ҶАВОБИ САВОЛИ РАҚАМИ: 2.
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.
Ҳамду сано ба Парвардигори олам ва дуруду салом ба паёмбари акрам ва ба олу асҳоби эшон.
Аммо баъд: Мўй зинати марду зан аст. Зебогии зан дар мўи сар ва зебогии мард дар риш аст. Ислом ба эҳтиром ва тоза нигаҳ доштани мўй тарғибу ташвиқ намудааст. Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят омадааст, ки мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:
"مَنْ كَانَ لَهُ شَعْرٌ فَلْيُكْرِمْهُ". (رواه أبو داود).
"Касе мўй дошта бошад, бояд мўи худро эҳтиром кунад". (Ривояти Абудовуд).
Мўи сар ин зебогии зан ва дар он зинати рўй аст. Зане, ки мўй дошта бошад, дар назди марум мадҳ карда мешавад. Мўй ороишу пардозҳои зиёде дорад. Бояд зани мусалмон мўи дароз дошта бошад ва аз занони кофиру фоҳиша фарқе дошта бошад. Вале агар дар шустушўи мўи дароз машаққат кашида истода бошад, ё онро бурида дар назди шавҳар худро зинат медода бошад, дар ин ҳолат буридани мўи сари зан дурусту ҷоиз аст.
Зеро аз Абусалама ибни Абдурраҳмон ривоят аст, ки гуфт:
"وَكَانَ أَزْوَاجُ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَأْخُذْنَ مِنْ رُءُوسِهِنَّ حَتَّى تَكُونَ كَالْوَفْرَةِ". (رواه مسلم.(
"Ва ҳамсарони Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз мӯи сари худ мегирифтанд, (яъне мўйҳои хешро бурида кўтоҳ мекарданд) то ин ки мӯи сарашон ба нармаи гӯш мерасид". (Ривояти Муслим).
Зане, ки мўи худро буридани аст, бояд ба амрҳои зерин риъоя кунад:
1. Мўи худро мисли мўи мардон паст карда, худро ба мардон монанд насозад. Чунки монанд сохтани зан, ба мард ё акс, яке аз гуноҳҳои бузург аст.
Аз Абдуллоҳ ибни Аббос разияллоҳу анҳумо ривоят шудааст, ки мегўяд:
"لَعَنَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ الْمُتَشَبِّهِينَ مِنْ الرِّجَالِ بِالنِّسَاءِ وَالْمُتَشَبِّهَاتِ مِنْ النِّسَاءِ بِالرِّجَالِ ". (رواه البخاري).
"Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам мардоне, ки худро ба занон монанд мекунанд ва заноне, ки худро ба мардон монанд мекунанд, лаънат кардааcт". (Ривояти Бухорӣ).
2. Мўи худро мисли мўи занони кофир ё фосиқ ё фоҳиша бурида, худро ба онон монанд насозад.
Зеро паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:
" مَنْ تَشَبَّهَ بِقَوْمٍ فَهُوَ مِنْهُمْ". (رواه أبو داود).
"Касе худро ба қавме монанд кунад, пас ў аз ҷумлаи онҳо аст". (Ривояти Абудовуд).
Аммо ранг намудани мўи сар бошад, ба ғайри ранги сиёҳ ба дигар рангҳо мўи сарро ранг намудан ҷоиз аст.
Аз Ҷобир разияллоҳу анҳу ривоят шудааст, ки мегўяд: Дар рўзи фатҳи Макка Абуқуҳоқа, падари Абубакр разияллоҳу анҳуро ба назди паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам оварданд, дар ҳоле, ки мўй ва риши Абуқуҳофа сап-сафед буд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:
" غيروا هذا بشيء واجتنبوا السواد". (رواه مسلم).
"Мўи сафеди ўро бо ягон чизе ( ганг намуда) тағир бидиҳед ва аз ганги сиёҳ дур шавед". (Ривояти Муслим).
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:
" إِنَّ الْيَهُودَ وَالنَّصَارَى لَا يَصْبُغُونَ فَخَالِفُوهُمْ". (متفق عليه).
"Албатта яҳуд ва насоро (мўйҳои сафеди худро) ранг намекунанд. Пас шумо ононро хилоф намоед". (Ривояти Бухорӣ Муслим).
Сафедии мўи сар ва ришро бо ҳино ва нил ранг кардан мустаҳаб аст.
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои тағйири мӯи сафеди сару риш ба истифодаи ҳинову нил амр карда аст:
"إِنَّ أَحْسَنَ مَا غُيِّرَ بِهِ هَذَا الشَّيْبُ الْحِنَّاءُ وَالْكَتَمُ". (رواه أبوداود والترمذي والنسائ وأحمد).
"Беҳтарин чизе ки бо он мӯи сафед тағйир дода мешавад, ҳино ва нил аст". (Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ ва Насоӣ ва Аҳмад).
Бояд гуфт, ки ҳино аз ҷониби тиббӣ барои инсон фоидаҳои зиёд дорад ва паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳиноро бисёр истифода мекардаанд, чунончӣ, саҳобии гиромӣ Абурамса Рифоа ибни Ясрибӣ мегўяд:
" انْطَلَقْتُ مَعَ أَبِي نَحْوَ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَإِذَا هُوَ ذُو وَفْرَةٍ بِهَا رَدْعُ حِنَّاءٍ وَعَلَيْهِ بُرْدَانِ أَخْضَرَانِ".
"Ҳамроҳи падарам ба сӯи Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам равон шудам ва дидам, ки мӯйсараш то нармаи гӯш расидаву бо ҳино олуда аст ва бар (тани) ӯ ду ридои сабз буд". (Ривояти Абудовуд).
Зан ё марде ки мўи сарашро ранг мекунад, бояд бидонад, ки он ранге, ки истифода мебарад, агар дар болои мўй табақае ба вуҷуд ораду нагузорад, ки ҳангоми ғусл ё таҳорат об ба мўй расад, ғуслу таҳораташ дуруст нест, то ин ки он моддаро аз мўяш дур кунад.
Агар ба мўяш ҳино ё ранге карда бошад, ки он ранг монеъи расидани об ба мўй нагардад, намоз хонданаш равост ва ҳеҷ ишколе дар ин кор дида намешавад ва дар вузӯи онҳо ҳеҷ таъсире надорад.
Аммо масъалаи чидани абрў бошад, яке аз бузургтарини гуноҳ аст. Ин амал гуноҳи кабира аст.
Аз ибни Масъуд омадааст, ки гуфт:
"لعن الله ... النامصات والمتنمصات". (أخرجه الشيخان وأصحاب السنن وغيرهم من حديث ابن مسعود) .
"Худованд лаънат кунад ... касонеро ки қошу абрў мечинанд ва касоне ки қошу абрўи онон чида мешавад". (Ривояти Бухорӣ ва Муслим ва асҳоби сунан аз ҳадиси Абдуллоҳ ибни Масъуд).
Худо донотар аст.
Ва салому дуруди Худо бар паёмбари Худо ва бар олу ёрони ӯ бод!