| Fotima | Дата: Чумъа, 02.01.2009, 08:28 | Сообщение # 1 |
 Подполковник
Группа: муслима
Сообщений: 112
Репутация: 6
Статус: Offline
| Ба шумо лозим аст: 500-700 грамм пряник, 2-3 дона банан, 2 дона хурма, 50-70 грамм чормағз. Барои крем: 200 грамм равғани маска, 1 истакон шакар, 2 истакон саршир. Барои глазури рўи торт: 2-3 қошуқ саршир, 50 грамм равғани маска, 3 қошуқ шакар, 2-3 қошуқ какао. Тарзи тайёр кардани он: пряникҳоро аз байн ба ду тақсим кунед, Хурмо, бананро борик доирашкал реза кунед. Чормағзро майда кунед. Як чанд донаи чормағзро барои ороиш нигоҳ доред. Тарзи тайёр кардани крем: равғани маскаро бо миксер лат диҳед. Мунтазам ба даруни он шакар ҳамроҳ кунед ва нағзакак лат диҳед. баъдан онро кофта истода бa дарунaш саршир резед ва то ғафс шудани он лат диҳед. Пряникҳои аз байн буридаро гирифта ба даруни ҳар яки онҳо крем молед вa ба рўи табақ чинед. Аз болои он хурмо чинед, аз болои хурмо боз як қабат пряники дар крем таршударо чинед, аз болои он чормағи майдашударо пошед ва банан чинед. Аз болои банан боз як қабат пряник чинед ва аз болои он глазури шоколадӣ резед ва бо чормағз оро диҳед. Торти тайёршударо ба яхдон гузоред. Тарзи тайёр кардани глазур: зарфи алоҳидаро ба рўи алав гузошта ба даруни он равғани маска, шакар, саршир ва какаоро андозед.Онро то ҷўш бароварданаш нигоҳ дошта баъдан хунук кунед.
БА НОМИ ХУДОИ ЧАХОНОФАРИН ХАКИМИ СУХАН ДАР ЗАБОН ОФАРИН
|
| |
|
|