар холе, ки ба ғайри Аллоҳ таъоло худои дигареро дуо мекунад, дохили дўзах мешавад". (Бухорӣ)
Саволи-18. Оё дуо ибодат аст?
Ҷавоби-18. Оре, дуо ибодат аст.
Худованд мефармояд:
{وَقَالَ رَبُّكُمُ ادْعُونِي أَسْتَجِبْ لَكُمْ}
[سورة غافر60]
"Ва Парвардигоратон гуфт: "Ба ҷониби ман дуо кунед, то дуои шуморо қабул кунам". (Сураи Ғофир:60)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"الدّعاءُ هو العِبادة"
(رواه الترمذي)
"Дуо ибодат аст". (Тирмизӣ)
Саволи-19. Оё мурдагон дуоро мешунаванд?
Ҷавоби-19. Мурдагон дуоро намешунаванд.
Худованд мефармояд:
{إِنَّكَ لَا تُسْمِعُ الْمَوْتَى}
[سورة النمل:80]
"Ту мурдагонро шунавонида наметавонӣ". (Сураи Намл:80)
Инчунин Худованд мефармояд:
{وَمَا أَنتَ بِمُسْمِعٍ مَّن فِي الْقُبُورِ }
[سورة فاطر:22]
"Ва ту наметавонӣ сухани худро ба мурдагоне, ки дар гўр ҳастанд, бишнавонӣ". (Сураи Фотир:22)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"إنّ للهِ ملائكَة سَيّاحين فِي الأرْضِ يُبَلّغُونِي عَنْ أمّتي السّلام"
(رواه أحمد)
"Барои Худованд фариштагоне ҳастанд, ки дар рўи замин сайркунон мегарданд, то салом ва дуруди мусалмононро ба ман бирасонанд". (Аҳмад)
Саволи-20. Оё аз мурдагон ва касони ғоиб ёрӣ талабидан ҷоиз аст?
Ҷавоби-20. Бар мо ҷоиз нест, ки аз мурдагон ва ё ғоибон ёрӣ ҷўем, балки аз Худованд ёрӣ талабем.
Худованд мефармояд:
{إِذْ تَسْتَغِيثُونَ رَبَّكُمْ فَاسْتَجَابَ لَكُمْ}
[سورة الأنفال:9]
"Ҳангоме, ки аз Парвардигоратон ёрӣ хостед, дуои шуморо иҷобат намуд". (Сураи Анфол:9)
Вақте ки бар паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ғаму андўҳ бирасад, мегуфтанд:
"يا حَيّ يا قَيّوم بِرَحْمَتِكَ أستَغيث"
(رواه الترمذي)
"Эй зиндаву тадбиркунанда! Ба раҳматат аз Ту ёрӣ металабам". (Тирмизӣ)

 
TaibaДата: Душанбе, 13.04.2009, 21:59 | Сообщение # 9
Полковник
Группа: Администраторы
Сообщений: 180
Репутация: 10
Статус: Offline

Саволи-21. Оё ёрӣ талабидан аз ғайри Худо ҷоиз аст?
Ҷавоби-21. Ғайр аз Худованд аз каси дигар ёрӣ талабидан ҷоиз нест.
Худованд мефармояд:
{إِيَّاكَ نَعْبُدُ وإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ }
[سورة الفاتحة:5]
"Танҳо Туро мепарестем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷўем". (Сураи Фотиҳа:5)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"إذا سألْتَ فاسأل اللهَ وإذا اسْتَعَنْتَ فاسْتَعِنْ بِاللهِ"
(رواه الترمذي)
"Ҳаргоҳ бипурcӣ, аз Худо бипурс ва ҳаргоҳ ёрӣ хостӣ, аз Худо ёрӣ бихоҳ". (Тирмизӣ)
Саволи-22. Оё аз зиндаҳое, ки дар назди мо ҳастанд, ёрӣ талабиданамон ҷоиз аст?
Ҷавоби-22. Бале, агар зиндаҳо ба он қудрат ва тавоноӣ дошта бошанд, ҷоиз аст.
Худованд мефармояд:
{وَتَعَاوَنُواْ عَلَى الْبرِّ وَالتَّقْوَى وَلاَ تَعَاوَنُواْ عَلَى الإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ}
[سورة المائدة:2]
"Ва ҳамдигарро бар некўкорию парҳезгорӣ ёрӣ диҳед ва ҳамдигарро бар гуноҳу таҷовуз ёрӣ надиҳед". (Сураи Моида:2)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"وَاللهُ فِي عَوْنِ العَبْدِ ما دام العَبْدُ فِي عَوْنِ أخِيهِ"
(رواه مسلم)
"Худованд дар ёриву кўмаки банда аст, модоме ки банда дар ёриву кўмаки бародари мусалмони худ бошад". (Муслим)
Саволи-23. Оё назр кардан барои ғайри Худо ҷоиз аст?
Ҷавоби-23. Назр кардан барои ғайри Худо ҷоиз нест.
Худованд мефармояд:
{إِذْ قَالَتِ امْرَأَةُ عِمْرَانَ رَبِّ إِنِّي نَذَرْتُ لَكَ مَا فِي بَطْنِي مُحَرَّراً فَتَقَبَّلْ مِنِّي}
[سورة آل عمران:35]
"Зани Имрон гуфт: Эй Парвардигоро, ман назр кардам фарзанде, ки дар шикам дорам, дар роҳи хидмати Ту озод гардонам. Ин назрро аз ман бипазир". (Сураи Оли Имрон:35)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"مَنْ نَذَرَ أنْ يُطِيعَ اللهَ فَلْيُطِعْهُ وَمَنْ نَذَرَ أنْ يَعصِيَهُ فَلا يَعْصِيهِ"
(رواه البخاري)
"Касе дар фармону итоъати Худо назр кунад, пас он назрро иҷро кунад ва касе дар нофармониву маъсияти Худо назр кунад, пас он назрро анҷом надиҳад". (Бухорӣ)
Саволи-24. Оё забҳу қурбонӣ барои ғайри Худо ҷоиз аст?
Ҷавоби-24. Забҳу қурбонӣ намудан барои ғайри Худо ҷоиз нест.
Худованд мефармояд:
{فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَانْحَرْ}
[سورة الكوثر:2]
"Пас барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ кун". (Сураи Кавсар:2)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"لَعَنَ اللهُ مَنْ ذَبَحَ لِغَيْر اللهِ"
(رواه مسلم)
"Худованд лаънат кардааст, касеро, ки барои ғайри Худованд забҳу қурбонӣ мекунад". (Муслим)
Саволи-25. Оё тавоф намудан бар қабр ҷоиз аст?
Ҷавоби-25. Ғайр аз каъбатуллоҳ, ба ҳеч ҷои дигар тавоф намудан ҷоиз нест.
Худованд мефармояд:
{وَلْيَطَّوَّفُوا بِالْبَيْتِ الْعَتِيقِ}
[سورة الحج:29]
"Ва бар он хонаи қадим (каъба) тавоф кунанд". (Сураи Хаҷ:29)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"مَنْ طَافَ بِالْبَيْتِ سَبْعاً وَ صَلّى رَكْعَتَيْنِ كَانَ كَعِتْقِ رَقَبَة"
(رواه ابن ماجة)
"Касе ба хонаи каъба ҳафт маротиба тавоф кунад, сипас ду ракъат намоз хонад, монанди ин ки як ғуломеро озод карда бошад". (Ибни Моҷа)

 
TaibaДата: Душанбе, 13.04.2009, 22:05 | Сообщение # 10
Полковник
Группа: Администраторы
Сообщений: 180
Репутация: 10
Статус: Offline

Саволи-26. Оё намоз хондан дар рў ба рўи қабр ҷоиз аст?
Ҷавоби-26. Намоз ба сўи қабр ҷоиз нест.
Худованд мефармояд:
{فَوَلِّ وَجْهَكَ شَطْرَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ}
سورة البقرة:144
"Пас рўй ба ҷониби Масҷиду-л-ҳаром кун" (Сураи Бақара:144)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"لَا تَجْلِسُوا عَلَى الْقُبُورِ وَلَا تُصَلُّوا إِلَيْهَا"
(رواه مسلم)
"Бар болои қабрҳо нанишинед ва ба сўи онҳо намоз нахонед". (Муслим)
Саволи-27. Ҳукми анҷом додани сеҳру ҷоду чист?
Ҷавоби-27. Анҷом додани сеҳру ҷоду куфр аст.
Худованд мефармояд:
{وَلَـكِنَّ الشَّيْاطِينَ كَفَرُواْ يُعَلِّمُونَ النَّاسَ السِّحْرَ}
[سورة البقرة102]
"Ва лекин шайтонҳо кофир шуданд, ба мардум сеҳру ҷодуро меомўзониданд". (Сураи Бақара:102)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"اجْتَنِبُوا السَّبْعَ الْمُوبِقَاتِ: الشِّرْكُ بِاللَّهِ وَالسِّحْرُ "
(رواه مسلم)
"Аз ҳафт гуноҳи ҳалоккунанда дурӣ варзед: Ширк овардан ба Худованд, сеҳру ҷоду..." (Муслим)
Саволи-28. Оё даъвои илми ғайби фолбин ва ғайбгўро бовар кунем?
Ҷавоби-28. Суханони онҳоро дар илми ғайб бовар намекунем.
Худованд мефармояд:
{قُل لَّا يَعْلَمُ مَن فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ الْغَيْبَ إِلَّا اللَّهُ}
[سورةالنمل:65]
"(Эй Муҳаммад) бигў: Ғайр аз Худованд ҳар касе, ки дар осмонҳову замин аст, ғайбро намедонад."
(Сураи Намл: 65)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"مَنْ أَتَى كَاهِنًا أَوْ عَرَّافًا فَصَدَّقَهُ بِمَا يَقُولُ فَقَدْ كَفَرَ بِمَا أُنْزِلَ عَلَى مُحَمَّدٍ"
(صحيح رواه أحمد)
"Касе, ки назди ғайбгў ё фолбен ояд ва гуфтаҳои ўро тасдиқ кунад, ҳақиқатан ба ончие, ки ба Муҳммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам нозил шудааст, яъне: Қуръон кофир гардад." (Аҳмад)
Саволи-29. Оё касе ғайбро медонад?
Ҷавоби-29. Ғайр аз Худованд дигар касе ғайбро намедонад.
Худованд мефармояд:
{وَعِندَهُ مَفَاتِحُ الْغَيْبِ لاَ يَعْلَمُهَا إِلاَّ هُوَ}
[سورةالأنعام: 59 ]
"Калиди ғайб назди Худост. Ғайр аз Ў каси дигар онро намедонад".
(Сураи Анъом 59)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"لَا يَعْلَمُ الْغَيْبَ إِلَّا اللَّهُ"
(رواه البخاري)
"Ғайр аз Худованд дигар касе ғайбро намедонад". (Бухорӣ)
Саволи-30. Ба чӣ чиз мусалмон бояд ҳукм намояд?
Ҷавоби-30. Бар мусалмон воҷиб аст, ки ба Қуръону ҳадиси паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳукм намояд.
Худованд мефармояд:
{وَأَنِ احْكُم بَيْنَهُم بِمَا أَنزَلَ اللّهُ}
[سورة المائدة:49]
"Ва ту (эй паёмбар) ба он чӣ Худованд бароят нозил кардааст, дар байни мардум ҳукм намо. (Сураи Моида:49 )
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"الله هو الحكم واليه المصير"
(حسن أبو داود)
"Худованд Ў ҳукмкунанда аст, ва ба сўи Ў бозгашт аст". (Абў Довуд)

 
Сухбат-Форум » Китобхона-библиотека-كتابخانه-المكتبه » Китобхои Исломи бо забони точики » АҚИДАИ ҲАР МУСАЛМОН (54 САВОЛ ВА ҶАВОБ)
Страница 1 из 212»
Поиск:


Copyright MyCorp © 2009
Сайт управляется системой uCoz