| Нахудшурбо Махсулот: 500 грамм гушти гусфанд ё гов, 250 грамм пиёз, 200 грамм сабзи, 1-1,5 истакон нахуд, 3-4 дона барги горф, помидор, 1 бандча кабуди, мувофики табъ намак ва мурч лозим аст. Тарзи тайёр намудани он: як руз пеш нахудро дар оби ширгарм тар карда монед. Гушти гусфанд ё говро реза карда ба деги обдор андозед ва пас аз чушиданаш кафки руи дегро гирифта, нахуди тар кардаро андозед. Оби дегро бояд якзайл охиста чушида истад. Як соат пеш аз пухтани гушт бехпиёзи реза карда, сабзии бутун, помидор ё дар зимистон помидори хушк, барги горф андохта, болои дегро пушед ва суст чушонед. Сипас 20 дакика пеш аз пухтани нахудшурбо ба он мурчи куфта ва адвиётро андозед. Ба он картошкаро низ андохтан мумкин аст. Нахудшурборо ба косахо кашида, аз болояш кабуди резед. Ба шурбо шалгам низ андохтан мумкин аст.
|