Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон Ҳамду сано ба парвардигори олам ва дуруду салом ба паёмбари акрам ва ба олу асҳобашон. Аммо баъд: Ин китобе, ки хонандаи азиз дар даст дорад, китоби "Акидаи ҳар мусалмон" навиштаи Муҳаммад ибни Чамили Зайну аст. Муаллиф дар ин китоб тавҳид ва аксоми он ва ширк ва хатарҳои он ва дигар масъалаҳои ақидавиро баён намуданд. тавҳид ва аксоми он ва ширк ва хатарҳои он ва дигар масъалаҳои ақидавиро баён намуданд. Аз Худованд хоҳонам, ин китобро мавриди истифода қарор диҳад ва онро холис бар вачҳи худ бигардонад.
بسم الله الرحمن الرحيم
Саволи-1. Барои чи Худованд моро офаридааст? Чавоби-1. Худованд моро офаридааст, то Ўро ибодат намоем ва ба Ў касе ё чизеро шарик насозем. Худованд мефармояд: "و ما خلقت الجنّ و الإنس إلاّ ليعبدون" [سورة الذاريات:56] "Чинҳою инсонҳоро фақат барои ибодати худ офаридам". (Сураи Зориёт:56) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "حق الله على العباد أن يعبدوه و لا يشركوا به شيئاً" (متفق عليه) "Ҳаққи Худованд бар бандагон ин аст, ки Ўро ибодат кунанд ва ба Ў касе ё чизеро шарик қарор надиҳанд". (Бухори ва Муслим) Саволи-2. Чигуна Худовандро ибодат намоем? Чавоби-2. Худовандро холисона ба он тарзе, ки Ў ва паёмбараш саллаллоҳу алайҳи ва саллам амр кардаанд, ибодат намоем. Худованд мефармояд: "و ما أمروا إلاّ ليعبدوا الله مخلصين له الدين" [سورة البيّنة:5] "Ва амр карда нашуданд, магар ин ки Худоро холисона, дар дини ислом ибодат кунанд". (Сураи Баййина:5) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "من عمل عملاً ليس عليه أمرنا فهو ردّ" ( رواه مسلم) "Касе амалеро ичро кунад, ки он амал мувофиқи амри мо нест, пас он амал номақбул аст". (Муслим) Саволи-3. Оё Худовандро аз рўи тарсу умед ибодат кунем? Чавоби-3. Оре, Ўро аз дўзахаш тарсида ва ба чаннаташ умедвор шуда ибодат мекунем. Худованд мефармояд: "وادعوه خوفاً و طمعاً" [سورة الأعراف:56] "Худоро бо тарсу умед ибодат кунед". (Сураи Аъроф:56) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "أسأل الله الجنّة وَ أعوذُ بِهِ مِن النّار" (رواه أبو داود ) "Аз Худованд биҳиштро мепурсам ва ба Ў аз азоби дўзах паноҳ мечўям". (Абў Довуд) Саволи-4. Эхсон дар ибодат чист? Чавоби-4. Худовандро чунон ибодат кун, хамчуноне, ки Ўро мебини. Агар ту Ўро набини Ў туро мебинад. Худованд мефармояд: "إنّ الله كان عليكم رقيباً" [سورة النّساء:1] "Ҳароина Худованд муроқиби амалҳои шумост". (Сураи Нисо:1) Худованд мефармояд: "الّذي يَراك حين تقوم" [سورة الشعراء:218] "Он зоте, ки туро мебинад, вакте, ки (барои намоз) бармехези". (Сураи Шуъаро:218) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "الإحسان أن تعبد الله كأنّك تراه فإن لم تكن تراه فإنّه يراك" (رواه مسلم) "Эҳсон ин аст, ки Худоро чунон ибодат намои гуё, ки Ўро мебини. Агар ту Ўро набини Ў туро мебинад". (Муслим) Саволи-5. Барои чи Худованд паёмбаронро фиристодааст? Чавоби-5. Худованд паёмбаронро фиристонд, то мардумро ба ибодати Ў даъват намоянд ва онҳоро аз ширк боздоранд. Худованд мефармояд: "ولقد بعثنا في كلِّ أمَّةٍ رَسُولاً أن اعبُدُوا الله وَاجْتنِبُوا الطَّاغُوت" [سورة النحل:36] "Ва ҳароина дар ҳар уммат паёмбаре фиристодем, то Худоро ибодат кунед ва аз тоғут дури чуед". (Сураи Наҳл:36) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "والأنبياء إخوَةٌ و دينهُمْ واحِدٌ" (متّفق عليه) "Паёмбарон бародаранд ва дини онҳо як аст". Яъне: Дини ҳамаи онҳо тавҳид ва ягонапарасти аст. (Бухори ва Муслим) Саволи-6. Тавҳиди улуҳият чист? Чавоби-6. Тавҳиди улуҳият ягона донистани Худованд дар ибодат аст. Мисли дуо ва назр ва ҳукм. Худованд мефармояд: "فاعلم أنّه لا إلهَ إلاّ الله" [سورة محمّد:19] "Пас яқин бидон, ки хеч маъбуде чуз Худованд нест". (Сураи Муҳаммад:19) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "فليكن أوّل ما تدعوهم إليه شهادة أنْ لا إله إلاّ الله" (متّفق عليه) "Пас аввалин чизе, ки мардумро ба сўи он даъват мекуни, шаҳодати ло илоҳа иллаллоҳ, яъне ҳеч маъбуде чуз Аллоҳ таъоло нест". (Бухори ва Муслим) Саволи-7. Маънои "Ло илоҳа иллаллоҳ" чист? Чавоби-7. Ғайр аз Аллоҳ таъоло дигар маъбуди барҳақ нест. Худованд мефармояд: "ذلك بأنّ الله هو الحقّ و أنّ ما يدعون من دونه الباطل" [سورة لقمان:30] "Ин корҳо ба ин сабаб аст, ки Худованд зотест собиту барҳақ ва ончи ба ғайри Худованд мепарастанд, ботилу беасл аст". (Сураи Луқмон:30) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "من قال لا إله إلاّ الله و كفر بما يعبد من دونه حَرُمَ مالُهُ و دمُهُ" (رواه مسلم) "Касе (Ло илоҳа иллаллоҳ) яъне: (Ҳеч маъбуде чуз Аллоҳ таъоло нест) бигўяд ва ба худоёне, ки ғайр аз Ў парастида мешаванд, куфр варзад, молу хуни ў бар мусалмонон ҳаром мегардад". (Муслим) Саволи-8. Тавҳиди асмо (номҳо) ва сифот (сифатҳо)-и Худованд чист? Чавоби-8. Собит намудани ному сифатҳое, ки Худованд ба он худро васф намудааст ё ин ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам Худовандро ба он ному сифатҳо васф кардаанд. Худованд мефармояд: "ليس كَمِثلِهِ شيءٌ و هوَ السميعُ البصير" [سورة الشُورى:11] "Ҳеч чиз монанди Худованд нест ва Ў шунавову бино аст". (Сураи Шуро:11) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "ينزل ربّنا تبارَكَ وَ تَعالى فِي كلِّ ليلةٍ إلى السماء الدُنْيا" (متّفق عَلَيْه) "Худованди таборак ва таъоло ҳар шаб ба осмони дунё мефарояд". (Бухори ва Муслим) Фаромадани Худованд ба азамату бузургии Ў лоиқ аст. Фаромадани Ў мисли фаромадани бандагон нест. Мо кайфийяту чигунагии онро намедонем. Саволи-9.Фоидаи тавҳид ва ягонапарасти барои мусалмон чист? Чавоби-9. Дар дунё ба роҳи рост, ҳидоят ёфтан ва дар охират аз азоб эмин мондан аст. Худованд мефармояд: "الّذين آمنُوا و لَمْ يلبسوا إيمانَهم بِظامٍ أولئكَ لَهُم الأمنُ و هم مهتَدُون" [سورة الأنعام:82] "Касоне, ки имон оварданд ва имони худро ба ширк наёмехтанд, эмини барои онҳост ва онҳо ҳидоятёфтагонанд". (Сураи Анъом:82) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "حَقّ العِبادِ عَلى اللهِ أنْ لايُعَذِّبَ مَن لايُشْرِكُ بِهِ شيئاً" (متّفق عليه) "Ҳаққи бандагон бар Худованд ин аст, ки касе, ки ба Ў шарик наорад, ўро дар дўзах азоб надиҳад". (Бухори ва Муслим) Саволи-10. Худованд кучост? Чавоби-10. Худованд дар осмон, дар болои арш аст. Худованд мефармояд: "الرَّحمنُ عَلى الْعرشِ اسْتَوى" [سورة طه:5] "Худованди меҳрубон бар болои арш қарор дорад". (Сураи Тоҳо:5) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "إنّ اللهَ كَتَبَ كِتاباً إنّ رحمَتِي سبقت غَضَبي فَهُوَ مكتوُبٌ عِنْدَهُ فوق الْعَرش" (رواه البخاري) "Худованд китоберо навишт, ки он раҳматам аз ғазабам боло шуд. Ва он навишташуда дар нашди Ў, болои арш буд." (Бухори) Саволи-11. Оё Худованд бо зоти худ бо мост ё бо илму доноияш бо мост? Чавоби-11. Худованд ба илми худ бо мост, моро мешунавад ва мебинад. Худованд мефармояд: "قالَ لا تَخافا إنّني مَعَكُما أسْمَعُ و أرى" [سورة طه:46] "Худованд гуфт: Натарсед. Ман бо шумо ҳастам. Мешунаваму мебинам". (Сураи Тоҳо:46) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "إنّكُمْ تدْعُون سَمِعاً قَرِيباً وهو مَعَكُمْ" (رواه مسلم) "Ҳароина шумо шунавандаи наздикро дуо мекунед ва Ў бо ҳамроҳи шумост".(Муслим) Саволи-12. Бузургтарин гуноҳ чист? Чавоби-12. Бузургтарин гуноҳ ширки акбар аст. Худованд мефармояд: "إنَّ الله لا يَغْفِرُ أنْ يُشْرَكَ بِهِ وَيَغْفِرُ ما دُونَ ذلكَ لِمَن يَشاء" [سورة النساء:48] "Худованд ширкро намебахшад ва ғайр аз ширк гуноҳони дигарро барои касе бихоҳад, мебахшад". (Сураи Нисо:48) Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро пурсиданд: أيّ الذَنْب أعْظم؟ Бузургтарин гуноҳ кадом аст? Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар чавоб гуфтанд: "أنْ تَدْعُوَ للهِ نِدّاً وهو خَلَقَكَ" (رواه مسلم) "Ин ки барои Худованд касе ё чизеро шарик сози, дар ҳоле, ки Ў туро офаридааст". (Муслим) Саволи-13. Ширки акбар чист? Чавоби-13. Ичро намудани ибодат барои ғайри Худо, мисли қурбони кардан барои гайри Худо, дуо ва ёри талабидан аз ғайри Худо ва ғайра. Худованд мефармояд: "قُلْ إنّما أدْعُوا رَبّي ولا أشْرِكُ بِهِ أحَداً" [سورة الجن:20] "(Эй паёмбар) бигў: "Танҳо парвардигорамро мепарастам ва ҳеч касро ба Ў шарик намесозам"". (Сураи Чин:20) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "أكْبَرُ الْكَبائر الإشْراك بِاللهِ" (رواه البخاري) "Бузургтарини гуноҳон ширк овардан ба Аллоҳ таъоло аст". (Бухори) Саволи-14. Зарари ширки акбар чист? Чавоби-14. Инсон ба сабаби ичро намудани ширки акбар, дар дузах абади боқи мемонад. Худованд мефармояд: "إنّهُ مَنْ يُشْرِكْ باللهِ فَقَدْ حَرَّمَ اللهُ علَيْهِ الجَنّةَ وَمَأواه النار" [سورة المائدة:72] "Касе, ки ба Худованд шарик қарор дихад, Худованд бихиштро бар ў ҳаром мегардонад ва чои ў дўзах аст". (Сураи Моида:72) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "مَنْ ماتَ يُشْرِكُ بِاللهِ شَيْئاً دَخَلَ النارَ" (رواه مسلم) "Ҳар, ки бимирад дар ҳоле, ки ба Худованд касе ё чизеро шарик қарор дихад, ба дўзах дохил хоҳад шуд". (Муслим) Саврли-15. Оё амали солеҳ бо вучуди ширк фоидае дорад? Чавоби-15. Амали солеҳ бо вучуди ширк ҳеч фоидае надорад. Худованд мефармояд: "ولوْ أشركوا لَحَبِطَ عَنْهُمْ ما كانُوا يَعْمَلُون" [سورة الأنعام:88] "Ва агар ба Худо ширк оваранд, албатта амалҳои онхо нобуд шуда аз байн меравад". (Сураи Анъом:88) Паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам гуфтанд: Худованд мефармояд: "مَنْ عَمِلَ عَمَلاً أشرَكَ مَعي فِيهِ غَيْري تَرَكْتُهُ وَ شركَه" (حديث قدسي رواه مسلم) "Касе, амалеро ичро кунад ва дар он амал ба ман касеро шарик қарор диҳад. Ман ўро ва он амали мушринонаи ўро тарк мекунам". (Ҳадиси Қудси Муслим) Саволи-16. Оё ширк дар байни мусалмонон вучуд дорад? Чавоби-16. Оре, афсус, ки хеле бисёр аст. Худованд мефармояд: "وَما يُؤمِنُ أكثَرُهُمْ بِاللهِ إلاّ وَ هُمْ مُشْركوُن" [سورة يوسف:106] "Ва аксарияти онҳо ба Аллоҳ таъоло имон намеоранд, магар ин, ки мушриканд". (Сураи Юсуф:106) Инчунин паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам мефармоянд: "لا تَقُومُ السّاعَة حَتّى تَلْحَق َقَبائلُ مِنْ أمّتِي بِالمُشْرِكِين وَ حَتّى تعْبُد الأوْثان" (رواه الترمذي) "Киёмат коим намешавад, то ин ки тоифае аз уммати ман ба мушрикон пайваст шаванд ва бутпарасти бикунанд". (Тирмизи) Саволи-17. Хукми талаби дуо аз авлиё ва дустони Худо чист? Чавоби-17. Гайр аз Худованд аз каси дагар талаби дуо кардан ширк аст ва ичрокунандаи ин амал ба дузах дохил мешавад. Худованд мефармояд: "فلا تَدْعُ مَعَ اللهِ إلهاً آخَرَ فَتَكُون مِنَ الْمُعَذبِين" [سورة الشعراء:213] "Пас бо ҳамроҳи Худованд худои дигареро дуо макун, вагарна аз чумлаи азобкашандагон мегарди". (Сураи Шуъаро:213) Инчунин паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам мефармоянд: "مَنْ ماتَ وهو يَدْعُو مِن دُونِ اللهِ نِدّاً دَخَلَ النّار" (رواه البخاري) "Хар, ки бимирад дар холе, ки ба гайри Аллох таъоло худои дигареро дуо мекунад, дохили дузах мешавад". (Бухори) Саволи-18. Оё дуо ибодат аст? Чавоби-18. Оре, дуо ибодат аст. Худованд мефармояд: "وقالَ رَبّكُمُ ادْعُونِي أسْتَجبْ لَكُمْ" [سورة غافر60] "Ва Парвардигоратон гуфт: "Ба чониби ман дуо кунед, то дуои шуморо кабул кунам"". (Сураи Гофир:60) Инчунин паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам мефармоянд: "الدّعاءُ هو العِبادة" (رواه الترمذي) "Дуо ибодат аст". (Тирмизи) Саволи-19. Оё мурдагон дуоро мешунаванд? Чавоби-19. Мурдагон дуоро намешунаванд. Худованд мефармояд: "إنّكَ لا تُسْمِعُ المَوْتى" [سورة النمل:80] "Ту мурдагонро шунавонида наметавони". (Сураи Намл:80) Инчунин Худованд мефармояд: "وَما أنْتَ بِمُسْمِعٍ مَنْ فِي القُبُور" [سورة فاطر:22] "Ва ту наметавони сухани худро ба мурдагоне, ки дар гўр ҳастанд, бишнавони". (Сураи Фотир:22) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "إنّ للهِ ملائكَة سَيّاحين فِي الأرْضِ يُبَلّغُونِي عَنْ أمّتي السّلام" (رواه أحمد) "Барои Худованд фариштагоне хастанд, ки дар руи замин сайркунон мегарданд, то салом ва дурури мусалмононро ба ман бирасонанд". (Ахмад) Саволи-20. Оё аз мурдагон ва касони ғоиб ёри талабидан чоиз аст? Чавоби-20. Бар мо чоиз нест, ки аз мурдагон ва ё ғоибон ёри чуем, балки аз Худованд ёри талабем. Худованд мефармояд: "إذ تَسْتَغِيثُون رَبّكم فاسْتَجابَ لَكُمْ" [سورة الأنفال:9] "Хангоме, ки аз Парвардигоратон ёри хостед, дуои шуморо ичобат намуд". (Сураи Анфол:9) Вакте, ки бар паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам ғаму андўҳ бирасад, мегуфтанд: "يا حَيّ يا قَيّوم بِرَحْمَتِكَ أستَغيث" (رواه الترمذي) "Эй зиндаву тадбиркунанда! Ба рахматат аз Ту ёри металабам". (Тирмизи) Саволи-21. Оё ёри талабидан аз ғайри Худо чоиз аст? Чавоби-21. Ғайр аз Худованд аз каси дигар ёри талабидан чоиз нест. Худованд мефармояд: "إيّاكَ نَعْبُدُ وإيّاكَ نَسْتَعِينُ" [سورة الفاتحة:5] "Танҳо Туро мепарестем ва танҳо аз Ту ёри мечўем". (Сураи Фотиха:5) Инчунин паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам мефармоянд: "إذا سألْتَ فاسأل اللهَ وإذا اسْتَعَنْتَ فاسْتَعِنْ بِاللهِ" (رواه الترمذي) "Ҳаргоҳ бипурси, аз Худо бипурс ва ҳаргоҳ ёри хости, аз Худо ёри бихоҳ". (Тирмизи) Саволи-22. Оё аз зиндахое, ки дар назди мо хастанд, ёри талабиданамон чоиз аст? Чавоби-22. Бале, агар зиндаҳое, ки ба он кудрат ва тавонои дошта бошанд, чоиз аст. Худованд мефармояд: "وَتَعاوَنُوا عَلى البِرّ و التّقوى وَلا تَعَاوَنُوا عَلى الإثْمِ والعُدوان" [سورة المائدة:2] "Ва хамдигарро бар некукорию пархезгори ёри дихед ва ҳамдигарро бар гуноху тачовуз ёри надихед". (Сураи Моида:2) Инчунин паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам мефармоянд: "وَاللهُ فِي عَوْنِ العَبْدِ ما دام العَبْدُ فِي عَوْنِ أخِيهِ" (رواه مسلم) "Худованд дар ёриву кўмаки банда аст, модоме, ки банда дар ёриву кўмаки бародари мусалмони худ бошад". (Муслим) Саволи-23. Оё назр кардан барои гайри Худо чоиз аст? Чавоби-23. Назр кардан барои гайри Худо чоиз нест. Худованд мефармояд: "رَبّ إنّي نَذرْتُ لَكَ ما فِي بَطْنِي مُحَرّراً فَتَقَبّلْ مِنّي" [سورة آل عمران:35] "Эй Парвардигоро, ман назр кардам фарзанде, ки дар шикам дорам, дар рохи хидмати Ту озод гардонам. Ин назрро аз ман бипазир". (Сураи Оли Имрон:35) Инчунин паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам мефармоянд: "مَنْ نَذَرَ أنْ يُطِيعَ اللهَ فَلْيُطِعْهُ وَمَنْ نَذَرَ أنْ يَعصِيَهُ فَلا يَعْصِيهِ" (رواه البخاري) "Касе дар фармону итоъати Худо назр кунад, пас он назрро ичро кунад ва касе дар нофармониву маъсияти Худо назр кунад, пас он назрро анчом надихад". (Бухори) Саволи-24. Оё забху курбони барои гайри Худо чоиз аст? Чавоби-24. Забху курбони намудан барои гайри Худо чоиз нест. Худованд мефармояд: "فَصَلّ لِرَبّكَ وَانْحَرْ" [سورة الكوثر:2] "Пас барои Парвардигорат намоз бихон ва курбони кун". (Сураи Кавсар:2) Инчунин паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам мефармоянд: "لَعَنَ اللهُ مَنْ ذَبَحَ لِغَيْر اللهِ" (رواه مسلم) "Худованд лаънат кардааст, касеро, ки барои гайри Худованд забху курбони мекунад". (Муслим) Саволи-25. Оё тавоф намудан бар кабр чоиз аст? Чавоби-25. Ғайр аз каъбатуллох, ба хеч чои дигар тавоф намудан чоиз нест. Худованд мефармояд: "وَلْيَطَوّفُوا بِالْبَيْتِ الْعَتِيق" [سورة الحج:29] "Ва бар он хонаи кадим (каъба) тавоф кунанд". (Сураи Хач:29) Инчунин паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам мефармоянд: "مَنْ طَافَ بِالْبَيْتِ سَبْعاً وَ صَلّى رَكْعَتَيْنِ كَانَ كَعِتْقِ رَقَبَة" (رواه ابن ماجة) "Касе ба хонаи каъба хафт маротиба тавоф кунад, сипас ду ракъат намоз хонад, монанди ин ки як гуломеро озод карда бошад". (Ибни Моча) Саволи-26. Оё намоз хондан дар ру ба руи кабр чоиз аст? Чавоби-26. Намоз ба суи кабр чоиз нест. Худованд мефармояд: "فولّ وجهك شطر المسجد الحرام" ] سورة البقرة:144[ "Пас руй ба чониби Масчиду-л-харом кун" (Сураи Бакара:144) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "لا تجلسوا على القبور, و لا تصلوا إليها" (رواه مسلم) "Бар болои қабрҳо нанишинед, ва ба сўи онҳо намоз нахонед". (Муслим) Саволи-27. Хукми анчом додани сеҳру чоду чист? Чавоби-27. Анчом додани сеҳру чоду куфр аст. Худованд мефармояд: "و لكن الشياطين كفروا يعلمون الناس السحر". [سورة البقرة102] "Ва лекин шайтонҳо кофир шуданд, ба мардум сеҳру чодуро меомўзониданд" (Сураи Бақара:102) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "اجتنبوا السبع الموبقات :الشرك باالله, و السحر..." (رواه مسلم) "Аз ҳафт гуноҳи ҳалок кунанда дури варзед: Ширк овардан ба Худованд, сеҳру чоду..." (Муслим) Саволи-28. Оё даъвои илми ғайби фолбин ва ғайбгўро бовар кунем? Чавоби-28. Суханони онҳоро дар илми ғайб бовар намекунем. Худованд мефармояд: "قل و لا يعلم من في السماوات و الأرض الغيب الا الله". [سورةالنمل:65] "(Эй Муҳаммад) бигў: Ғайр аз Худованд ҳар касе, ки дар осмонҳову замин аст, ғайбро намедонад." (Сураи Намл: 65). Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "من أتي عرافا او كاهنا فصدقه بما يقول فقد كفر بما انزل علي محمد". (صحيح رواه أحمد) "Касе, ки назди ғайбгў ё фолбен ояд ва гуфтаҳои ўро тасдиқ кунад, ҳақиқатан ба ончие ки ба Муҳммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам назил шудааст, яъне: Қуръон кофир гардад." (Аҳмад) Саволи-29. Оё касе ғайбро медонад? Чавоби-29. Ғайр аз Худованд касе ғайбро намедонад. Худованд мефармояд: "و عنده مفانح الغيب لا يعلمها الا هو". [سورةالأنعام: 59 ] "Калиди ғайб назди Худост. Ғайр аз Ў каси дирар онро намедонад". (Сураи Анъом 59) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "لا يعلم الغيب الا الله". (حسن رواه الطبراني) "Ғайр аз Худованд касе ғайбро намедонад". (Табарони) Саволи-30. Ба чи чиз мусалмон бояд хукм намояд? Чавоби-30. Бар мусалмон вочиб аст, ки ба Қуръону ҳадиси паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳукм намояд. Худованд мефармояд: "و ان احكم بينهم بما انزل الله". [سورة المائدة:49] "Ва ту (эй паёмбар) ба он чи Худованд бароят нозил кардааст, дар байни мардум ҳукм намо. (Сураи Моида:49 ) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "الله هو الحكم واليه المصير". (حسن ابو داود) "Худованд Ў Ҳукмкунанда аст, ва ба сўи Ў бозгашт аст". (Абў Довуд) Саволи-31. Ҳукми амал ба қонунҳое, ки мухолифи ислом аст, чист? Чавоби-31. Агар онро чоиз бидонад, амал ба он куфр аст. Худованд мефармояд: "و من لم يحكم بما انزل الله فأولئكهم الكافرون". (سورة المائدة:49) "Ва касе, ки мувофиқи ончи, ки Худованд нозил кардааст, ҳукм накунад, аз чумлаи кофирон гардад". (Сураи Моида: 49) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "و ما لم يحكم أئمتهم بكتاب الله ...الا جعل الله باسهم بينهم". (حسن رواه ابن ماجة) "Модоме, ки сардоронашон бо китоби Худованд ҳукм накунанд, Худованд балою мусибатҳоро дар байни онҳо қарор медиҳад". (Ибни Моча) Саволи-32. Оё қасам хўрдан ба ғайри Худо чоиз аст? Чавоби-32. Қасам хўрдан ба ғайри Худо чоиз нест. Худованд мефармояд: "قل بلي و ربي لتبعثن". [سورة التغابن:7] "(Эй расули мо) ба онҳо бигў: Оре ба Парвардигорам қасам, ки албатта бори дигар зинда карда мешавад." (Сураи Тағобун: 7) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "من حاف بغير الله فقد أشرك". (صحيح رواه أحمد) "Касе, ки ба ғайри Худо қасам хўрад ба таҳқиқ ба Худованд ширк овардааст". (Аҳмад) Саволи-33. Оё овехтани тамима ва тумор ва дигар чизҳо барои шифо чоиз аст? Чавоби-33. Овехтани ин чизҳо чоиз нест. Зеро ин амал ширк аст. Худованд мефармояд: "و ان يمسسك الله بضر فلا كاشف له الا هو" [سورة الأنعام:17] "Ва агар Худованд ба ту зарареро бирасонад, ҳеч кас ғайр аз Худованд он зарарро дафъ карда наметавонад". (Сураи Анъом:17) Инчунин паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам мефармоянд: "من علق تميمة فقد أشرك" (صحيح رواه أحمد) ҒКасе, ки тмоимеро овезон кунад, таҳқиқ ба Худованд ширк овардааст". (Аҳмад) Саволи-34. Ба чи чиз ба суи Худованд васила (восита) чуем? Чавоби-34. Ба номхову сифатхои Худо ва ба амали солех ба Худованд, васила бикунем. Худованд мефармояд: "و لله الاسماء الحسني فادعوه بها" [سورة الأعراف:180] "Барои Худованд номҳом некў аст. Пас Худовандро бо он номҳо дуо кунед". (Сураи Аъроф: 180) Инчунин паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам мефармоянд: "أسأل بكل اسم هو لك سميت به نفسك" (صحيح رواه أحمد) "Ба ҳар номе, ки азони ту аст ва худро ба он номидаи, аз ту талабу дархост мекунам". (Аҳмад) Саволи-35. Оёо дуо ба восита шудани банда эҳтиёч дорад? Чавоби-35. Дуо ба васита шудани банда эҳтиёч надорад. Худованд мефармояд: "وأذا سالك عبادي عني فإني قريب أجيب دعوة الداع إذا دعان" [سورة البقرة:186] "Ва чун бандагони Ман аз дур ва наздикии Манро аз ту бипурсанд, бидонанд, ки Ман ба онҳо наздик ҳастам, дуои дуокунандаро вақте, ки Маро дуо кунад, қабул менамоям". (Сураи Ба:қара:186) Инчунин паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам мефармоянд: "إنكم تدعون سميعا قريبا و هو معكم" [أي بعلمه يسمعكم و يراكم] (رواه مسلم) "Ҳаhоина шумо шунавандаи наздакеро дуо мекунаед ва ў бо ҳамроҳи шумост. (Муслим) яъне: Бо илми худ, бо ҳамроҳи шумост. Шуморо мешунавадe мебинад. Саволи-36. "يا ايها الرسول بلغ ما انزل اليك من ربك" [سورة المائدة:67] "Эй паёмбар, ончиеро, ки аз чониби парвардигорат бар ту нозил шудааст, ба мардуи бирасон". (Сураи Моида:67) Инчунин паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам мефармоянд: اللهم اشهد [جوابا لقول الصحابة نشهد أنك قد بلغت] (مسلم) Вакте, ки баъзни саҳобагон гуфтанд, ки эй паёмбар шумо динро ба мо расонидед. Паёмбар (с) дар чавоб гуфтанд: "Худовандо гувоҳ шав". Саволи-37. Аз ки шафоъати паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам биталабем? Чавоби-37. Аз Худовагд шафоъати паёмбарро саллаллоху алайхи ва саллам талаб намо. Худованд мефармояд: قل لله الشفاعة جميعا [سورة الزمر:44] Бигў: Ҳамаи шафоъатҳо азони Худост (Сураи Зумар:44). Инчунин паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам мефармоянд: اللهمّ شفّعه في (رواه الترمزي و قال حديث دسن) Худовандо бароям паямбарро шафоъаткунанда бигардон. (Муслим). Саволи-38. Чигуна Худо ва паёмбарашро дўст дорем? Чавоби-38. Ба сабаби фармонбардори ва пайравии амрҳои Худову расул, Худованд ва паёмбарашро дўст медорем. Худованд мефармояд: قل ان كنت تحبون الله فأتبعوني يحببكم الله [سورة آل عمران :31] (Эй паёибар) бигў: Агар Худоро дўст доред маро пайрави кунед, то Худо шуморо дўст дорад (Сураи Оли Имрон) Инчунин паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам мефармоянд: لا يؤمن احدكم حتي أكون أحبّ إليه من والده وولده و الناس أجمعين (رواه ابلخارى) Имони яке аз шумо комил намешавад, то ин,ки маро аз падару фарзанд ва тамоми мардум бештар дўст надоред....(Бухори) Саволи-39. Оё чомз аст, ки паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам –ро таърифу тавсиф намоем? Чавоби-39. Чоиз нест, ки дар таърифу тавсиф паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам муболиғаву зиёдрави кунем. Худованд мефармояд: قل انّما انا بشر مثلكم يوحي إليّ انّما إلهكم إله واحد [سورة الكهف :110] (Эй паёибар) бигў: Ман инсон ҳастам мисли шумо, ки ба ман ваҳй мешавад, ки Худои шумо Худои яккаву ягона аст. (Сураи Каҳф:110) Инчунин паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам мефармоянд: لا تطروني كما أطرن النصاري ابن مريم فإنّما أنا عبد فقولوا عبد الله و رسوله (البخاري) Маро зиёда таърифу тавсиф надунед. Чуноне, ки насрониҳо Исо писари Марямро зиёда мадҳу ситоиш намуданд.Ман мисли шумо банда ҳастам. Бигўед: Бандаи Худо ва фиристодаи Ў. Саволи-40. Худованд аввал чиро офарид? Чавоби-40. Аз башар (инсоният) Одам (алайҳисалом) ва аз чизҳо қаламро офарид. Худованд мефармояд: إذ قال ربك للملائكة إنّي خالق بشرا من طين [سورة ص :71] Чун парвардигорат ба фариштагон гуфт: Ман башармятро аз гил меофаринам. (Сураи Сод:71) Инчунин паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам мефармоянд: إنّ أوّل ما خلق الله القلم (رواه أبو داود و الترمزي و قال حسن صحيح) Аввлин чизе, ки Худованд офарид қалам аст (Абў Довуд ва Тирмизи) Саволи-41. Худованд Муҳаммад саллаллоху алайҳи ва салламро аз чи чиз офарид? Чавоби-41. Худованд Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро аз нутфа офарид. Худованд мефармояд: "هو الذي خلقكم من تراب ثم من نطفة". [سورة غافر:67] "Ўст Худое, ки шуморо аз хок, сипас аз нутфа офарид". (Сураи Ғофир:67) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "إن أحدكم يجمع خلقه في بطن أمّه أربعين يوما نطفة..." (متفق عليه) "Ҳамоно халқияти якеи шумо дар шиками модараш чиҳил рўз нутфа аст". (Бухори ва Муслим) Саволи-42. Ҳукми чиҳод дар роҳи Худованд чист? Чавоби-42. Чиҳод дар роҳи Худованд бо молу чон ва забон вочиб аст. Худованд мефармояд: "إنفروا خفافا و ثقالا و جاهدوا بأموالكم و انفسكم". [سورة التوبة:41] "Бар чиҳод сабукбору гаронбор берун шавед ва дар роҳи Худо бо молу чон чиҳод кунед". (Сураи Тавба:41) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "جاهدوا المشركين باموالكم و انفسكم و السنتكم". (صحيح رواه أبو داود) "Мушрконро бо молу чон ва забони худ чиҳод намоед". (Абў Довуд) Саволи-43. Валою дўсти бо мўъминон чи гуна аст? Чавоби-43. Мўъминони яктопарастонро дўст дошта ба онҳо ёриву кўмак намудан аст. Худованд мефармояд: "و المؤمنون و المؤمنات بعضهم أولياء بعض". [سورة التوبة:71] "Мардону занони мўъмин ҳама ёру дўстони якдигаранд" (Тавба: 71) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "المؤمن للمؤمن كالبنيان يشد بعضه بعضا" (رواه مسلم) "Мўъмин ба бародари мўъмини худ, монанди биноест, ки баъзеи он баъзеи дигарро мустаҳкам нигаҳ медорад". (Муслим) Саволи-44. Оё ба кофрон дўсти кардан ва ба онҳо кўмак намудан, чоиз аст? Чавоби-44. Ба кофрон дўсти кардан ва ба онҳо кўмак намудан, чоиз нест. Худованд мефармояд: "و من يتولهم منكم فإنّه منهم". [سورة المائدة:51] "Ва ҳар касе аз шумо кофиронро дўст гирад, пас ў аз чумлаи онҳо аст". (Сураи Моида: 51) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "إنّ آل بني فلان ليسوا لي بأولياء" (لأنهم من الكفار) (متقف عليه) "Ҳамоно хонаводаи бани фалон, ки кофир ҳастанд, ба ман дўст нестанд". (Бухори ва Муслим) Саволи-45. Дўсти Худо кист? Чавоби-45. Мўъмини тақвокору парҳезкор, дўсти Худо аст. Худованд мефармояд: "الآ إنّ اولياء الله لا خوف عليهم و لا هم يحزنون الذين آمنوا و كانوا يتّقون". [سورة يونوس :62-63] "Огоҳ бошед, ки ба дўстони Худо ҳеч тарсе нест ва на онҳо ғамгин мешаванд. Онҳо касонеанд, ки имон овардаанд ва парҳезкори мекарданд". (Сураи Юнус: 62-63) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "إنّما وليّي الله و صالح المؤمنين". (متفق عليه) "Худованд ва мўъминони солеҳ дўсти мананд". (Бухори ва Муслим) Саволи-46. Барои чи Худованд Қуръонро нозил кард? Чавоби-46. Худованд Қуръонро нозил кард, то ба он амал намоем. Худованд мефармояд: "إتبعوا ما أنزل إليكم من ربكم و لا تتبعوا من دونه أولياء". [سورة الأعراف :3] "Аз он чи аз чониби парвардигоратон бароятон нозил шудааст, пайрави кунед ва ғайр аз Худованд дўстонро (дар маъсияти Худо) пайрави нанамоед". (Сураи Аъроф:3) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "اقرووا القران واعملو به ولا تأكلوا به و لا تستكثروا به" (صحيح رواه أحمد) "Қуръонро бихонед ва ба он амал кунед ва ба воситаи он моли мардумро нахуред ва ба он молу сарват чамъ накунед". (Аҳмад) Саволи-47. Оё чоиз аст, ки ҳадисро тарк намуда танҳо ба Қуръон амал кунем? Чавоби-47. Чоиз нест, ки ҳадисро тарк намуда танҳо ба Қуръон амал кунем. Худованд мефармояд: "و أنزلنا إليك الذكر لتبيّن للناس ما نزّل إليهم". [سورة النحل:44] "Ва бар ту Қуръонро нозил кардем, то ончиеро, ки барои мардум нозил шудааст, баён куни". (Сураи Наҳл: 44) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "الآ و أنّي اوتيت القران و مثله معه". ( صحيح رواه أبو داود) "Огоҳ бошед ҳамоно ба ман Қуръон ва монанди он, яъне ҳадис дода шуд". (Абў Довуд) Саволи-48. Оё чоиз аст, ки сухани касеро аз сухани Худову паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам муқаддаму бартар дорем? Чавоби-48. Не, набояд сухани касеро аз сухани Худову паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам муқаддам дорем. Худованд мефармояд: "يا ايّها الذين آمنوا لا تقدموا بين يدي الله و رسوله ". [سورة الحجرات:1] "Эй мўъминон, дар назди Худову паёмбар (дар амру наҳй) пешдасти накунед". (Сураи Ҳучурот:1) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "لا طاعة لأحد في معصية الله إنّما الطاعة في المعروف". ( متفق عليه) "Итоат кардани ҳеч кас дар маъсияти Худованд чоиз нест. Балки итоат дар корҳои нек аст". (Бухори ва Муслим) Саволи-49. Агар дар масалае ихтилоф намоем, чи кунем? Чавоби-49. Ба Қуръони Карим ва ҳадиси саҳеҳ рўй оварем. Худованд мефармояд: "فإن تناعتم في شيء فردّوه إلي الله و الرسول". [سورة النساء:59] "Ва агар дар чизе ихтилоф кардед, ба ҳукми Худову паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам ручўъ кунед". (Сураи Нисо:52) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "تركت فيكم أمرين لن تضل ما تبمسكنم بهما: كتب الله و سنة رسوله". (صحيح لغيره رواه مالك) "Ман барои шумо ду чизро гузоштаам, ки агар ба он ду чанг бизанед, ҳаргиз гумроҳ нахоҳед шуд, ки он китоби Худо, Қуръон ва суннати паёмбари Ў аст". (Молик) Саволи-50. Бидъат дар дин чист? Чавоби-50. Бидъат ҳар чизест, ки дар Қуръони Карим ва ҳадиси саҳеҳ, бар он амал далеле собит нашуда бошад. Худованд мефармояд: "أم لهم شركاء شرعوا لهم من الدين ما لم يأذن به الله" [سورة الشورى:21] "Оё барои мушрикон маъбудону бутонест, ки шаръу аҳкоме барояшон овардаанд, ки Худо ба он рухсату ичозат надодааст?" (Сураи Шуро: 21) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "من أحدث في أمرنا هذا ما ليس منه فهو ردّ". (متفق عليه) "Касе дар дин амали наверо пайдо кунад, ки он амал аз дин набошад, пас он амал мардуду номақбул аст". (Бухори ва Муслим) Саволи-51. Оё дар дин бидъати ҳасана (нек) вучуд дорад? Чавоби-51. Дар дини ислом бидъати ҳасана (нек) вучуд надорад. Худованд мефармояд: "الإسلام اليوم أكملت لكم دينكم و أتممت عليكم نعمتي و رضيت لكم دينا" [سورة المائدة:3] "Имрўз дини шуморо ба камол расонидам ва неъмати худро бар шумо тамом кардам ва барои шумо исломро дин пазируфтам". (Сураи Моида: 3) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "إياكم و محدثات الأمور فإن كل محدثة بدعة و كل بدعة ضلالة" ( صحيح رواه أبو داود) "Аз он чизе, ки дар дин нав пайдо шудааст, бупареҳезед. Зеро ҳар чизи нав пайдо шуда дар дин, бидъат аст. Ва ҳар бидъат гумроҳи аст". (Саҳеҳ Абў Довуд) Саволи-52. Оё дар дини ислом суннати ҳасана (нек) вучуд дорад? Чавоби-52. Оре вучуд дорад. Мисли касе, ки як кори некеро ичро намояд, то мардум ба ў иқтидо кунанд.
Худованд мефармояд: "واجعلنا للمتقين إماما". [سورة الفرقان:74] "Ва моро (дар анчом додани амалҳои хайр) бар парҳезгорон пешвою намуна бигардон". (Сураи Фурқон: 74) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "من سنّ في الإسلام سنة حسنة فله أجرها و أجر من عمل بها من بعده". (رواه مسلم) "Касе, ки дар дини ислом суннати ҳасанаеро чори намояд, пас ба ў ачру савоб дода мешавад, ва ҳар, ки ба он суннат, баъди ў амал кунад, ба ў мисли ачру савоби ичрокунанда, ачру савоб дода мешавад". (Муслим) Саволи-53. Оё инсон ба ислоҳи нафси худ кифояги бикунад? Чавоби-53. Бар инсон лозим аст, ки нафси худ ва инчунин аҳлу оилаи худро ислоҳ намояд. Худованд мефармояд: "يا ايها الذين آمنوا قوا انفسكم و اهليكم نارا". [سورة التحريم:6] "Эй мўъминон, нафсҳои худ ва хонаводаи худро аз оташи дўзах нигаҳ доред". (Сураи Таҳрим: 6) Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайхҳи ва саллам мефармоянд: " إن الله تعالي سائل كل راع عما إسترعاه أ حفظ ذلك أم ضيعه؟". (حسن رواه النسائي) "Аллоҳ Таъоло ҳар сардорро аз сардорию вазифааш мепурсад. Оё онро ҳифз намуд ё зоеъ кард?" (Насои) Саволи-54. Чи вақт мусалмонон пирўзу ғолиб мешаванд? Чавоби-54. Агар ба Қуръону ҳадис амал бикунанд. Худованд мефармояд: "يا ايها الذين آمنوا إن تنصرالله ينصركم و يثبت أقدامكم". [سورة محمد:7] "Эй мўъминон, агар Худоро ёри диҳед, Худо ҳам шуморо ёри медиҳад ва қадамҳоятонро устувор мегардонад". (Сураи Муҳаммад:7)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: "لا تزال طائفة من أمتي منصرون". (صحيح رواه إبن ماجة) "Ҳамеша гурўҳе аз уммати ман пирўзу нусратёфтаанд". (Ибни Моча)
" За всякое утомление, недуг, заботу, печаль, страдание и скорбь, постигшие мусульманина, и даже за уколовшую его колючку Аллах будет прощать ему его прегрещения".